Арон Афшор ва Юлдуз Усмонова ба Тоҷикистон меоянд

Дар шаҳри Душанбе бо иштироки сарояндагони машҳури шарқ Арон Афшор, Ҳамид Ҳирод, Юлдуз Усмонова ва сарояндаҳои Тоҷикистон  “Фестивали тобистонаи Душанбе – 2021 (Dushanbe summer Fest – 2021)”  баргузор мегардад. Дар ин бора, ба “Азия плюс” аз шаҳрдории Душанбе хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, фестифал бо ибтикори шаҳрдории Душанбе рӯзҳои 25-26 сентябри соли равон дар маҷмааи […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Дар шаҳри Душанбе бо иштироки сарояндагони машҳури шарқ Арон Афшор, Ҳамид Ҳирод, Юлдуз Усмонова ва сарояндаҳои Тоҷикистон  “Фестивали тобистонаи Душанбе – 2021 (Dushanbe summer Fest – 2021)”  баргузор мегардад. Дар ин бора, ба “Азия плюс” аз шаҳрдории Душанбе хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, фестифал бо ибтикори шаҳрдории Душанбе рӯзҳои 25-26 сентябри соли равон дар маҷмааи “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт гузаронида мешавад.

– Он бо мақсади ҷалби сайёҳон ва муаррифии Душанбе ҳамчун шаҳри дорои имкониятҳои сайёҳӣ дар доираи эълон гардидани шаҳри Душанбе “Пойтахти сайёҳии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ – 2020-2021” ва “Пойтахти фарҳангии ИДМ – 2021” бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад,- гуфт манбаъ.

Гуфта мешавад, ки дар фестивал ташкилу баргузории барномаҳои шоу-консерт, хӯрокҳо ва хӯришҳои лазиз, шириниҳо ва обҳои ташнашикан, бозиҳои шавқовари варзишиву зеҳнӣ, озмуну викторинаҳо, бозиҳои сиркӣ ва театрӣ, парвоз дар кураҳои ҳавоӣ ва дигар чорабинии сайёҳиву фароғатӣ дар назар дошта шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.