“Google” ва “Apple” ба корбарони худ дар Тоҷикистон дар бораи ҳамлаҳои сайберӣ ҳушдор додаанд

Ширкатҳои бузурги “Google” ва “Apple” ба садҳо корбари худ дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла Тоҷикистон огаҳӣ фиристодаанд, ки мавриди ҳамлаи сейберӣ ё хакерӣ қарор гирифтаанд, менависад хабаргузории “Ройтерз”. Ширкати “Google” рӯзи 3-юми декабр хабар дод, ки ҳамла тавассути нармафзори ҷосусии “Intellexa” ба садҳо ҳисоб ё “акаунт” -и корбарон дар  Тоҷикистон, Покистон, Қазоқистон, Ангола, Миср, Ӯзбекистон ва Арабистони Саудӣ сурат гирифтааст. […]

Идибеки Саид, махсус барои Asia-Plus

Ширкатҳои бузурги “Google” ва “Apple” ба садҳо корбари худ дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла Тоҷикистон огаҳӣ фиристодаанд, ки мавриди ҳамлаи сейберӣ ё хакерӣ қарор гирифтаанд, менависад хабаргузории “Ройтерз”.

Ширкати “Google” рӯзи 3-юми декабр хабар дод, ки ҳамла тавассути нармафзори ҷосусии “Intellexa” ба садҳо ҳисоб ё “акаунт” -и корбарон дар  Тоҷикистон, Покистон, Қазоқистон, Ангола, Миср, Ӯзбекистон ва Арабистони Саудӣ сурат гирифтааст.

“Google” гуфтааст, ки “Intellexa” ширкати ҷосусии сайбериест, ки “маҳдудиятҳоро давр мезанад ва корашро идома медиҳад”.

Ҳамчунин, ширкати “Apple” низ 2-юми декабр ба корбарони худ дар 150 кишвар аз мавҷи нави ҳамлаҳо огоҳӣ фиристодааст. Аммо ҳеҷ гуна маълумоти иловагӣ дар бораи ҳамла ва шумораи корбарони мавриди ҳамла қароргирифта пешниҳод накардааст.

Intellexa – ширкати хусусиест, ки ба таҳияи нармафзорҳои ҷосусӣ машғул мебошад. Он соли 2019 аз ҷониби афсари собиқи истихбороти ҳарбии Исроил, Тал Дилиан таъсис ёфтааст. Ширкати мазкурро системае бо номи “Predator” бештар муаррифӣ кард, ки онро сохторҳои давлатӣ барои рахнаи ноаёни смартфонҳо истифода мебаранд, шарҳ медиҳад хабаргузории "Фарғона".

Насби системаи “Predator”, аз ҷумла тавассути рекламаҳои онлайнӣ ба ҳамлагарон имкони назорати пурраи дастгоҳи қурбониёнро медиҳад. Он имкон медиҳад, ки бидуни огоҳии соҳиби дастгоҳ ба паёмрасонҳои рамзгузоришуда, мисли “Signal” ва “WhatsApp” дастрасӣ пайдо шавад, камера ва микрофон истифода гардад, маҳалли ҷойгиршавӣ пайгирӣ ва рамзҳо ба даст оварда шаванд.

Тибқи маълумотҳои ифшошуда, кормандони “Intellexa” метавонанд ба системаҳои муштариёни худ ва ба маълумоти ҷамъовардаи онҳо дастрасии фосилавӣ дошта бошанд.

Соли 2024 ИМА алайҳи “Intellexa” таҳримҳо ҷорӣ карда, ширкатро дар истифодаи технологияи худ бар зидди мансабдорони амрикоӣ ва рӯзноманигорон муттаҳам карда буд.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ иддао мекунанд, ки таҳияҳои “Intellexa” барои пайгирии мухолифон ва фаъолон дар як қатор кишварҳо, аз ҷумла Қазоқистон ва Миср истифода шудаанд. Бо мақсади давр задани маҳдудиятҳо, ширкат дар кишварҳои гуногун шабакаи мураккаби сохторҳои ҳуқуқиро ба роҳ мемонад.

Коршиносон ба корбарон маслиҳат медиҳанд, ки ҳангоми гузаштан ба истинодҳои ношинос, боргирии файлҳо ва ҳангоми кушодани рекламаҳои онлайнӣ аз манбаъҳои ношинос эҳтиёткор бошанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.