ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ
– Имрӯз, соати 17:00 дар “Кохи олимпӣ”-и пойтахт бозии аввали марҳалаи нимниҳоии Суперлигаи Тоҷикистон оид ба футзал сурат мегирад. Дар он дастаҳои “Истиқлол” ва “Соро компания” бо ҳам рақобат мекунанд. Арзиши билет барои вуруд 30 сомонӣ аст.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
Соли 1973 – Бонки исломии рушд таъсис ёфт.
Соли 1998 – Дар Тоҷикистон аввалин ширкати интернетрасон ба кор даромад.
Соли 2009 – Додситонии кулли Тоҷикистон нисбати се шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар урдугоҳҳои тамринӣ дар Вазиристони Покистон аз давраҳои омӯзишии махсуси диверсионӣ гузаштаанд, парвандаи ҷиноӣ боз кард.
Соли 2015 – Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даъвати панҷум пас аз суханрониҳо ва баррасии пурра Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат”-ро ҷонибдорӣ намуд.
Соли 2019 – Дар натиҷаи низои навбатӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 10 нафар аз ду ҷониб осеб диданд.
Соли 2019 – Бозори “Ҷал-Ҷам” тахриб шуд.
Соли 2020 – Маълум гардид, ки Ҷамшед Зиёев, собиқ раиси “Тоҷпромбанк” ба 8,5 соли зиндон маҳкум шудааст.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1923 – Зодрӯзи Низом Нурҷонов, яке аз санъатшиносони шинохтаи тоҷик, Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон.
Низом Нурҷонов олим, санъатшинос, театршинос дар шаҳри Бухоро ба дунё омадааст. Айни балоғати ӯ ба даврони ҷанги Шӯравӣ муқобили Олмон ё ба истилоҳ ҷанги бузурги ватанӣ рост омад ва ӯ ба ҷанг рафт. Баъди бозгашт дар Донишкадаи давлатии педагогии Шевченко таҳсил намуд ва ба фаъолияти омӯзгорӣ пардохт.
Ӯ асосгузори шуъбаи таърихи санъат дар Академияи улуми кишвар аст. Дар самти таҳқиқи санъат корҳои бузург анҷом дода, рисолаҳояшро дар риштаи “Таърихи театри шӯравии тоҷик” (солҳои 1917-1941) ва “Театри мардумии тоҷик: бар асоси маводи вилоят Кӯлоб” ҳимоя кард.
Низом Нурҷонов 18-уми марти соли 2017 дар шаҳри Душанбе баъди бемории тӯлонӣ дар синнни 93-солагӣ даргузашт.
Соли 1932 – Мавлуди Қутбӣ Киром, Шоири халқии Тоҷикистон.
Қутбӣ Киром шоир ва тарҷумони маъруфи тоҷик буда, хатмкардаи риштаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон аст. Шеъри аввалинаш соли 1957 дар журнали “Шарқи Сурх” чоп шуда, маҷмӯаи нахустини ашъораш бо унвони “Парвози меҳр” соли 1963 интишор ёфт.
Баъдан ашъори дигари дар солҳои гуногун офаридаи ӯ дар авроқи маҷмӯаҳои “Бӯйи нон”, “Илҳом”, “Рези кӯҳсор”, “Остони баланд”, “Хоки пайвандӣ”, “Камон”, “Дафтари Порис” ва қиссаи “Қатли Туғрал”, драмаҳои “Тори муҳаббат” ва “Тири маломат”, филмномаҳои “Бӯйи нон”, “Чор тан дар пайроҳа”, “Антон” мебошад.
Ӯ ашъори В. Шекспир, А.Блок, А.Мискевич, М.Лермонтов, Н.Некрасов, Л.Украинка, Ф. А. Файз, М.Карим, С.Вурғун, В.Костров ва дигаронро ба тоҷикӣ тарҷума ва баргардон кардааст.
Соли 1952 – Мавлуди Аҳмадшоҳ Комилзода, рӯзноманигори тоҷик, муовини пешини раиси ҲДТ.
Аҳмадшоҳ Комилзода аз маҳкумшудагони парвандаи “табаддулоти давлатӣ” аст, ки бо ҷурми “хиёнат ба давлат” ва “ғасби ҳокимият” айбдор шуда, 18 сол зиндонӣ гардид. Худаш ин иттиҳомотро рад кардааст.
Аҳмадшоҳ Комилзода дар поёни солҳои 90-ум узви раёсати созмони миллии “Растохез” ва мудири Телевизиони Тоҷикистон буд.
Пас аз имзои Созишномаи сулҳ ва ташкили Кумиссияи оштии миллӣ сухангӯйи ин Комиссия буд. То соли 2011 хабарнигори “Садои Амрико” дар Тоҷикистон буд.
Ӯ дар гузашта устоди кафедраи забони тоҷикӣ ва таъриху филологияи тоҷики Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон буд. Сипас муҳаррири рӯзномаи ҷумҳуриявии “Пионери Тоҷикистон”, тарҷумони забони русӣ ба форсӣ, омӯзгори забони русӣ барои афғонҳо ва забони форсӣ барои русҳо дар ҳайати Вазорати нафту гази Иттиҳоди Шуравӣ дар Афғонистон, шаҳри Мазори Шариф, Шибирғон буд.
Сипас муҳаррир шуъбаи “Ахбор”-и Телевизиони Тоҷикистон, сармуҳаррири Киностудияи “Тоҷикфилм” буд.
Соли 1992 директори Телевизиони Тоҷикистон таъин гардид. Солҳои 1995-97 хабарнигори рӯзномаи “Кайҳон”-и Эрон, солҳои 1998-2000 тарҷумон-рӯзноманигори Созмони ғайриҳукуматии “Модар”, муддате шореҳи сиёсии хабаргузории “Эн Эйч Кей”-и Ҷопон ва солҳои 2001-2013 мудири бахши Осиёи Марказӣ дар радиои “Садои Амрико” буд. Баъдан сардабири маҷаллаи тиббию маърифатии “Модар” ва то соли 2018 муҳаррири калон ва муовини директори нашриёти “Маориф”-и Вазорати маориф буд.
Комилзода ахиран муовини аввали Саидҷаъфар Усмонзода, раиси ҳизби демократии Тоҷикистон буд ва баъди боздошт гардидани раиси ҳизб, вай низ дастгир шуд. Ӯ моҳи феврали имсол ба 18 соли зиндон маҳкум шуд.
Соли 1961 – Зодрӯзи Зафар Сайидзода, мушовири пешини расиҷумҳур, собиқ сухангӯи президенти Тоҷикистон.
Зафар Сайидзода дипломати маъруфи тоҷик, рӯзноманигор, ва ходими давлатӣ буда, фаъолияти худро дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба ҳайси атташе оғоз кардааст. мансаби охирини ӯ дар самти дипломатия, консули Тоҷикистон дар Екатеринбург буд. Пеш аз ин, дар шуъбаи ташрифотӣ (протоколӣ)-и вазорат кор кардааст.
Ӯ хатмкардаи факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буда, аз соли 1983 дар кафедраҳои атеизми илмӣ ва фалсафаи ин донишгоҳ дарс медод.
Аз 15 ноябри соли 1995 то декабри соли 2003 котиби матбуоти президенти Тоҷикистон буд. Сипас, директори Оҷонсии иттилоотии “Ховар” таъйин шуда, аз соли 2008 то 31 январи соли 2014 ҳамчун сармушовири президент оид ба сиёсати хориҷӣ фаъолият дошт.
Дар бораи корномаи ӯ давр замони консули кулли Тоҷикистон дар Екатеринбург буданаш дар ин матлаби мо муфассал мутолиа кунед: Кори Зафар Сайидзода ба ҳайси Консули кулли Тоҷикистон дар Екатеринбург ба анҷом расид
Соли 2020 – Ҳисорӣ Ҷӯраев, олими химики тоҷик даргузашт.
Ҳисорӣ Ҷӯраев фарзанди овозхони шинохтаи тоҷик Акашариф Ҷӯраев 18-уми декабр бар асари беморие дар Душанбе аз олам даргузашт. Ӯ фарзанди Акашариф Ҷӯраев, Ҳофизи халқии Тоҷикистон буд.
Ҳисорӣ Ҷӯраев номзади илмҳои химия буд ва то дами марг дар Пажуҳишгоҳи илмиву таҳқиқотии ғизои Вазорати саноат ва технологияҳои нав ба сифати мудири Озмоишгоҳи назорати амнияти маҳсулоти хӯрокӣ ва маводи хоми ғизоӣ кор мекард. Ӯ ҳамчунин мушовири Пажӯҳишгоҳи дорусозии вазорати тандурустӣ низ буд.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Имрӯз, дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии муҳоҷирон қайд карда мешавад.
Ин рӯз дар аксар кишварҳои ҷаҳон бо далели ҳимоя ҳуқуқ ва озодиҳои муҳоҷирон ҷашн гирифта мешавад.
Тибқи маълумоти Бонки Ҷаҳонӣ, ҳиссаи муҳоҷирони меҳнатӣ 10-12% – и шумораи умумӣ (тақрибан 8,4 миллион) ва 20-25%-и шумораи аҳолии қобили меҳнат (аз 18 то 40-сола)-и Тоҷикистонро ташкил медиҳад.
Садҳо шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд. Сол аз сол вазъи онҳо дар ин кишвар бад шуда, зери таъқибу фишори мақомоти Русия қарор мегиранд. Солҳои охир мақомоти Тоҷикистон кӯшиш доранд, ки тақсимбандӣ ё дверфикатсияи муҳоҷиронро ба дигар кишварҳо, махсусан Корея, Британияи Кабир ва дигар давлатҳои арабӣ ва аврупоӣ ба роҳ монанд.
Имрӯз дар Созмони Милали Муттаҳид Рӯзи забони арабӣ ҷашн гирифта мешавад. Ҳадафи ин рӯз тақвияти гуногунзабонӣ ва гуногунфарҳангӣ, инчунин таъмини истифодаи баробарҳуқуқи ҳамаи шаш забони расмии СММ дар фаъолияти созмон мебошад.
Ин сана ба он хотир интихоб шудааст, ки 18-уми декабри соли 1973 дар бораи ба шумори забонҳои расмӣ ва кории Маҷмааи Умумии СММ ва кумитаҳои асосии он ворид гардидани забони арабӣ қарор қабул шуд.
Рӯзи 18-уми декабри соли 1865 ба Конститутсияи Амрико барои бекор кардани ғуломдорӣ ислоҳот ворид гардид. Ин тағйирот ба тиҷорати ғулом дар кишвар зарбаи ниҳоӣ зад. Ин муқарраротро чоряк ҳиссаи иёлоти ИМА тасдиқ карда, изҳор доштанд, ки на ғуломӣ ва на ягон шакли дигари маҷбурии кор дар ИМА минбаъд иҷозат дода намешавад.
Аммо тиҷорати ғулом дар қитъаи Амрико то охири асри XIX идома ёфт. Ин равиш соли 1886 дар Куба ва соли 1888 дар Бразилия манъ гардид. Конвенсия дар бораи манъи пурраи ғуломдорӣ ва савдои ғулом танҳо соли 1926 аз ҷониби Лигаи миллатҳо қабул карда шуд.
18-уми декабри соли 1994 дар Фаронса нигористон (галерея)-и ғорҳои Шове бо сангнавиштаҳои беназир кашф карда шуд. Спелеологи машҳури фаронсавӣ Жан-Мари Шове ва ду ёвари ӯ зиёда аз сесад акси ҳайвонотро пайдо карданд, ки баъзе аз онҳо таърихи 30-33 ҳазор сола доштанд.
Он соли 1995 ба Феҳристи ёдгориҳои таърихии Фаронса ва соли 2014 ба феҳристи ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид.
ВАЗЪИ ҲАВО
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф борида, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -4+1º, рӯзона 1+6º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5º сард, рӯзона -1+4º.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо бориши борон дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳида шиддат мегирад ва тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 2+7º гарм, рӯзона 8+13º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 0+5º гарм, рӯзона 2+7º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо борон ва дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф меборад ва дар ноҳияҳои алоҳида ҳиддат гирифта, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 2+7º гарм, рӯзона 5+10º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -3+2º, дар баъзе ноҳияҳо то 5-7º сард, рӯзона 0+5º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбӣ борон ва барф борида, дар ноҳияҳои алоҳида шиддат мегирад. Дар баъзе минтақаҳои шарқии вилоят барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 1-6º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 2+4º гарм, рӯзона 2+7º гарм, дар шарқи вилоят шабона 9-14º сард, дар баъзе минтақҳо то 17-19º сард, рӯзона -4+1º.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, борон борида, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: шабона 5+7º гарм, рӯзона 8+10º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, борон ва барф борида, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: шабона 0-2º сард, рӯзона 3+5º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон меборад. Ҳарорат: шабона 5+7º гарм, рӯзона 11+13º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон ва барф меборад. Ҳарорат: шабона 1-3º сард, рӯзона 5+7º гарм.


