Воридоти панелҳои офтобӣ то соли 2031 аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешавад

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Воридот ва таҳвили минбаъдаи панелҳои офтобӣ ва қисмҳои эҳтиётиву маҳсулоти такмилии он то соли 2031 аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод мегардад. Ҳамчунин, объектҳои ғайриманқуле, ки дар онҳо панелҳои офтобӣ насб мешавад, 5 сол аз пардохти андоз аз объекти ғайриманқул озод мешавад.  

Бо ин мазмун лоиҳаи тағйирот ба Кодекси андозро, ки ҳукумати кишвар пешниҳод карда буд, 12-уми декабр Маҷлиси намояндагон маъқул донист ва рӯзи 15-уми декабр аз ҷониби Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ шуд.

Тибқи лоиҳаи қонун, рӯзи 12-уми декабр вакилони парлумон пешниҳод карданд, ба қисми 10-и моддаи 251-и Кодекси андоз банди нав илова карда шуда, мутобиқи он “воридот ва таҳвили минбаъдаи таҷҳизоти манбаъҳои барқароршавандаи барқ (панелҳои офтобӣ бо дарназардошти табдилдиҳандаи ҷараён (инвертор) ва дастгоҳҳои захиракунандаи ҷараён), қисмҳои эҳтиётӣ ва маҳсулоти такмилии он аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд”.

Ҳамчунин, бар асоси ин тағйирот, биноҳо ё дигар моликияти ғайриманқул, ки дар онҳо панелҳои офтобӣ бо қувваи на камтар аз 0,1 МВт насб шудаанд, барои 5 сол аз пардохти андози моликияти ғайриманқул озод мешаванд. Бо ин мазмун ба қисми 1-и моддаи 347-и Кодекси андоз тағйирот ворид мегардад.

Шамсулло Хайруллозода, муовини вазири молия зимни муаррифии лоиҳа гуфтааст, ҳадафи ин пешниҳод, мусоидат ба насби бештари панелҳои офтобӣ ва дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ барои истеҳсол, воридот ва таҳвили онҳо аст.

“Қабули лоиҳаи қонун барои ба роҳ мондани истеҳсол ва фурўши панелҳои офтобӣ дар дохили кишвар замина гузошта, дар навбати худ ҷиҳати қонеъ намудани талаботи аҳолӣ бо таҷҳизоти сарфакунандаи энергияи барқ дар фасли зимистон ҳангоми камшавии қувваи барқ мусоидат менамояд”, – гуфтааст ин мақомдори тоҷик.

Ин тағйирот дар ҳоле пешниҳод ва ҷонибдорӣ мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар маҷлиси ахири ҳукумат, ки 25-уми ноябр доир гардид, ба мақомот дастур дод, ки насби панелҳои офтобӣ дар хонаҳои мардум ва васлу ҳамоҳанг кардани онҳоро бо шабакаҳои барқии кишвар омӯзанд.

Андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) андози ғайримустақимест, ки андозсупоранда барои пардохти он ба буҷа, ҳуқуқ дорад ба нархи фурӯши мол маблағи иловагӣ зам карда, аз истеъмолкунанда онро гирад. Яъне андоз аз арзиши иловашуда ба нархи молу маҳсулот таъсиргузор аст. Ҳоло ҳаҷми ААИ дар кишвар 14% аз арзиши мол аст.

Тағйироти дуввум объектҳои ғайриманқули дар онҳо таҷҳизоти панелҳои офтобӣ насбшударо аз пардохти андози объекти ғайриманқул ба муҳлати 5 сол озод мекунад.

Яъне, агар қувваи панелҳои офтобӣ 0,1 МВт, ки баробар ба 100 кВт ё бештар аз он бошад, биноҳо ё дигар моликияти ғайриманқул ба ин имтиёз (озод шудан аз андоз барои 5 сол) соҳиб мешавад.

Ҳоло дар Тоҷикистон истифодаи панелҳои офтобӣ озод буда, барои истифодаи шахсии онҳо иҷозатномаи махсус талаб карда намешавад.

Дар бораи  аз куҷо харидан, дуруст насб кардан ва дигар маълумот вобаста ба насби онҳо дар ин матлаби “Азия-Плюс” хонед: Насб ва истифода аз панелҳои офтобӣ. Иҷозатнома лозим аст ё не?

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...