Муттаҳам ба қатли модар ва се фарзанди ӯ дар ноҳияи Рӯдакӣ ба зиндони абад маҳкум шуд

Додгоҳи олии Тоҷикистон ба Сайфулло Азимов, муттаҳам ба қатли модар ва се фарзанди ниболиғи ӯ дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳукми абад содир кардааст. Дар ин бора Ҳалим Иброҳимов, падари оилаи кушташуда ба “Азия-Плюс” хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, мурофиаи охирин рӯзи 8-уми декабр дар Додгоҳи олӣ баргузор шудаааст. “Додрас ба Сайфулло Азимов ҳукми абад дод. Ман […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Додгоҳи олии Тоҷикистон ба Сайфулло Азимов, муттаҳам ба қатли модар ва се фарзанди ниболиғи ӯ дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳукми абад содир кардааст. Дар ин бора Ҳалим Иброҳимов, падари оилаи кушташуда ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, мурофиаи охирин рӯзи 8-уми декабр дар Додгоҳи олӣ баргузор шудаааст.

“Додрас ба Сайфулло Азимов ҳукми абад дод. Ман ҳам ҳаминро мехостам. Аз ҳукми суд розиям”, – гуфт Ҳалим Иброҳимов.

Ба иттилои бадастовардаи “Азия-Плюс”, нисбати Н.С., муттаҳами дигари ин куштор ҳам, ки ноболиғ аст, ҳукми додгоҳ содир шудааст, вале мо ба далели манъи қонунгузорӣ онро расонаӣ карда наметавонем. Қаблан гуфта мешуд, ки мурифиаи ду гумонбар аз ҳамдигар ҷудо баргузор гардидааст.

Ба “Азия-Плюс” муяссар нашуд, ки дар робита ба ин парванда назари Додситонии кул ва Додгоҳи олиро гирад. Ҳамчунин, назари пайвандон ва вакили дифои маҳкумшудаҳо ба ҳукм маълум нест.

Аз судури ҳукми додгоҳ бори аввал имрӯз Радиои Озодӣ хабар дод.

Куштори пурсарусадои як зан ва се фарзанди ноболиғи ӯ дар деҳаи Дарёободи ноҳия Рӯдакӣ шаби 5-ум ба 6-уми сентябр содир ва пас аз ду рӯз, 8-уми сентябр расонаӣ шуд. Дар пайи он Шаҳло Назарова, модари 44-сола ва Ҳабибаи 17-сола, Ҳамидаи 15-сола ва Шарифи 12-сола ҷон бохтанд.

 

Баъди ин куштори мармуз сокинони деҳа ба тарсу изтироб афтоданд ва атрофи он сарусадо зиёд шуд. Як рӯз баъд аз ба хок супоридани ҷасадҳо, хабарнигорони “Азия-Плюс” ба ин деҳа рафтанд ва бо ҳамсояҳои хонадони кушташуда суҳбат карданд.

Дертар, Ҳалим Иброҳимов, падари ин хонавода, ҳам бо “Азия-Плюс” суҳбат карда, баъзе ҷузъиёти қатли ҳамсар ва се фарзандашро, бо такя ба гуфтаҳои пайвандону ҳамсояҳо ва мақомот, ошкор кард.

Ҳалим Иброҳимов гуфта буд, Сайфулло Азимов ҳамсояаш аст, ки як хона болотар аз хонаи ӯ хона дорад. Н.С., маҳкумшудаи дигар аз пайвандони Сайфулло Азимов аст, вале дар деҳаи дигар зиндагӣ мекунад.

“Оилаи Сайфулло бо оилаи мо рафтуомад доштанд. Ӯ ба ман даст пеши бар “акои Ҳалим” гуфта, муроҷиат мекард. Аз мо ҳезуму ширу ҷурғот мегирифтанд. Зану модараш ба хонаамон меомаданд. Аз ҳолу асрори мо огоҳ буданд. Душмание надоштем ва вақте аз боздошти ӯ огоҳ шудам, дар оғоз бовар накардам”, – қаблан гуфта буд Иброҳимов.

Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД) ҳам расман тасдиқ карда буд, ки дар куштори чаҳор узви як оила дар ноҳияи Рӯдакӣ ду гумонбар боздошт шудаанд.

Рӯзноманигори “Азия-Плюс” қаблан аз вазъи зиндагӣ ва рӯҳияи сокинони деҳаи Дарёободи ноҳияи Рӯдакӣ гузориш омода карда буд, ки онро дар пайванди зерин хонда метавонед: “Дару тирезаҳои баста ва кӯчаҳои холӣ. Гузориш аз деҳае, ки зан ва се фарзанди ӯро кушта пайдо карданд”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои кишварҳои кӯҳистони минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон аҳаммияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.