Қариб 6 ҳазор донишҷӯи ӯзбекистонӣ дар донишгоҳҳои Тоҷикистон таҳсил мекунанд

Тоҷикистон пас аз Русия дуюмин кишварест, ки теъдоди зиёди донишҷӯёни ӯзбекистонӣ барои таҳсил омадаанд. Ҳоло дар мактабҳои олии Тоҷикистон 5 ҳазору 761 донишҷӯи ӯзбекистонь таҳсил мекунанд. Дар ин бора Кумитаи миллии омори Ӯзбекистон хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, ба панҷгонаи кишварҳое, ки шаҳрвандони Ӯзбекистон барои таҳсил интихоб кардаанд, баъди Русияву Тоҷикистон, Қирғизистон, Корея ва Туркия […]

Идибеки Саид, махсус барои Asia-Plus

Тоҷикистон пас аз Русия дуюмин кишварест, ки теъдоди зиёди донишҷӯёни ӯзбекистонӣ барои таҳсил омадаанд. Ҳоло дар мактабҳои олии Тоҷикистон 5 ҳазору 761 донишҷӯи ӯзбекистонь таҳсил мекунанд. Дар ин бора Кумитаи миллии омори Ӯзбекистон хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, ба панҷгонаи кишварҳое, ки шаҳрвандони Ӯзбекистон барои таҳсил интихоб кардаанд, баъди Русияву Тоҷикистон, Қирғизистон, Корея ва Туркия шомил шудаанд.

Дар умум, дар 10 моҳи соли равон 26,4 ҳазор шаҳрванди Ӯзбекистон дар кишварҳои дигар таҳсил мекунанд.

Қаблан, Ӯзбекистон хабар дода буд, ки то моҳи июни соли 2025 дар мактабҳои олии ин кишвар 1 ҳазору 145 донишҷӯ аз Тоҷикистон таҳсил мекарданд. Ин теъдод, сеюмин гурӯҳи бузурги донишҷӯёни хориҷӣ дар Ӯзбекистон ба ҳисоб мерафт.

Ба иттилои Маркази барномаҳои байналмилалии Тоҷикистон, то моҳи августи соли равон 42 ҳазор донишҷӯйи тоҷик дар донишгоҳҳои 42 кишвари дунё таҳсил доранд, ки беш аз 30% онҳоро духтарон ташкил медодаанд.

Аз ҳама бештар дар Русия таҳсил мекунанд: ба ҳолати моҳи декабр беш аз 27 ҳазор. 

Дар зинаи дуюм Чин қарор дорад, ки 2990 нафар донишҷӯёни тоҷик дар ин кишвар таҳсил мекунанд. Қазоқистон низ яке аз самтҳои серталаб дар ин соҳа буда, дар ин ҷо 970 донишҷӯ аз Тоҷикистон таҳсил мекунанд. Туркия ҳудуди 900 донишҷӯро аз Тоҷикистон ба таҳсил фаро гирифтааст.

Боз 3252 нафар дар дигар кишварҳо таҳсил мекунанд. Миёни онҳо Ҳиндустон, Олмон, ИМА, Кореяи Ҷанубӣ ва дигар кишварҳо номбар мешаванд, ки барои донишҷӯёни хориҷӣ барномаҳои таълимӣ ва стипендияҳо пешниҳод мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.