Боз ҳамлаи гург ба ду сокини ноҳияи Деваштич. Ин ҳодисаи сеюм дар як моҳи охир аст

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Дар пайи ҳамлаи як гург ба хонаи як сокини деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич модар ва фарзанди 7-солаи ӯ захмӣ ва чанд рӯз дар беморхона бистарӣ шудаанд. Дар як моҳи охир, ин сеюмин ҳамлаи гург ба сокинон ва чорвои онҳо дар ин ноҳия аст.

Бибираҷаби Мирзошариф, сокини 32-солаи ин деҳа ба “Азия-Плюс” гуфт, рӯзи 9-декабр дар рӯи ҳавлиаш як гург ба фарзандаш Муҳаммадҷон Почоеви 7-сола ҳамла кард. Вақте ӯ ба кӯмакаш шитофт, гург ба ӯ низ дарафтод.

“Додзанон буромадам, ки дар назди дарвоза гургбачае писарамро хуншор карда истодааст. Писарамро халос карданӣ шудам, ки гургбача дасту китфони худамро газидаву харошида захмӣ кард. Садои моро шунида ҳамсояҳо омаданд ва гургбача тарафи куҳ гурехт”, – чунин нақл кард ыараёни ҳодисаро ин зан.

Бибираҷаби Мирзошариф баъди ин ҳодиса ҳамроҳи писараш 9 рӯз дар беморхона бистарӣ буд ва доруҳои заруриро гирифт.

Ба гуфтаи ӯ, писараш бештар аз пой ва пешонияш захм бардошта, худаш аз дасту китфонаш захм бардошт.

Зимнан, овозаи захмӣ шудани модару фарзанд миёни сокинони деҳа дар бораи ҳайвони ваҳшии ҳамлагар сару садоҳои зиёдро ба миён овард. Баъзеҳо мегӯянд, шағол ба онҳо ҳамла кардааст. Вале Бибираҷаби Мирзошариф мегӯяд, хонааш дар домани куҳ аст аст ва шағолро ҳамарӯза мебинанд, ҳатто ба ҳавлишон медарояд ва одатан он одамро бинад мегурезад:

“Ин даррандае, ки моро захмӣ кард аниқ гургбача аст”.

Ҳаётулло Ғафуров, раиси деҳаи Басманда дар суҳбат бо “Азия-Плюс” ҳодисаро тасдиқ кард ва гуфт, “хуб мешуд масъулони Хоҷагии ҷангал ба ин масъалаҳо таваҷҷуҳ кунанд”.

Дар як моҳи охир ин сеюмин ҳодисаи ҳамлаи гург ба сокинони деҳаи Басманда ва чорвои онҳо аст. Аз ҷумла, рӯзи 28-уми ноябр як гург ба ду чупон, ки сокини ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштич буданд, ҳамла карда, онҳоро захмӣ кард.

Ҳодисаи дуюм, рӯзи 22-юми ноябр рух дод ва як гург беш аз 10 чорвои сокинони деҳаи Басмандаро кушта, чанд чорвои дигарро захмӣ карда буд.

Солҳои гузашта, махсусан дар фасли сармо ҳайвоноти ваҳшӣ, ба сокинони минтақҳои кӯҳии кишвар ва чорвои онҳо ҳамла карда, онҳоро захмӣ ва гоҳо ба ҳалокат расонида буданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...