Куштори навраси 10-солаи тоҷик дар мактабе дар Русия. Сафорати Тоҷикистон ба ВКХ Русия ёддошти расмӣ фиристодааст

Asia-Plus

Сафорати Тоҷикистон дар Русия куштори навраси 10-солаи тоҷик дар як мактаби вилояти Маскавро таҳти назорати қатъӣ гирифта, дар робита ба ҳодисаи мазкур ба ВКХ-и Русия ёддошти расмӣ фиристодааст.  Дар ин бора аз ВКХ-и Тоҷикистон ба "Азия-Плюс" хабар доданд.

Аз ин ниҳод расман тасдиқ карданд, ки навраси 10-солаи кушташуда Қобилҷон Алиев, шаҳрванди Тоҷикистон аст. 

"Мавзӯи мазкур таҳти назорати қатъии Сафорати Тоҷикистон дар Русия қарор дорад. Ёддошти расмӣ ба Вазоркати корҳои хориҷии Русия ирсол шудааст. Сафорат бо модари марҳум ҷиҳати мусоидат дар тамоси доимӣ мебошад", – гуфтанд аз ВКХ-и Тоҷикистон.

Ин ниҳод ба наздикони навраси кушташудаи тоҷик ҳамдардӣ карда, изҳори умедворӣ кард, ки ҳодиса аз сӯи мақомоти марбутаи Русия одилона тафтиш мешавад ва гунаҳкор ҷазои сазовор мегирад.

Ҳодисаи ҳамлаи як наврас ба мактабе дар ноҳияи Одинсовои вилояти Маскав субҳи 16-уми декабр, тақрибан соати 9-и субҳ, рух додааст. Кумитаи тафтишоти Русия гуфтааст, ки ин ҳодиса дар шаҳраки Горки-2-и ноҳияи Одинсово рух дода, ҳамлагар як навраси 15-сола ва шаҳрванди Русия аст.

Ба навиштаи манбаъ, ин наврас ба муҳофиз ва як хонандаи 10-сола бо корд зарба задааст. Дар натиҷа хонандаи 10-сола аз ҷароҳати бардошта ҷон бохтааст. Аммо ин ниҳод дар бораи шахсияти кушташуда ва шаҳрвандии ӯ иттилоъ надодааст.

Дар навори воқеа, ки онро саҳифаи “Mash” нашр кард, дида мешавад, наврасе бо корд ба гурӯҳи хонандагон наздик шуда, мепурсад, “миллати шумо чист?". Муҳофиз кӯшиш мекунад, ки ӯро боздорад, аммо ҳамлавар ба рӯйи ӯ гази ашковар мепошад ва бо корд ҳуҷум мекунад. Пас аз ин, наврас дубора ба кӯдакон ҳамла карда, як писарбачаро захмӣ мекунад.

Саҳифаи “Телеграм”-и “112” иттилоъ додааст, ки модари хонандаи кушташуда дар ҳамин мактаб фаррош будааст.

Пас аз куштор, ноболиғи ҳамлавар дар яке аз синфхонаҳо худро маҳкам карда, дар ҳамон ҷо аз ҷониби нерӯҳои интизомӣ дастгир шудааст.

Радиои Озодӣ бо такя ба яке аз ҳамсоягони ин оила навишт, ки ин зан пас аз марги шавҳараш ду фарзандро ба танҳоӣ бузург мекард.

Бино ба гузориши хабаргузории ТАСС, навраси боздоштшуда ба гуноҳи худ иқрор шудааст. Алайҳи ӯ бо иттиҳоми куштор ва қасди куштор (моддаҳои 105 қисми 3, моддаи 30 қисми 2 Кодекси ҷиноии Русия) парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст.

Ба қавли хабаргузории “РБК”, муфаттишон аз ҳамлагар нусхаи дастгоҳи тарканда пайдо карданд.

Расонаҳо менависанд, ки ҳамлагар дар заминаи ҳисси миллатгароӣ ва бадбинӣ ба мактаб ҳамла кардааст: ҳамлагар пеш аз ҳодиса “манифест”-и худро бо номи "Ғазаби ман", ки дар он ӯ зидди яҳудиён, мусалмонон, зиддифашистон ва либералҳо ҳарф мезад, ба ҳамсинфонаш фиристодааст.

Дар ҳамин ҳол, навраси гумонбар аввалин нишондоди худро ба тафтишот додааст. Дар ин бора нашрияи "Газета.ру" аз қавли Кумитаи тафтишотии Русия хабар дода, навиштааст,  ки "навраси боздоштшуда эътироф кардааст, ки чанд вақти ахир барои содир кардани ин ҷиноят омодагӣ медид".

Ҷузъиёти бештар аз бозпурсии навраси боздоштшуда, ки дар синфи 9 таҳсил мекард, нашр нашудааст.

Бояд гуфт, ҳодисаҳои куштори бераҳмонаи муҳоҷирони тоҷик дар Русия кам нест. Соли 2022 Далер Бобиев, як кӯдаки 5-солаи тоҷик аз дасти парастори худ, ки шаҳрванди Русия буд, бо бераҳмии махсус кушта шуд ва ҷасадашро баъди ним сол аз дохили халтае дар ҷойи мошинҳо пайдо карданд.

Ҳамчунин, ҳодисаи таҷовуз ва қатли Ҳувайдо Тиллозодаи 5-сола вокуниши густурдае дар пай дошт. Ӯ рӯзи 22-юми июли соли 2018 аз майдончаи назди хонаашон дар шаҳри Серпухово нопадид шуда, як рӯз пас ҷасади ӯро дар борхалтаи варзишӣ пайдо карданд.

Пас аз панҷ оли мурофиаҳои додгоҳӣ, соли 2023 Александр Сёмин, як шаҳрванди Русия дар содир намудани ҷинояти вазнин – таҷовуз ва куштори бераҳмонаи шаҳрванди ноболиғи Тоҷикистон айбдор дониста шуда, ба ҳабси абад маҳкум шуд.

Бояд гуфт, куштори тоҷикон аз дасти шаҳрвандони Русия аксаран аз ҷониби мақомоти ин кишвар расонаӣ намешавад. Ин дар ҳолест, ки қонуншиканӣ ва ё ҷинояти шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам аз ҷониби расонаҳо ва ҳам мақомоти Русия барҷаста ва густурда паҳн карда мешавад. Махсусан, баъди ҳодисаи “Крокус Сити” чунин равиш батадриҷ афзуда, фишор рӯйи муҳоҷирон ва қонунҳои муҳоҷират сангин шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...