Орун Афшор ва Муҳсин Иброҳимзода ба Тоҷикистон меоянд. Консерти онҳо кай ва дар куҷо мегузарад?

Орун (Арон) Афшор ва Муҳсин Иброҳимзода, ду сарояндаи маъруфи эронӣ моҳи декабр ба Тоҷикистон омада, дар пойтахти кишвар консерт доир мекунанд. Орун Афшор охири моҳи декабр вориди Душанбе шуда, ба иттилои “Borbad Production”, ки ширкати масъули сафари Орун Афшор аст, рӯзи 30-юми декабр дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев консерт доир мекунад. Тибқи иттилои масъулин, […]

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Орун (Арон) Афшор ва Муҳсин Иброҳимзода, ду сарояндаи маъруфи эронӣ моҳи декабр ба Тоҷикистон омада, дар пойтахти кишвар консерт доир мекунанд.

Орун Афшор охири моҳи декабр вориди Душанбе шуда, ба иттилои “Borbad Production”, ки ширкати масъули сафари Орун Афшор аст, рӯзи 30-юми декабр дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев консерт доир мекунад.

Тибқи иттилои масъулин, консерт соати 17:00 оғоз гардида, арзиши чипта вобаст ба ҷои нишаст аз 400 то 600 сомонӣ аст.

Ҳамчунин дар назар аст, ки Муҳсин Иброҳимзода, сарояндаи дигари маъруфи эронӣ низ ба Тоҷикистон ояд. Эълони баргузории консерти ӯ низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мечархад.

Яке аз масъулини фурӯши чиптаи консерти Муҳсин Иброҳимзода, ин иттилоъро тасдиқ карда гуфт, ҳоло фурӯши чиптаҳо идома дорад.

Ба иттилои манбаъ, Муҳсин Ибороҳимзода рӯзи 20-уми декабр, соати 17:00 дар “Кохи Суруш” консерт доир мекунад. Арзиши чипта барои консерти ӯ низ аз 400 то 600 сомонӣ будааст.

Бояд гуфт, Орун Афшор 27 сол дошта, аз сарояндагони маъруфи Эрон аст ва дар Тоҷикистон низ маҳбубият дорад. Таронаҳои “Ҷонам бош”, “Бовар накун”, “Шаби рӯёӣ”, “Дарди ширин”-и ӯ аз маҳбубияти хоса бархурдоранд.

Ӯ соли 2021 низ дар Тоҷикистон буд ва дар “Фестивали тобистонаи Душанбе – 2021” ҳунарнамоӣ карда буд.

Муҳсин Ибороҳимзода низ дар Тоҷикистон маҳбуб аст. Таронаҳои “Ишқи ширин”, “Девонаҷон” ва “Ту рафтӣ” аз зумраи маъруфтарин таронаҳояш буда, дар консерт садо хоҳанд дод.

Ин бори аввал нест, ки овозхонҳои шинохтаи Эрону Афғонистон дар Тоҷикистон консерт доир мекунанд. Маъмулан дар остонаи ҷашнҳои Наврӯзу Соли нав ва ё идҳои дигар ҳофизони ин кишварҳои ҳамзабон ба Тоҷикистон меоянд ва шомҳои мусиқӣ доир мекунанд.

Аз ҷумла чанде пеш Фарҳод Дарё ва Ориёно Саид, ду сарояндаи маъруфи афғонистонӣ бо ҳофизони Тоҷикистон шоми мусиқӣ баргузор карданд. Пештар аз ин, Андӣ Мададиён низ дар пойтахти кишвар консерт баргузор карда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.