Суҳроб Нуралӣ ба ҷои Шоҳин Самадӣ сухангӯи ВКХ таъин шуд

Asia-Plus

Шоҳин Самадӣ, ки чанд соли охир ба ҳайси сухангӯй ё сардори Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон кор мекард, муовини дабири кулли котиботи қолаби “Осиёи Миёна-Чин” таъин шудааст.

Ин қолаб моҳи майи соли равон таъсис ёфт ва ӯ нахустин намояндаи Тоҷикистон дар ин ниҳод аст.

Ба ҷои Самадӣ, бо фармони вазири корҳои хориҷӣ, ба курсии сардори Раёсати иттилоот ва матбуоти ВКХ Суҳроб Нуралӣ, ки то ин дам намояндаи Тоҷикистон дар Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (СҲИ) дар шаҳри Теҳрон фаъолият менамуд, такя зад.

Шоҳин Самадӣ, ки 3 соли охир сардори ин раёсати муҳими ВКХ буд, яке аз сухангӯйҳои нисбатан дастрас барои рӯзноманигорон буд. Ӯ хатмкардаи риштаи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов, Академияи дипломатии ВКХ Русия ва Академияи хидмати давлатии Тоҷикистон мебошад.

Номбурда қаблан, дар сафоратҳои Тоҷикистон дар Маскав, Минск кор кардааст. То таъин шудан ба ҳайси сардори раёсати иттилоот ва матбуоти ВКХ, дар котиботи Созмони ҳамкории Шонгҳой (СҲШ) фаъолият дошт.

Суҳроб Нуралӣ хатмкунандаи Донишкадаи давлатии забонҳо Тоҷикистон мебошад. Ӯ қаблан дар сафоратҳои Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия ва Руссия кор кардааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...