Мазҳаб Ҷумъа, муҳаррири “Азия-Плюс” барандаи ҷоиза – “Барои мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дар рӯзноманигорӣ” шуд

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Созмони ҷамъиятии "Идораи ҳифзи ҳуқуқи инсон ва риояи қонун" барандагони ҷоизаҳояш дар самти ҳуқуқи инсонро дар соли 2025 эълон кард. Мазҳаб Ҷумъа, муҳаррир ва рӯзноманигори бахши тоҷикии хабаргузории “Азия-Плюс” дар бахши “Барои мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дар рӯзноманигорӣ” ғолиб дониста шуд.

Ҷоиза рӯзи 9-уми декабр ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон (10 декабр) аз сӯи Татяна Туркан, роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Тоҷикистон ба муҳаррири мо супорида шуд.

Мазҳаб Ҷумъа таҷрибаи 15 соли кор дар рӯзноманигориро дошта, аз соли 2021 дар “Азия-Плюс” фаъолият мекунад. Ӯ як сол пеш муҳаррири бахши тоҷикии хабаргузории “Азия-Плюс” таъин гардид.

Ӯ дар гузашта ҳамчун рӯзноманигор дар нашрияи “Самак”-у” Фараж” (“Фараҳ”) – и Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ва нашрияи “Боҷу хироҷ”-и Кумитаи андози Тоҷикистон кор кардааст.

Дар соли 2021 тадқиқоти рӯзноманигории ҳаммуаллифии ӯ бо номи “Марг дар соли 2020 афзоиш ёфт. 4 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз чӣ фавтиданд?” дар озмуни рӯзноманигорони минтақаи “Осиёи Марказӣ” – “Ҷоизаи MediaCAMP – 2021“ сазовори ҷойи аввал гардида буд.

Мазҳаб Ҷумъа соли 2021 ҷоизаи “Тадқиқоти журналистӣ” ба номи Ҷумъабой Толибовро соҳиб шуда буд.

Дирӯз, ҳамчунин, Таҳмина Ҳайдарова, ҳуқуқшиноси тоҷик ва роҳбари ташкилоти “Шабакаи  заноне, ки бо ВНМО зиндагӣ мекунанд”, “Беҳтарин ҳомии ҳуқуқи инсон дар соли 2025” дониста шуд.

Дар бахши “Барои саҳми махсуси созмони иҷтимоӣ дар пешбурди ҳуқуқи инсон” ташкилоти ҷамъиятии “Корвони Умед” ғолиб эълон шуд.

Бояд гуфт, ки “Идораи ҳифзи ҳуқуқи инсон ва риояи қонун” аз соли 2009 инҷониб ҷоизаҳои худро дар бахши ҳифзи ҳуқуқи инсон эҳдо мекунад. Ҷоизаҳо ҳар сол ба донишмандон, фаъолони иҷтимоӣ ва сиёсӣ, рӯзноманигорон ва намояндагони созмонҳои ҳуқуқи башари Тоҷикистон тақдим мегардад.

Маросими ҷоизасупорӣ бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо ва Дафтари ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон бо ширкати сафирони Олмон, Фаронса, Британияи Кабир, намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ  ва рӯзноманигорон баргузор шуд. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...