Ҷангалҳо нобуд ва хатари офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон бештар мешавад

Date:

Тағйироти иқлим барои низомҳои экологии Тоҷикистон, бахусус ҷангалҳои он таҳдиди ҷиддӣ пеш меорад. Ҷангалҳо танҳо 3% қаламрави кишварро ташкил медиҳанд, аммо нақши онҳо дар нигоҳ доштани мувозинати экологӣ хеле муҳим аст. Онҳо иқлимро танзим намуда, эрозия (бодлесӣ)-и хок ва фаромадани ярчҳоро пешгирӣ мекунанд, инчунин аҳолии маҳаллиро бо сӯзишворӣ, растаниҳои шифобахш ва ғизо таъмин мекунанд.

Бо вуҷуди ин, оқибатҳои тағйирёбии иқлим аз қабили болоравии ҳарорат ва коҳиши боришот, ба ин захираҳои табиӣ таъсири харобиовар мерасонанд.

“Акнун ҳамааш мисли оина равшан аст…”

Вақте ки Одина солҳои 1980-ум донишҷӯ буд, роҳ ба хона якчанд соат вақтро мегирифт. Деҳаашон аз роҳҳои асосӣ дур ва мошинҳо кам буданду аксар вақт ӯ пиёда мерафт. Роҳ аз кӯҳистон ва доманакӯҳҳо ва сипас аз боғи сербуттаи хучзор мегузашт. Он вақт ин ҷангал беохир ба назар мерасид: буттаҳои хуч, дарахтони ноку олуча ва дигар дарахтону буттаҳое, ки номҳои онҳоро намедонист.

Ба гуфтаи Одина, зичии ин дарахтону буттазорҳо тавре буд, ки «аз як тараф наметавонистӣ тарафи дигарро бинӣ». Ин ҷазираи ҷангалӣ дар қаторкӯҳи Ҳисор зиндагии ором, вале пурмазмун дошт – бо дамидани шамол овоз медод, ҳаворо бо бӯи хок ва гулҳои буттаҳо пур мекард. Вай барои мусофирон сояи салқин медод, барои парандагону ҳайвонот сарпаноҳ буд, одамонро бо мева ва буттамева хӯрок медод ва ҳайвонҳоро бо алафу баргҳои тару тоза парвариш мекард.

Аммо вақте ки 30 сол пас Одина боз бо ҳамон роҳ рафтанӣ шуд, манзараи тамоман диагереро дид. Ҷангал чунон кам шуда буд, ки дигар «ҳамааш мисли оина софу равшан буд» – дигар на буттазорҳои зичу на дарахтони сояафкан ва на салқинии зинда ба назар намерасид.

Ин ҷо кайҳост, ки дигар касе буттамева ҷамъоварӣ намекунад. Хучу олуча ва нок – ғизое, ки аз он гузаштагонаш табобат мегирифтанду истеъмол мекарданд, акнун дигар ҳарчи бештар дастнорас мешавад.

Ҷангалҳо дар Тоҷикистон то фурсат ёфтани ивази наслҳо тезтар аз байн мераванд.

Мушкилоти пайдошуда бар асари тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон

1. Камшавии масоҳати ҷангалҳо

Аз солҳои 1990-уми асри гузашта камшавии назарраси масоҳати ҷангалҳо дар Тоҷикистон оғоз ёфта, барои кишвар таҳдтди ҷиддии экологӣ ба бор овард. Талафёбии ҷангалҳо ба харобшавии низомҳои экологӣ, афзоиши эрозияи хок ва коҳиши захираҳои обӣ боис мегардад. Дарахтбуриҳо дар солҳои буҳрони энергетикӣ, ба ихтиёри соҳаи кишоварзӣ додани заминҳо ва тақвияти таъсири тағйирёбии иқлим, аз ҷумла болоравии ҳарорат ва камшавии боришот, омилҳои муҳими камшавии ҷангалҳо шуморида мешаванд.

Масоҳати ҷангалҳо дар Тоҷикистон 423 ҳазор гектар ё худ 3%-и қаламрави кишварро ташкил медиҳад. Лекин 100 сол пеш ҷангалҳо ҳудуди 20%-и қаламрави кишварро фаро гирифта буданд. Масоҳати ҷангалҳои туғайзор дар аввали асри 19 ҳудуди 1 млн гектарро ташкил дода, аз он вақт зиёда аз 8 баробар кам шудааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

2. Зиёдшавии фалокатҳои табиӣ

Зиёд шудани фаромадани селу ярчҳо ва хушксолиҳо тайи солҳои ахир ба таназзули ҷангалҳо оварда мерасонад.

Ин падидаҳо бар асари тағйирёбии иқлим ва таназзули ҷангалҳо, ки пештар ба сифати монеъаи табиӣ ва устувор гардонидани низомҳои экологӣ хидмат мекарданд, тақвият меёбанд.

Болоравии ҳарорат ба обшавии барфу пиряхҳо суръат бахшида, ба тезшавии маҷрои об дар дарёҳо ва хавфи афзоиши ҳодисаҳои селфароӣ боис мегардад. Ҳамзамон коҳиши боришот ва хушксолиҳои тӯлонӣ хокҳоро нисбатан хушк карда, ба резашавии он оварда мерасонанд.

Ҷангалҳо, ки метавонистанд оқибатҳои ин равандро сабук созанд, аз байн мераванд ва табиат бештар осебпазир мегардад.

Мутахассисон зикр мекунанд, ки имрӯз фалокатҳои табиӣ нисбат ба 20-30 соли пешин зуд-зуд ва шадидтар рух медиҳанд. Ин барои ҳаёти одамон хатарнок буда, манзилу роҳҳоро тахриб мекунад ва заминҳои кишту чарогоҳҳоро нобуд месозад, инчунин мушкилоти иқтимоиву иқтисодӣ дар ноҳияҳои кӯҳистони кишварро душвортар мегардонад.

Мувофиқи маълумоти Ахбори миллӣ оид ба иқлим, тайи 20 соли ахир шумори селфароиҳоиву хамидани ярчҳо тақрибан ба андозаи 25-30% афзудааст. Тибқи ҳисобу китоби мутахассисон, ҳар як панҷум ҳодисаи хамидани ярч дар ноҳияҳои кӯҳистон ба тахриби низомҳои экологии ҷангалҳо марбут аст.    

3. Осебпазирии ҷангалҳо ба сӯхтор ва зараррасонҳо

Гармшавии иқлим ҷангалҳо бештар хушк месозад ва осебпазирии ҷангалҳоро ба ҳодисаҳои сар задани сӯхтор зиёд мекунад.

Ахиран дар Тоҷикистон ҳодисаҳои сӯхтор дар минтақаҳои гуногун, масалан дар Варзоб ва Панҷакент сабт мешаванд. Мавҷуд набудани зерсохтори зарурии сӯхтор вазъиятро боз ҳам мушкилтар месозанд.

“Роҳ нест, техника ба он ҷо расида наметавонад, заминаи моддиву техникӣ суст аст”, – мегӯяд муовини директори Агентии хоҷагии ҷангали Тоҷикистон Давлаталӣ Шарифзода.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ғайр аз ин, тағйирёбии иқлим ба паҳншавии зараррасонҳо, аз ҷумла ҳашароти пӯстхӯрак мусоидат намуда, ба навъи дархтоне, ки ба Китоби сурх шомиланд, таҳдид мекунад.

Танҳо дар соли 2025 дар 9 минтақаи Тоҷикистон зиёда аз 430 гектар ҷангал аз сӯхтор осеб дидаанд.

4. Хоки Тоҷикистон қишри муҳофизатиро гум мекунад.

Ҷангалҳои Тоҷикистон дар ҳифзи хок аз эрозия (бодлесшавӣ), бахусус дар минтақаҳои кӯҳӣ нақши муҳимро иҷро мекунанд. Коҳиш ёфтани масоҳати ҷангалҳо ба  лучу бемуҳофизат мондани пастхамиву нишебиҳо боис мегардад, ки ин раванд эрозияи хокро тезонда, хавфҳоро барои соҳаи кишоварзӣ меафзояд, аз ҷумла кори обёриро душвор мегардонад.

“Бар асари болоравии ҳарорат ва коҳиши боришот, хокҳо ҳарчи бештар каммаҳсул мешаванд, – таъкид мекунад корманди илмии Институти хокшиносӣ Мурод Эргашев. – Ин ба таназзул ва камшавии ҳосилнокии хок боис гардида, минбаъд ҳосил кам мешавад ва шароитҳо барои кишоварзон бадтар мешавад”.

Дар Тоҷикистон 3,7 млн гектар замин дар бахши кишоварзӣ мавриди истифода қарор доранд.

5. Хавфҳо барои гунонии биологӣ

Коҳиши масоҳати ҷангал ва таназзули он ба гуногунии биологӣ таъсири манфӣ мерасонанд. Бисёре аз навъҳои нодири растаниҳо, аз ҷумла бодоми Вавилов ва туранга бар асари буридани ҷангалҳо ва тағйирёбии иқлим зери хавф қарор гирифтаанд.

Ба ақидаи биолог Рустам Муродов, ин ба талафи низомҳои нодири экологӣ ва баланд шудани хавфи аз байн рафтани навъҳои эндемикӣ боис мегардад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ин мушкилот таваҷҷуҳ ва талошҳои фаврӣ ҳам аз ҷониби давлат ва ҳам аҳолии маҳаллӣ, инчунин ҷалби фаъолонаи созмонҳои байнулмилалӣ ба ҷалбу ҳифзи низомҳои экологии ҷангалҳои Тоҷикистонро тақозо мекунад.

Дар ҷангалҳои Тоҷикистон ҳудуди 270 навъи дарахту буттаҳо парвариш меёбанд, ки 30 навъи онҳо ба Китоби сурх дохил шудаанд.

Тадбирҳои ислоҳи вазъ дар ҷангалҳои Тоҷикистон

1. Барқарор кардани ҷангалҳо

Дар посух ба мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим, дар Тоҷикистон барномаҳо оид ба барқарор кардани ҷангалҳо таҳия мешаванд.

Яке аз самтҳои барномаҳо бунёди масоҳатҳои нави ҷангалҳо мебошад, ки ба шароити тағйирёбии иқлим мутобиқ бошанд. Аз ҷумла, шинонидани дарахтон, аз ҷумла писта, чормағз ва саксаул ба нақша гирифта шудааст, ки ба хушксолӣ ва шароити кӯҳистон бештар устуворанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Тоҷикистон уҳдадор шудааст, ки то соли 2030 дар доираи даъвати Бонн 66 ҳазор гектар ҷангалҳои таназзулёфтаро барқарор кунад.

2. Чораҳои мутобиқсозӣ

Барои баланд бардоштани устувории низомҳои экологӣ дар Тоҷикистон инчунин тадбирҳое рӯйи даст гирифта мешаванд, ки ба ҷорисозоои тарзу усулҳои устувори фаъолият дар соҳаи хоҷагии ҷангал нигаронида шудаанд.

Барномаи рушди бахши ҷангал (солҳои 2022-2026) таъмиру навсозии ниҳолхонаҳо, афзоиши парвариши ниҳолҳо ва бунёди минтақаҳои саноатии ниҳолпарвариро дар бар мегирад.

Ин тадбирҳо ба барқарорсозӣ ва беҳбуди маҳсулнокии ҷангалҳо равона шудаанд, ки на танҳо ба беҳтар сохтани низомҳои экологӣ имкон медиҳанд, балки талаботи сокинони маҳаллиро ба масолеҳи ҷангал аз қабили чӯбу тахта ва растаниҳои шифобахш қонеъ мекунанд.

Натиҷаҳои интизоридошта аз чораҳои мутобиқсозӣ: барқарор намудани 15 ҳазор гектар ҷангал, ду баробар зиёд кардани маҳсулнокии ҷангалҳо, қатъи чаронидани чорво дар 30% қаламрави ҷангалҳо, афзоиши қонеъ сохтани талабот ба чӯбу тахта аз 0.05% то 2%, инчунин зиёд кардани теъдоди хонаводаҳо дар бахши ҷангал аз 721 то 3 500.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

3. Ҷалби сокинони маҳаллӣ

Барои муваффақона барқарор ва ҳифз намудани ҷангалҳо ҷалби аҳолии маҳаллӣ муҳим аст. Дар бархе аз ноҳияҳои Тоҷикистон, аз ҷумла Сангвор ва Шоҳин сокинони маҳаллӣ дар доираи барномаҳое, ки аз ҷониби Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) дастгирӣ мешаванд, фаъолона дар ҷамъоварии буттамеваҳо ва растаниҳои шифобахш иштирок карда, тарзу услуҳои истифодаи устувори табитаро меомӯзанд.

Чунин равиш на танҳо ба барқароршавии низомҳои экологӣ мусоидат мекунад, балки барои беҳбуди вазъи иқтисодии сокинони маҳаллӣ низ мусоидат намуда, барои таъмини рӯзгорашон бидуни зиён ба табиат имкониятҳои нав фароҳам меорад.

Аз ҷангалҳои Тоҷикистон ҳар сол 120 тонна писта, 200 тонна меваи хуч, 1,5 тонна ангат (облепиха), 122 тонна чормағзи юнонӣ, 15 тонна бодом, 600 кг зира ва 13 тонна асал ҷамъоварӣ карда мешавад.

Ба ин тариқ, тағйирёбии иқлим ба ҷангалҳои Тоҷикистон таъсири назаррас расонида, ба низомҳои экологӣ таҳдид ва ҳодисаҳои фалокатҳои табииро зиёд мекунад. Дар доираи даъвати Бонн Тоҷикистон дар самти барқарорсозии ҷангалҳо тадбирҳои муассир андешида истодааст.

Дар ин самт идомаи ҷалби аҳолии маҳаллӣ ба идоракунии устувори ҷангалҳо ва беҳтар намудани ҳифзи онҳо аз сӯхтор ва ҳашароти зараровар аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим маҳсуб меёбанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...