Мақомот аз боздошти як гурӯҳи ҷиноӣ хабар доданд, ки ба даст задани 11 ҷиноят, аз ҷумла одамкӯшӣ ва роҳзанӣ гумонбаранд

Date:

Мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе аз боздошти як гурӯҳи ҷиноӣ хабар доданд, ки ба гуфтаи мақомот, онҳо ба содир кардани беш аз 10 ҷиноят, аз ҷумла куштор ва роҳзанӣ гумонбар мебошанд. Ба гуфтаи пулиси пойтахт, гумонбарон кирдорҳои худро дар ду соли охир дар шаҳру навоҳии Душанбе, Ҳисор, Ваҳдат, Рӯдакӣ ва Вахш содир кардаанд.

Пулиси Душанбе рӯзи 10-уми декабр бо пахши як гузориш гуфт, гумонбарон бо силоҳи оташфишону корд шабона барои дуздӣ вориди хонаҳои сокинон гардида, “бо таҳдиду зӯроварӣ, латукӯб ва захмӣ кардани онҳо маблағи калони пулиро гирифта, фирор мекардаанд”.

Ба гуфтаи мақомот, ин гуруҳи ҷиноӣ дар ҳудуди пойтахт дастгир ва аз онҳо 1 силоҳи оташфишони тамғаи "Макаров" бо тирдон, навъҳои гуногуни корд, ниқобу дастпуш ва дигар лавозимотӣ ба гуфтаи мақомот, дар ҷиноят истифодашуда дарёфт шудааст.

Роҳбарии ин гурӯҳро Фарҳод Мусоев, сокини 47-солаи шаҳри Душанбе ба уҳда доштааст, ки қаблан барои муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор (моддаи 200-и КҶ) зиндонӣ шуда буд.

“Маҳз ӯ (Фарҳод Мусоев-аз идора) ин гуруҳи ҷиноятиро бо яроқи оташфишони таппончаи тамғаи “Макаров” таъмин, манзилҳои истиқоматии шаҳрвандонро муайян ва дигар аъзои гуруҳро барои содиркунии ҷиноятҳо роҳнамоӣ мекард”,-гуфта мешавад дар гузориши мақомот.

Мақомот аз дигар аъзои гурӯҳ чунин ном бурдаанд:

– Иршод Азизов, сокини 42-солаи шаҳри Бохтар, ки ба гуфтаи мақомот, қаблан барои ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ ва роҳзанӣ 5 маротиба суд шудааст;

– Аёмиддин Раҳмиддинзода, сокини 35-солаи шаҳри Душанбе, ки ба гуфтаи мақомот, пештар барои авбошӣ ва дуздӣ зиндонӣ шудааст;

– Фирдавс Қурбонов, сокини 44-солаи Душанбе, ки ба гуфтаи мақомот, қаблан барои қасдан расонидани зарари ҷисмонӣ дар Русия суд шудааст.

– Суҳроб Маматови 33-сола, гумонбари дигар, ки ҳоло дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор доштааст;

– Наҷибулло Исроилов, сокини 35-солаи ноҳияи Рӯдакӣ, ки айни замон дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дорад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Гумонбарони дастгиршуда

Ба гуфтаи пулиси Душанбе, гумонбарон аз моҳи сентябри соли 2024 то замони боздошт (гуфта нашудааст, ки онҳо кай боздошт шудаанд, аз идора) “11 далели ҷинояти вазнин, аз ҷумла 1 ҳолати одамкушӣ, 4 ҳолати роҳзанӣ бо истифода аз силоҳ ва 6 далели дуздӣ дар ҳаҷми махсан калон анҷом додаанд”.

Ин ниҳод ба таври мисол зикр мекунад, ки дар як сол ду маротиба ба манзили зисти Валӣ Додалиев, сокини деҳаи Рӯдакии ноҳияи Вахш ворид шуда бо роҳи зӯроварӣ аз номбурда маблағҳояшро рабуда, дар ҳолати дуюм соҳибхорнаро захмӣ кардаанд.

Дар гузоришии мақомот гуфта мешавад, ки дар пайи латукӯб ва дуздии 220 ҳазор сомонӣ аз хонаи Олимҷон Яқубови 72-сола, худи ӯ баъди як ҳафта дар беморхона даргузаштааст.

Ба иттилои ин ниҳод, дар як ҳолати дигар онҳо ба хонаи як сокини шаҳри Ҳисор ворид шуда, сохибхонаро лутукӯб карда, маблағашро рабудаанд.

Пулиси Душанбе гуфтааст, як сол пеш аъзои ин гурӯҳ барои дуздӣ ба хонаи  Маҳмадалӣ Ҳаётов, сокини 51-солаи шаҳри Ваҳдат ворид гардида, баъди огоҳ шудани соҳибхона ӯро “бо бераҳмии махсус латукӯб карда, бо истифодаи корд куштаанд”.

“Кордчаро гирифтам тирезаро боз карда вориди хона шудем. Хуҷраро кофтем ва баромадем, дар тақ-тақ шуд ман яктараф истодам, баъд даромад (соҳибхона-аз идора) дигар роҳ набуд. Ба пешаш рафтем, ки ба мо часпид ӯро задам. Ҳамроҳам (Суҳроб Маматов- аз идора), ки калонҷусса буд ӯро зад ба замин ғалтонд ва пурсид, ки пулҳо дар куҷоянд, бигӯ мегирем, мерем. Баъд бо кордча заданашро сар кард ва мо фирор кардем”,-нақл кардааст Аёмиддин Раҳмиддинзода, гумонбар дар ин куштор.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Мақомот гуфтаанд, ки ин гурӯҳ, рӯзи 8-уми декабри соли 2025 охирон кирдори ҷиноятии худро дар кӯчаи Арбобхотуни ноҳияи Сино содир кардаанд. Гумонбарон бо мақсади дуздӣ ба манзили шаҳрванд Мирзошариф Мирзошарифов ворид шуда баъди омадани соҳибхона фирор кардаанд.

Пулиси Душанбе гуфтааст, ки гумонбарон дар боздошт қарор дошта нисбати онҳо бо иттиҳоми одамкушӣ (моддаи 104), ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ (моддаи 195), роҳзанӣ (моддаи 249) ва дуздӣ (моддаи 244)-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.

Назари гумонбарон ва шахсони осебдида дар робита ба ин қазия маълум нест.

Ба гуфтаи мақомот ду иштирокчии дигари ин гуруҳи муташаккил – Суҳроб Маматов ва Наҷибулло Исроилов дар хориҷи кишвар буда, дар ҷустуҷуи байналмилалӣ қарор доранд.

Бозбошти як гурӯҳи ҷиноӣ, ки ба дуздӣ ва куштор гумонбаранд, дар ҳолест, ки дар гузашта ҳам дар манотиқи гуногуни кишвар ҳодисаҳои кӯштори пурсарусадо, ки ба гуфтаи мақомот, ҳадафаш тасарруфи молу мулк ва дуздӣ буд, расонаӣ гардид.

Аз ҷумла куштори пурсарусадои як зан ва се фарзанди ноболиғи ӯ дар деҳаи Дарёободи ноҳия Рӯдакӣ, ки шаби 5-ум ба 6-уми сентябри соли ҷорӣ содир шуд, ҷомеаро ба таҳлука андохт. Ин ҳодиса баъди ду рӯз, 8-уми сентябр расонаӣ гардид ва дар куштор ду гумонбар боздошт шуданд.

Ҳамчунин, соли гузашта кушторҳои пайдарпай дар шаҳри Конибодом ҳам ҷомеаро нигарон карда буд. Мақомот гуфтанд, ангезаи куштор тасарруфи молу мулки сокинон буд. Дар пайванд ба ин ҳаводис 4 нафар ба ҳукми абад маҳкум шуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...