Филми ҳунарии “Моҳӣ дар шаст” ба ду ҷашнвораи байналмилалии синамо роҳ ёфт

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Филми ҳунарии “Моҳӣ дар шаст”, ки кори муштараки Тоҷикистону Эрон аст, ба ду ҷашнвораи байналмилалӣ роҳ ёфтааст ва аввали соли 2026 ба Булғористон ва Банлога меравад.

Дар ин бора Муҳиддини Музаффар, коргардони филм ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфт, аллакай ба ҷашнвораҳои синамоии Булғористон ва Банлога роҳхат гирифтааст.

“Моҳӣ дар шаст” ба барномаи асосии 18-умин ҷашнвораи байналмилалии “Sofia MENAR Film Festival” шомил шуд. Ин ҷашнвора аз 15-уми январ то 1-уми феврали соли 2026 дар шаҳри Софияи Булғористон баргузор шуда, фарҳанг ва суннатҳои кишварҳои ҷаҳони исломро ба тамошобинони аврупоӣ муаррифӣ мекунад”, – гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Ӯ афзуд, ки ҳамзамон “Моҳӣ дар шаст” ба 24-умин ҷашнвораи байналмилалии синамои Даккаи Бангола (Dhaka International Film Festival) даъват шудааст ва дар бахши “Asian Competition Section” рақобат мекунад.

Ин ҷашнвора аз 10 то 18 январи соли 2026 дар пойтахти Бангола баргузор гардида, яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои синамоӣ дар Осиё ба шумор меравад. Филмҳои ин бахш аз ҷониби ҳайати доварони байналмилалӣ баҳогузорӣ мешаванд ва ҷоизаҳо барои беҳтарин филм, коргардон, бозигар, филмнома ва наворбардор пешбинӣ шудаанд.

Ғайр аз ин, Муҳиддин Музаффар мегӯяд, ки “Моҳӣ дар шаст” боз ба чанд ҷашнвораи дигари байналмилалӣ пешниҳод шудааст ва интизор меравад, ки то аввали соли 2026 боз ба чанд фестивал даъват шавад.

Филми мазкур соли 2024 пурра дар табиати Тоҷикистон сабт шуда, садобардорӣ, танзим ва оҳангсозии он дар Эрон анҷом дода шудааст. Ин таҷрибаи бесобиқа барои синамои муосири тоҷик дар даврони истиқлол ба ҳисоб меравад.

Ин филм аз чӣ нақл мекунад ва чаро онро бояд тамошо кард, дар матлаби зерини мо хонед: “Ҳафт далеле, ки филми "Моҳӣ дар шаст"-ро бояд дид”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...