Дар Суғд корхонаи ғанигардонии маъдани оҳан сохта мешавад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Байни ҳукумати Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи “Комбинати металлургии тоҷик” дар бораи сохтмон ва ба истифода додани корхонаи ғанигардонии маъдани оҳан созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид. Дар ин бора Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Манбаъ мегӯяд, корхона бо мақсади истихроҷ ва коркарди маъдани оҳан ва дигар маъданҳои ҳамроҳ, инчунин истеҳсолу содироти маҳсулоти босифат аз он сохта шуда, бо технологияҳои замонавӣ муҷаҳҳаз мегардад.

“Корхона дар ду марҳила бунёд ёфта, марҳилаи аввали он то соли 2027 ва дуюмаш то соли 2031 ба кор дароварда мешавад”, – омадааст дар хабари Кумита.

 Ба иттилои ин ниҳод, иқтидори лоиҳавии солонаи корхона истихроҷ ва коркарди 2,5 млн тонна маъдан буда, аз он 1,1 млн тонна консентрати истеҳсолӣ ба даст меояд. Корхонаи мазкур натанҳо ивазкунандаи воридот аст, балки қисми зиёди маҳсулоташ ба содирот нигаронида шудааст.

“Ҳоло дар корҳои сохтмонӣ 600 мутахассиси маҳаллӣ ва хориҷӣ ба кор ҷалб шуда, пас аз ба кор даромадани  марҳилаи аввали корхона 1200 нафар ва баъди пурра омода шудани корхона дар он беш аз 2000 кас бо кори доимӣ ва моҳонаи хуб таъмин хоҳанд шуд”, – хабар медиҳад Кумита.

ба гуфтаи ин ниҳод, имзои созишномаи сармоягузории мазкур қадами муҳим дар самти ҷалби сармоягузориҳои мустақими хориҷию ватанӣ ва таҳкими иқтидори истеҳсолию саноатии кишвар ба ҳисоб меравад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...