Идомаи “шикори хлопушка”. Боз ду нафарро бо гумони фурӯши маводи тарфгарӣ боздошт кардаанд

Asia-Plus

Вазорати корҳои дохилии кишвар аз боздошти ду ҷавони дигар бо гумони фурӯши ғайриқонунии маводи тарфгарӣ ("хлопушка" ва "салют") иттилоъ дода, гуфтааст, алайҳи онҳо бо иттиҳоми “муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ” парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст.

Аз ҷумла, дирӯз, 8-уми декабр пулиси Душанбе аз боздошти Меҳрубон Абдурасулов ном сокини 21-солаи пойтахт иттилоъ додаааст. Манбаъ гуфт, аз ӯ 15 ҳазору 300 дона маводи тарфгарӣ бо навиштаҷоти “Трения” дарёфт ва мусодира шудааст.

Пулиси Душанбе мегӯяд, “бо мақсади оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 199, иловаи 1 Кодекси ҷиноятӣ (муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ), тафтишоти пешакӣ идома дорад”. Ин банди қунун то 37 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима ё ду сол ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ пешбинӣ мекунад.

Ҳамчунин, сомонаи ВКД навиштааст, ки рӯзи 5-уми декабр дар Балҷувон ҷавони 32-сола ҳангоми фурӯши маводи тарфгарӣ дар мағозаи хӯроквории “Усмонҷон” дастгир шудааст. Манбаъ менависад, ки аз мағозаи ӯ 70 қуттӣ, ки дар дохили ҳар яке 10 қуттичаи дорои 45 “капсула”-и тарфгарӣ мавҷуд буд, дарёфт ва мусодира шудааст.

Нисбати боздоштшуда бо қисми 2-и моддаи 199 (иловаи 1)-и Кодекси ҷиноӣ бо иттиҳоми “муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ) ба миқдори калон”  парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. Ин банди қунун то 37 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима ё ду сол ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ пешбинӣ мекунад.

Мақомот бори дигар аз шаҳрвандон талаб кардаанд, ки барои пешгирии истифодаи ғайриқонунии маводи тарфгарӣ ба мақомот мусоидат кунанд.

Бояд гуфт, мавсими мусодираи маводҳои тарфгарӣ ё ба иcтилоҳи маъмул “шикори хлопушка” дар Тоҷикистон дар соли ҷорӣ оғоз шуда, мақомот қаблан низ аз боздошти як ҷавон ба фурӯши маводи тарфгарӣ хабар дода буд.

Бояд гуфт, ки бо наздик шудани ҷашни Соли нав садои “хлопушка”-ву “салют”-ҳо фазои ороми атрофро халадор мекунанд. Алоқамандони чунин амалҳо бештар кӯдакону наврасонанд, ки аз “таркиш”-и чунин мавод “илҳом” мегиранд ва хурсандӣ мекунанд. Барои бархеҳо садои ин “таркишҳо” писанд несту шикоят мекунанд, аммо бархеи дигар инро мояи хушиву хурсандии кӯдакон медонанд.

Дар гузашта мақомот дар мавриди паёмадҳои таркиши маводҳои тарфгарӣ, ба мисли сӯхтор ва захмӣ шудан одамон хабар дода буданд. Мақомот мегӯянд, маҳз ҳамин чиз сабаб шуд, ки воридот ва истифодаи онро дар кишвар манъ кунанд.

Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазоҳо пешбинӣ шудааст, дар ин маводи мо хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...