Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзали FIFA дар қатори 50 кишвари аввал қарор дорад

Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (FIFA) радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занони ҷаҳонро нашр кард. Мавқеи мунтахаби футзали мардони Тоҷикистон дар радабандии мунтахабҳои ҷаҳон маълум шуда, он дар зинаи 47-ум қарор дорад. Дар муқоиса бо радабандии пешин, мунтахаби футзали мардони Тоҷикистон як зина поин рафта, акнун 1064 имтиёз дорад. Мунтахаби ҷумҳурӣ аз дастаҳое ба мисли Олмон, […]

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (FIFA) радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занони ҷаҳонро нашр кард. Мавқеи мунтахаби футзали мардони Тоҷикистон дар радабандии мунтахабҳои ҷаҳон маълум шуда, он дар зинаи 47-ум қарор дорад.

Дар муқоиса бо радабандии пешин, мунтахаби футзали мардони Тоҷикистон як зина поин рафта, акнун 1064 имтиёз дорад. Мунтахаби ҷумҳурӣ аз дастаҳое ба мисли Олмон, Перу, Либия, Австралия, Латвия, Озарбойҷон ва дигар дастаҳо дар зинаи болотар ҷой гирифтааст.

Даҳгонаи аввали радабандии FIFA пас аз нашри радабандии нав чунин аст:

1. Бразилия;

2. Португалия;

3. Испания;

4. Аргентина;

5. Эрон;

6. Марокаш;

7. Русия; 

8. Украина; 

9. Қазоқистон;

10. Фаронса.

Дар қораи Осиё пешсаф Эрон буда, дар идома Тайланду Ҷопон, Ветнам, Ӯзбекистон, Индонезия. Афғонистон, Ироқ, Кувейт ва Қирғизистон қарор доранд.

Ёдрас мекунем, ки дар соли 2026 мунтахаби футзали Тоҷикистон дар мусобиқаи Ҷоми Осиё, ки аз 27 январ то 7-уми феврали соли 2026 дар Индонезия баргузор мешавад, иштирок мекунад.

Дар ин радабандь, миёни дастаҳои занон мунтахаби Тоҷикистон зинаи 70-умро касб карда, дар муқоиса бо тимҳои Литва, Молдова, Мексика, Танзания, ИМА, Канада ва дигар дастаҳо дар мақоми болотар қарор дорад.

Пешсафони радабандии дастаҳо миёни занон Бразилия, Испания, Португалия, Аргентина, Италия, Ҷопон, Колумбия, Таиланд, Русия ва Эрон мебошанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.