“Амнияти хонандагони тоҷик бояд ҳифз шавад”. Мактуби вазири маорифи Тоҷикистон ба ҳамтои русаш дар робита ба қатли Қобилҷон

Asia-Plus

Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар робита ба қатли Қобилҷон Алиев, навраси 10 солаи тоҷик дар мактабе дар вилояти Маскав ба Сергей Кравтсов, ҳамтои руси худ мактуб ирсол карда, онро “ҳамлаи хусумати миллидошта” унвон ва маҳкум кардааст. Ӯ аз вазири маорифи Русия хостааст, ки ин ҳодисаро дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбутаи кишвараш “ҳамҷониба ва беғаразона” таҳқиқ кунад.

Вазири тоҷик дар номаи худ гуфтааст ки “ҳуқуқ ва қадру манзалати хонандагони тоҷик бояд дар ҳар гуна муҳити таълимӣ ба таври қатъӣ ҳифз карда шаванд”.

“Чунин ҳодисаҳо метавонанд аз ҷониби гурӯҳҳои ифротгаро ва миллатгарои радикалӣ бо мақсади тарғиб ва таҳрики содир намудани ҷиноятҳои нав истифода гарданд, ки ин бо арзишҳои бунёдии инсондӯстӣ, эҳтироми мутақобил ва принсипҳои таҳаммулпазирӣ комилан мухолиф аст”, – гуфтааст Раҳим Саидзода.

Қобилҷон Алиев рӯзи 16-уми декабр дар мактабе дар вилояти Маскав аз сӯйи навраси 15-сола ва шаҳрванди Русия бо корд ва бар пояи бадбинии миллӣ ба қатл расид. Гумонбар ба куштори ӯ боздошт ва барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст.

Ҷасади навраси тоҷикро дирӯз ба Тоҷикистон оварда, дар зодгоҳаш, ноҳияи Шаҳринав ба хок супурданд.

Бояд гуфт, дар пайи ин куштор чандин мақоми тоҷикитон ба ҳамтоёни руси худ занг зада, қазияро баррасӣ карданд. Аз ҷумла, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон сафири Русия дар кишварро даъват карда, нота супорид ва талаб кард, ки “тафтишоти фаврӣ, объективӣ ва беғаразонаи ин ҳодисаи фоҷиаборро анҷом диҳад ва ҳамаи шахсони дахлдорро тибқи қонун ба ҷавобгарӣ кашад”.

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохиллии Тоҷикистон дар як суҳбати телефонӣ аз ҳамтои русаш Владимир Колоколтсев хост, сабабу омилҳои ҳодисаи мазкур ҳамаҷониба санҷиш ва чораҷӯӣ карда шавад.

Юсуф Раҳмон, котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон ҳам дар суҳбати телефонӣ бо Сергей Шойгу, ҳамтои русаш куштори Қобилҷони Алиевро баррасӣ кардааст.

Ҳамчунин, Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва роҳбари Кумитаи занон ва оилаи кишвар ҳам бо нашри изҳорот ин ҳодисаро маҳкум карданд.

Аз мақомоти расмии Русия танҳо ВКХ-и ин кишвар ба ин куштори бераҳмона вокуниш кард ва ба Тоҷикистону пайвандони кушташуда ҳамдардӣ изҳор намуд. Ҳамчунин изҳор дошт, ки ҷониби Русия барои таҳқиқи беғаразона ва холисона талош мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...