Дар Тоҷикистон қонуни манъи истифодаи сигорҳои электронӣ омода мешавад

Asia-Plus

Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон аз истифодаи сигорҳои электронӣ, бахусус, дар байни наврасон изҳори “нигаронии ҷиддӣ” карда, дастур додааст, ки барои манъи истифода, истеҳсол ва муомилоти сигорҳои электронӣ дар сатҳи қонунгузорӣ чораҳо андешида шавад.

Ӯ дар иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллӣ гуфтааст, “таҳқиқоти илми тиб собит кардааст, ки истифодаи мунтазами сигорҳои электронӣ барои саломатии инсон, бахусус, ҷавонону наврасон зараровар буда, ба зиёдшавии бемориҳои шадиди роҳҳои нафас, дилу рагҳо ва шуш, аз ҷумла саратон оварда мерасонад”.

Аз ин рӯ, Рустами Эмомалӣ кумитаҳои дахлдори Маҷлиси миллиро вазифадор кардааст, ки қонунгузории кишварро дар ин самт таҳлил карда, барои “манъи истифода, истеҳсол, воридот, содирот, фурӯши яклухт ва чаканаи сигорҳои электронӣ таклифҳои мушаххас пешниҳод намоянд”.

 

Ҳоло дар Тоҷикистон чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?

Тибқи қонунгузории амалкунанда, ҳоло барои муомилот ва фурӯши ғайриқонунии маҳсулоти тамоку ва сигорҳои электронӣ то 22 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима пешбинӣ шудааст.

Мувоффиқи моддаи 463 (1)‑и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, “фурӯши маҳсулоти тамоку ва системаҳои электронии таҳвили никотин бо истифодаи воситаҳои худкор, дастӣ ва дар ҷойҳое, ки барои савдо пешбинӣ нашудаанд”, дар чунин ҳаҷм ҷарима муайян шудааст:

аҳолӣ – аз 375 то 525 сомонӣ;

соҳибкорони инфиродӣ– 3 ҳазору 750 то 7 ҳазору 500 сомонӣ;

шахсони ҳуқуқӣ – аз 7 ҳазору 500 то 15 ҳазор сомонӣ.

Ҳамчунин, тибқи қисми 2-и ин модда, барои фурӯши чаканаи маҳсулоти тамоку ва системаҳои электронии таҳвили никотин дар бинои тиҷоратӣ тариқи берун мондан ва намоиш додани он, соҳибкорони инфиродӣ аз 7 ҳазору 500 то 15 ҳазор сомонӣ, шахсони ҳуқуқӣ аз 15 ҳазор то 22 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима месупоранд.

Моддаи 463 (2)-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ фурӯши сигарета, папирос ва дигар маҳсулоти тамокуро ба ноболиғон манъ мекунад. Қонунгузорӣ барои вайрон намудани талаботи ин модда, ба шахсони воқеӣ аз аз 375 то 525 сомонӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз 2 ҳазору 250 то 3 ҳазору 750 сомонӣ ҷарима таъин мекунад.

Тибқи моддаи 463(3)-и Кодекси мазкур, истеҳсол, воридот, содирот, фурӯши яклухт ва чаканаи маҳсулоти тамокуе, ки дар таркибаш никотин ва қатрон аз меъёрҳои гигиении тасдиқгардида зиёд мебошад, манъ буда, шахсони воқеӣ аз 375 то 750 сомонӣ ва шахсони ҳуқуқӣ аз 15 ҳазор то 22 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима месупоранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...