Қариб 6 ҳазор донишҷӯи ӯзбекистонӣ дар донишгоҳҳои Тоҷикистон таҳсил мекунанд

Идибеки Саид, махсус барои Asia-Plus

Тоҷикистон пас аз Русия дуюмин кишварест, ки теъдоди зиёди донишҷӯёни ӯзбекистонӣ барои таҳсил омадаанд. Ҳоло дар мактабҳои олии Тоҷикистон 5 ҳазору 761 донишҷӯи ӯзбекистонь таҳсил мекунанд. Дар ин бора Кумитаи миллии омори Ӯзбекистон хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, ба панҷгонаи кишварҳое, ки шаҳрвандони Ӯзбекистон барои таҳсил интихоб кардаанд, баъди Русияву Тоҷикистон, Қирғизистон, Корея ва Туркия шомил шудаанд.

Дар умум, дар 10 моҳи соли равон 26,4 ҳазор шаҳрванди Ӯзбекистон дар кишварҳои дигар таҳсил мекунанд.

Қаблан, Ӯзбекистон хабар дода буд, ки то моҳи июни соли 2025 дар мактабҳои олии ин кишвар 1 ҳазору 145 донишҷӯ аз Тоҷикистон таҳсил мекарданд. Ин теъдод, сеюмин гурӯҳи бузурги донишҷӯёни хориҷӣ дар Ӯзбекистон ба ҳисоб мерафт.

Ба иттилои Маркази барномаҳои байналмилалии Тоҷикистон, то моҳи августи соли равон 42 ҳазор донишҷӯйи тоҷик дар донишгоҳҳои 42 кишвари дунё таҳсил доранд, ки беш аз 30% онҳоро духтарон ташкил медодаанд.

Аз ҳама бештар дар Русия таҳсил мекунанд: ба ҳолати моҳи декабр беш аз 27 ҳазор. 

Дар зинаи дуюм Чин қарор дорад, ки 2990 нафар донишҷӯёни тоҷик дар ин кишвар таҳсил мекунанд. Қазоқистон низ яке аз самтҳои серталаб дар ин соҳа буда, дар ин ҷо 970 донишҷӯ аз Тоҷикистон таҳсил мекунанд. Туркия ҳудуди 900 донишҷӯро аз Тоҷикистон ба таҳсил фаро гирифтааст.

Боз 3252 нафар дар дигар кишварҳо таҳсил мекунанд. Миёни онҳо Ҳиндустон, Олмон, ИМА, Кореяи Ҷанубӣ ва дигар кишварҳо номбар мешаванд, ки барои донишҷӯёни хориҷӣ барномаҳои таълимӣ ва стипендияҳо пешниҳод мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...