Пагоҳ, 16-уми декабр Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон паёми навбатии худро ба Маҷлиси олии кишвар ва ҳамин тариқ, ба мардуми Тоҷикистон ироа мекунад. Зимни ироаи паём, рушди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар соли ҷорӣ натиҷагирӣ шуда, мақсадҳои авлавиятдор дар соли дигар муайян ва барои ҳалли чанд мушкилот ба вазорату идораҳои алоҳида дастуру супоришҳо дода мешавад.
Дар паёми соли гузашта ҳам дастуру супоришҳо кам набуд ва барои иҷрои он як сол вақт буд. “Азия-Плюс” чун анъана талош кард, ки иҷрои муҳимтарин дастуру супоришҳои раисҷумҳури кишварро аз ҷониби идораҳои дахлдор пайгирӣ кунад.
Бояд гуфт, аксари интиқоду эрод ва пешниҳодҳои раиси ҷумҳур берун аз матни баромади расмӣ садо додааст.
Соли 2023 ва соли 2024 низ “Азия-Плюс” чунин таҳлил гузаронида буд ва бо онҳо метавонед дар ин пайвандҳо шинос шавед:
Пагоҳ Эмомалӣ Раҳмон ба парлумон паём ироа мекунад. Аз паёми соли 2022 кадом вазифаҳо иҷро шуд?
Кадом дастуру супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёми гузашта дода буд, иҷро шуд?
Маошу нафақа ва моратория
Яке аз супоришҳое, ки ҳамасола кормандони буҷетӣ, донишҷӯён ва нафақагирон интизор мешаванд, ин баланд бардоштани ҳаҷми маошу нафақа, идрорпулӣ мебошад. Раисҷумҳур дар паёми соли гузашта супориш дод, ки аз 1-уми сентябри соли 2025 маошу нафақа ва идрорпулӣ дар кишвар аз 10 то 30% зиёд карда шавад. Ӯ ҳамчунин, дастур дод, ки ҳаҷми ҳадди ақали музди меҳнат барои тамоми соҳаҳо ба андозаи 1000 сомонӣ муқаррар гардад.
Воқеан, аз 1-уми сентябри имсол ҳаҷми маошу нафақа ва идрорпулиҳо аз 10 то 30% зиёд шуд, аммо чун ҳарсола, сокинон аз болоравии бамаротиби нархи маҳсулот дар бозорҳо шикоят доранд.
Коршиносон ҳам бар ин назаранд, ки ҳангоми таъини маоши кормандони давлатӣ бояд нархи “сабади истеъмолӣ” ба инобат гирифта шавад.
Сатҳи таваррум низ, тибқи иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдо, дар шаш моҳи соли ҷорӣ 1,8%-ро ташкил дода, асосан аз ҳисоби болоравии нархҳои маҳсулоти озуқа – 2,9% ва арзиши тарофаҳои хидматрасонӣ – 3,4% ташаккул ёфтааст.
Дар паёми соли гузашта, раисҷумҳур дар баробари ситоиши соҳибкорон, ҳамчунин аз санҷишҳои беасоси бархе мақомот нигаронӣ карда, пешниҳод кард, ки ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти соҳибкорон, ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз то 1-уми январи соли 2027 маратория эълон шавад.
Воқеан, 10-уми январи соли равон фармон дар бораи эълони мараторий ба имзо расид ва он то 1 январи соли 2027 амал мекунад.
Зоҳиран мараторий амал мекунад, аммо дар ду ҳафтаи охир, шаҳрдории пойтахт хабар дод, ки дар пайи боло рафтани нархи гӯшт аз ҷониби пулиси Душанбе ва додситонии пойтахт гурӯҳи корӣ таъсис ёфта, дар бозорҳои пойтахт барои назорат ва танзими нархи он санҷишҳо мегузаронанд. То куҷо ин санҷишҳо ба мараторийи эълоншуда мухолифат мекунанд, маълум нест.
Интернети 5G, норасоии ҷойи нишаст дар мактабҳо ва таъсиси ҷойҳои корӣ
Сарвари давлат дар паёми соли гузашта, ҳамчунин супориш дод, ки дар панҷ соли оянда дар кишвар интернети 5G роҳандозӣ шавад. Ҳадафи он пешбурди иқтисоди рақамӣ гуфта мешуд.
Дар ҳамин ҳол, чанде пеш Исфандиёри Саъдулло, сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон гуфт, аллакай дар қисмате аз Душанбе ва дигар шаҳрҳои бузурги кишвар 5G-ро роҳандозӣ кардаанд ва интизор меравад, охири соли 2026 ба таври тиҷоратӣ ва то соли 2030 пӯшиши сартосарӣ ва истифодаи васеи 5G дар кишвар роҳандозӣ шавад.
Аммо ба иддаои сокиноне, ки истифодаи 5G-ро дар дастгоҳҳои мобилии худ дар Тоҷикистон таҷруба карданд, суръати он паст аст ва беҳбуде дар истифодаи 5G-и мавҷуда намебинанд.
Зимнан, дар ҳоле, ки Хадамоти алоқа иддао мекунад, ки кишварро бо интернети 5G таъмин мекунад, суръати пасти интернет ва дастрас набудани он дар манотиқи дурдасти кишвар аз масоили ҳалталаб дар кишвар боқӣ мемонад.
Нарасидани ҷойи нишаст дар мактабҳои кишвар аз нуктаи дигаре буд, ки Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёми худ дар соли гузашта таъкид кард. Ӯ он замон гуфта буд, ки дар кишвар зиёда аз 100 ҳазор ҷой барои хонандагон намерасад. Соли 2023 роҳбари давлат гуфта буд, 73 ҳазор ҷойи нишаст дар мактабҳо намерасад, яъне соле баъд мушкил боз ҷиддитар шудааст. Ин мушкил дар паёмҳои роҳбари давлат дар чанд соли гузашта пайиҳам садо медиҳад ва ҳамасола ин омор рӯ ба афзоиш дорад.
Аз Вазорати маориф ва илми кишвар дар бораи омори имрӯзаи норасоии ҷойи нишаст дар мактабҳо гуфтанд, “ҳоло чунин оморро дар даст надорад”. Аз ин рӯ маълум нест, ки вазъ то куҷо тағйир ёфтааст.
Вале дар соли равон Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарҳои худ ба минтақаҳои гуногуни кишвар даҳҳо мактабро ба истифода дод.
Ҳамчунин, роҳбарони шаҳру ноҳияҳо вазифадор шуда буданд, ки дар маркази ҳар як шаҳру ноҳияи мамлакат барои истеъдодҳои наврасу ҷавон як мактаби мусиқӣ бунёд кунанд. Маълум нест, ки ин дастур низ то куҷо иҷро шуд. Зимнан, соли равон сарвари давлат дар чанд сафари худ ба шаҳру навоҳии кишвар мактабҳои мусиқӣ низ боз кард.
Ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ ва таъсис додани ҷойҳои кории нав масоили дигаре буд, ки аз ниҳодҳои дахлдор ҳалли он тақозо мегардид. Бо вуҷуди он ки ин мушкил низ ҳамасола дар суханрониҳои роҳбари давлат зикр мешавад, вазъ сол аз сол шадид мегардад.
Дар баробари он ки сарвари давлат дар ҳар сафари худ дар минтақаҳо корхонаҳои истеҳсолӣ боз мекунад ва ба ин васила ҷойҳои кории нав пайдо мешаванд, сатҳи бекорон дар кишвар рӯ ба афзоиш ва миқдори ҷойҳои корӣ камшавӣ доранд. Ҳазорҳо нафар то ҳол дар Русия ба ҳайси муҳоҷир дар шароити мушкил кор мекунанд.
Ба иттилои Оҷонсии омори кишвар, то охири моҳи сентябри имсол корхонаву ташкилотҳо ҳамагӣ 14,6 ҳазор ҷойи кории холӣ пешниҳод кардаанд, ки 9,2% камтар нисбат ба соли гузашта будааст. Корҷӯён бошад, то охири моҳи сентябри соли 2025 дар ҷумҳурӣ 88,6 ҳазор будаанд, яъне ба 1 ҷойи кори холии пешниҳодшуда 6 корҷӯ рост меояд.
Ҳамчунин, коршиносон мегӯянд, ки ҷои коре, ки дар Тоҷикистон таъсис мешавад, аксаран маошаш ба вазъи иқтисодии кишвар ҷавобгӯй нест, аз ин рӯ, кам касоне мехоҳанд, ки дар он кор кунанд.
Истифодаи зеҳни сунъӣ ва пурра гузаштан ба низоми ғайринақдӣ
Истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ, дастури дигари роҳбари давлат дар паёми соли гузашта буд. Баъди ин супориши раисҷумҳур вазорату идораҳои давлатӣ талош доранд, ки дар фаъолияти ниҳоди худ ҳуши маснӯиро ҷорӣ кунанд. Аммо чуноне мушоҳида мешавад, дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ ҳанӯз ҳуши маснӯӣ истифода намешавад.
Бо вуҷуди ин, Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ барои ҷорӣ кардани браузери ҳуши маснӯӣ дар бахши давлатӣ санадҳо қабул кард ва дар сад мактаби ҷумҳурӣ дарси ҳуши маснӯӣ роҳандозӣ карду дар робита ба ҷорӣ кардани ихтисоси зеҳни сунъӣ дар даҳ донишгоҳу донишкадаи кишвар эълон кард.
Вале бо вуҷуди ин, дар кишвар набудани мутахассисон дар соҳаи истифодаи ҳуши маснӯӣ аз мушкилоти доғ боқӣ мемонад ва аксари вазорату идораҳо шеваи истифода аз онро намедонанд.
Ҳамчунин, гуфта мешуд, ки то поёни соли 2025 пардохтҳои ғайринақдӣ дар соҳаҳои буҷетӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ пурра таъмин карда мешавад. Зоҳиран дар аксари идораҳо ин низом ҷорӣ шудааст, аммо ба иддаои сокинон, дар баъзе соҳаҳои хизматрасонии давлатӣ, аз ҷумла тандурустиву маориф ҳанӯз пурра риоя намешавад.
Маҳдудияти барқ
Эмомалӣ Раҳмон дар паёми соли гузаштаи худ гуфт, ки соли 2027 Тоҷикистон ба истиқлолияти комили энергетикӣ ноил мешавад.
“Шояд ин зимистони охире бошад, ки ин вазъро таҷриба карда истода бошед. Дар зимистони оянда ин душвориҳо камтар мешавад ва дар соли 2027 ин вазъият дар таърих мемонад”, – гуфта буд Эмомалӣ Раҳмон.
Пайдост, ки ҳанӯз тибқи ваъда ба истиқлолияти комили энергетикӣ муҳлат ҳаст, аммо роҳбари давлат дар суханронии худ гуфта буд, ки “дар зимистони оянда душвориҳо камтар мешаванд”.
Аммо сокинон имсол аз таъминоти барқ бештар аз ҳарсола нигаронӣ доранд ва ба шикваи аксар сокинони манотиқи гуногуни кишвар, вазъ шадидтар шудааст. Масъулини таъминоти барқ баҳона пеш меоранд, ки мушкил паст шудани сатҳи об дар обанбори НБО “Норак”, камобӣ ва боришоти кам аст. Вале онҳо баъд аз оғози мавсими боронгарӣ, иддао карданд, ки таъминоти барқ беҳтар шуда, аҳолӣ дар як рӯз 4-5 соат барқ мегиранд. Аммо сокинон мегӯянд, ки ҳанӯз дар як рӯз танҳо аз 1 то 3 соат барқ доранд ва реҷаи муайян дар таъмини барқ вуҷуд надорад.
Дар ҳоле ки барои сокинон, ки имрӯз шадидан аз барқ танқисӣ доранд, ҳалли пурраи ин мушкил дар соли 2027 афсона аст, аммо мақомдорони кишвар панҷ далели расидан ба истиқлоли комили энергетикиро пеш меоранд.
“Онҳое, ки дастурҳои президентро иҷро накардаанд, бояд муҷозот шаванд”
Таҳлили вазъ нишон медиҳад, ки агар бархе супоришҳое, ки Эмомалӣ Раҳмон дар паёми соли гузашта дода буд, пурра иҷро шуда бошад, бахши дигар қисман ва бархе умуман иҷро нашудааст. Коршиносон сабаби кам ё аслан иҷро нашудани дастурҳои роҳбари давлатро ба омилҳои гуногун рабт медиҳанд ва мегӯянд, онҳое, ки дастуру супоришҳоро иҷро намекунанд, бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Сайфулло Сафаров, муовини пешини раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон мегӯяд, ин пеш аз ҳама ба ҳаводиси экологӣ, демографӣ, муҳоҷират ва фавқулода рабт дорад, ки “метавонад ба нақшаҳои ҳукумат таъсир расонад ва далели иҷро шудан ва ё нашудани онҳо бошад”.
“Масалан, норасоии ҷойи нишаст дар мактабҳо ба афзоиши аҳолӣ ва мувофиқат накардани банақшагирии оила ба банақшагирии давлат вобаста аст. Дар норасоии ҷойҳои корӣ агар зиёдшавии аҳолӣ омили аввал бошад, вазъи муҳоҷирон ва ихроҷшавии онҳо аз Русия, ки солҳои охир шадидтар шудааст, аз сабабҳои дигар аст”, – гуфт ӯ.
Ба таъкиди Сафаров, норасоии барқ ба вазъи ҳаво ва иқлим бастагӣ дорад, ки наметавон пешгӯӣ кард ва ҳукумат низ наметавонад ба нақша гирад.
Ба гуфтаи ӯ, баъди ҳар паёми раисҷумҳур, дастуру супоришҳои ҳукумат ба вазорату идораҳои дахлдор ба таври хаттӣ ва бо имзои президент ирсол мегардад ва дар поёни сол комиссияи махсуси Дастгоҳи иҷроия иҷрои дастурҳоро месанҷад ва ба ҳукумат иттилоъ медиҳад.
Сайфулло Сафаров мегӯяд, онҳое, ки дастурҳои президентро иҷро накардаанд, бояд ҷазо гиранд.
“Бисёр хуб мешавад, ки халқ низ супоришҳои роҳбари давлатро назорат кунад, зеро дар Конститутсия иродаи халқ мавқеи аз ҳама боло дорад”, – хулоса кард ин масъули пешини ҳукумат.


