Мақомот сабаби садамаи қатори боркаш дар Ёвонро шарҳ доданд

Сабаби садамаи қатори боркаш дар қаламрави ноҳияи Ёвон боридани боронҳои пай дар пай, инчунин пайдо шудани эрозияи замин дар кӯли сунъии Қайпарсой аст, ки аз назди он роҳи оҳан убур мекунад. Дар ин бора Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда (КҲФ) дар вилояти Хатлон хабар додааст. “Бино ба гузориши расида, рӯзи 14-уми декабри соли 2025, соати 07:00 дақиқа […]

Asia-Plus

Сабаби садамаи қатори боркаш дар қаламрави ноҳияи Ёвон боридани боронҳои пай дар пай, инчунин пайдо шудани эрозияи замин дар кӯли сунъии Қайпарсой аст, ки аз назди он роҳи оҳан убур мекунад. Дар ин бора Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда (КҲФ) дар вилояти Хатлон хабар додааст.

“Бино ба гузориши расида, рӯзи 14-уми декабри соли 2025, соати 07:00 дақиқа дар ҳудуди ноҳияи Ёвон, ҷамоати деҳоти Норин, деҳаи Зафар ҳангоми ҳаракати қатори боркаш дар роҳи оҳане, ки аз Бохтар ба самти Ёвон дар ҳоли ҳаракат буд, дучори садама гардид”, – гуфтааст ин ниҳод.

Ба навиштаи КҲФ, ин қатор, ки боркаш буд, баногаҳ аз хати роҳи оҳан хориҷ шудааст. 

Ин ниҳод гуфтааст, ҳоло аз тарафи Комиссияи ҳукумати ноҳияи Ёвон дар бораи ба ҳолатҳои фавқулода ва қувва ва воситаҳои Низоми ягонаи давлатии ноҳия ва наҷотдиҳандагони Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон дар ҳайати 6 нафар дар ҷои ҳодиса кор карда истодаанд.

Қаблан, аз КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ҳам ба “Азия-Плюс” гуфта буданд, ки ҳодиса рӯзи 14-уми декабр дар наздикии деҳаи Даҳанаи Ёвон рух додааст.

Аз ин ниҳод гуфта буданд, ки дар пайи ин ҳодиса, қатора оташ гирифтааст ва он талафоти ҷонӣ дар пай надоштааст.

Навори чап шудану оташ гирифтани як қатор дирӯз, 14-уми декабр дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардид ва боиси таваҷҷуҳи корбарон гардид. Корбарон мегӯянд,  қаторе, ки ҳомили сӯзишворӣ буд, дар наздикиҳои деҳаи Даҳанаи Ёвон чапа шудааст. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.