Алиризо Озмандиён, сухангӯи машҳури рушди шахсият ва тиҷорат бори аввал ба Тоҷикистон меояд

Алиризо Озмандиён, яке аз мутахассисони сатҳи байналмилалӣ дар соҳоти рушди шахсият, менеҷменти тафаккур ва тиҷорат бори аввал ба Тоҷикистон меояд ва дар Душанбе машғулияти омӯзишӣ мегузаронад. Дар ин бора аз Маркази “Хирад” ба “Азия-Плюс” хабар доданд. Ба гуфтаи манбаъ, машғулияти омӯзишии ӯ  “Формулаи нави рушди бизнес ва шахсият” ном дорад ва рӯзи 18-уми январи соли […]

Asia-Plus

Алиризо Озмандиён, яке аз мутахассисони сатҳи байналмилалӣ дар соҳоти рушди шахсият, менеҷменти тафаккур ва тиҷорат бори аввал ба Тоҷикистон меояд ва дар Душанбе машғулияти омӯзишӣ мегузаронад. Дар ин бора аз Маркази “Хирад” ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Ба гуфтаи манбаъ, машғулияти омӯзишии ӯ  “Формулаи нави рушди бизнес ва шахсият” ном дорад ва рӯзи 18-уми январи соли 2026 дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон баргузор мешавад.

“Ин машғулият барои онҳоест, ки мехоҳанд дар шароити нави иқтисодӣ на танҳо кору фаъолияти худро беҳтар кунанд, балки шахсияти муваффақ ва таъсиргузор низ бошанд. Алиризо Озмандиён дар бораи тарзҳои муосири пешрафти тиҷорат, чӣ гуна таҳия кардани нақшаи шахсии муваффақият, идоракунии вақт ва ҳадафҳо, роҳҳои дурусти тафаккури молиявӣ ва роҳҳои таъсиргузорӣ дар муҳити рақобатпазир сӯҳбат хоҳад кард”, – гуфтанд аз “Хирад”.

Алиризо Озмандиён аз эрониёни муқими Амрико аст ва дар соҳаи идоракунии тиҷорат дараҷаи докторӣ дорад. Ӯ бунёдгузори мактаби маъруфи “Технологияи фикр” ва муаллифи консепсияҳои “Тафаккури қудратманд” ва “Менеҷменти тафаккур” мебошад, ки ба тағйир додани эътиқодҳои манфӣ ва ноил шудан ба ҳадафҳои бузург равона шудаанд.

Озмандиёнро ҳамчун шогирд ва яке аз намояндагони фалсафаи муваффақияти Ҷим Рон, ки яке аз бузургтарин сухангӯёни ҳавасмандкунанда дар ҷаҳон буд, мешиносанд. Ӯ беш аз 30 сол боз дар бисёр кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Иёлоти Муттаҳида, кишварҳои аврупоӣ ва осиёӣ дар бораи моделҳои нави рушди тиҷорат, роҳбурдҳои бозорёбӣ ва роҳҳои таъсиргузорӣ дар муҳити рақобатпазир машғулият гузаронидааст.

Акнун барои нахустин бор ба Тоҷикистон меояд ва бо забони форсии тоҷикӣ ба аҳли кишвар роҳҳои рушди шахсият, тиҷорат ва тарзи дурусти тафаккурро меомӯзонад.

Аз маркази “Хирад” гуфтанд, хоҳишмандон метавонанд чиптаҳоро аз сомонаи Ticketon харидорӣ кунанд. Арзиши чипта аз 200 то 400 сомонӣ будааст.

Ёдовар мешавем, ки Маркази “Хирад” тӯли шаш соли ахир дар самти тарҷума, нашр ва тарғиби китобҳои серхонанда ва илҳомбахши ҷаҳонӣ фаъолият дорад ва бо мақсади густариши фарҳанги худомӯзӣ ва рушди шахсият ин навбат ин ташаббусро пеш гирифтааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.