Боздошти як мард дар Ҳамадонӣ бо гумони лутукӯби ҳамсараш, ки ба марг оварда расонидааст

Asia-Plus

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон (ВКД) аз боздошти як сокини ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон хабар медиҳад, ки ба латукӯби ҳамсараш, ки оқибат ба марги зан оварда расонидааст, гумонбар аст. Ин ниҳод мегӯяд, ин мард занашро бо мушту лагад ва чӯбдаст (калтак) задааст.

ВКД аз зану шавҳар ном набурдааст ва танҳо ишора кардааст, ки ҳодиса рӯзи 5-уми декабр рух дода, марди 49-сола "ба далели нофаҳмӣ дар зиндагӣ", бо ҳамсари 46-солааш даъво карда, ӯро “бо дасту пойҳо ва калтакчӯб” мавриди латукӯб қарор додааст.

Ба гуфтаи манбаъ, дар натиҷаи ин ҳодиса, вазъи саломатии ҷабрдида бад шуда, пас аз як рӯз дар манзили истиқоматиаш ба ҳалокат расидааст.

Ин ниҳод, рӯзи 9-уми декабр навишт, ки алайҳи ин мард бо гумони “қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ” (моддаи 110 қисми КҶ) парванди ҷиноӣ боз кардаанд. Бар асоси ин иттиҳом, ба гумонбар аз 8 то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.

Ба иттилои ВКД, боздоштшуда қаблан бо иттиҳоми “…гирифта гаштани силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш” (моддаи 195, қисми 2) ва дуздӣ (моддаи 244, қисми 2) суд шудааст.

Назари боздоштшуда дар робита ба ин қазия дастрас нест.

Куштори ҳамсар аз дасти шавҳар дар Тоҷикистон ҳаводиси нав нест. Моҳи марти имсол ду ҳодисаи куштори занон аз сӯи шавҳаронашонро мақомот расонаӣ карда буданд. Вале натиҷаи додгоҳи онҳо расонаӣ нашудааст. Дертар, моҳи майи имсол Мақсудҷон Ҳасанов, як сокини ноҳияи Деваштич, ки ба куштори ҳамсар ва хушдоманаш (модари занаш) гумонбар буд, бо ҳукми Додгоҳи вилояти Суғд 25 сол равонаи зиндон шуд. 

Дар ҳамин ҳол, Бунафша Файзиддинзода, раиси Кумитаи занон ва оилаи Тоҷикистон дар нишасти матбуотии моҳи феврал соли равон гуфта буд, ки соли гузашта 3 ҳазору 246 ҷиноят нисбати занону духтарон содир шудааст. 

Ба иттилои расмӣ, дар соли 2024-ум дар Тоҷикистон 2 ҳазору 652 шикоят аз сӯи занон аз болои мардон барои хушунат ва зӯроварӣ ба унвонии Кумитаи кор бо занон ва оилаи кишвар ворид шуда буд. Ин ҳолат нисбат ба соли 2023-юм 84 ҳолат бештар аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...