Дар Суғд корхонаи ғанигардонии маъдани оҳан сохта мешавад

Байни ҳукумати Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи “Комбинати металлургии тоҷик” дар бораи сохтмон ва ба истифода додани корхонаи ғанигардонии маъдани оҳан созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид. Дар ин бора Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ хабар медиҳад. Манбаъ мегӯяд, корхона бо мақсади истихроҷ ва коркарди маъдани оҳан ва дигар маъданҳои ҳамроҳ, инчунин истеҳсолу содироти […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Байни ҳукумати Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи “Комбинати металлургии тоҷик” дар бораи сохтмон ва ба истифода додани корхонаи ғанигардонии маъдани оҳан созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид. Дар ин бора Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Манбаъ мегӯяд, корхона бо мақсади истихроҷ ва коркарди маъдани оҳан ва дигар маъданҳои ҳамроҳ, инчунин истеҳсолу содироти маҳсулоти босифат аз он сохта шуда, бо технологияҳои замонавӣ муҷаҳҳаз мегардад.

“Корхона дар ду марҳила бунёд ёфта, марҳилаи аввали он то соли 2027 ва дуюмаш то соли 2031 ба кор дароварда мешавад”, – омадааст дар хабари Кумита.

 Ба иттилои ин ниҳод, иқтидори лоиҳавии солонаи корхона истихроҷ ва коркарди 2,5 млн тонна маъдан буда, аз он 1,1 млн тонна консентрати истеҳсолӣ ба даст меояд. Корхонаи мазкур натанҳо ивазкунандаи воридот аст, балки қисми зиёди маҳсулоташ ба содирот нигаронида шудааст.

“Ҳоло дар корҳои сохтмонӣ 600 мутахассиси маҳаллӣ ва хориҷӣ ба кор ҷалб шуда, пас аз ба кор даромадани  марҳилаи аввали корхона 1200 нафар ва баъди пурра омода шудани корхона дар он беш аз 2000 кас бо кори доимӣ ва моҳонаи хуб таъмин хоҳанд шуд”, – хабар медиҳад Кумита.

ба гуфтаи ин ниҳод, имзои созишномаи сармоягузории мазкур қадами муҳим дар самти ҷалби сармоягузориҳои мустақими хориҷию ватанӣ ва таҳкими иқтидори истеҳсолию саноатии кишвар ба ҳисоб меравад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 68

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.