Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷопон. Имзои қариб 20 санади нав ва даъват аз ширкатҳои ҷопонӣ барои азхудкунии конҳо ва таъсиси корхонаҳои муштарак

Date:

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханронии худ дар дар ҳамоиши муколамаи “Осиёи Марказӣ + Ҷопон” пешниҳод кард, ки барои рушди ҳамлу нақли транзитии борҳо дар минтақаҳои наздисарҳадии шимол ва ҷануби кишвари мо марказҳои логистикӣ ва маҷмааҳои агрологистикӣ сохта шаванд.

Ӯ имрӯз, 20-уми декабр зимни суханронии худ дар ин ҳамоиш дар шаҳри Токио, саҳми Ҷопонро дар татбиқи тарҳҳои хурду миёна дар кишвари мо баланд арзёбӣ карда гуфт, “иштироки Ҷопон дар амалӣ сохтани тарҳҳои калонҳаҷм дар Тоҷикистон, ки дорои аҳамияти миллӣ ва минтақавӣ мебошад”.

Президенти кишвар соҳаҳои гидроэнергетика, саноати коркарди маъданҳои кӯҳӣ, саноати сабук ва хӯрокворӣ, химиё ва дорусозӣ, мошинсозӣ ва металлургияро аз бахшҳои афзалиятнок номидааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

“…Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти захираҳои зиёди табиӣ, омодагии Тоҷикистонро барои ҳамкории васеъ бо шарикони ҷопонии худ дар кори истихроҷ ва коркарди онҳо иброз доштанд… Мо барои ҳамкорӣ дар бахшҳои ҳифзи гуногунии биологӣ, коркарди партовҳо ва мутобиқшавӣ ба тағйироти иқлим манфиатдорем”, – навиштааст Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон.

Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари маҳсур дар хушкӣ, ба рушди логистика ва пайвастагии нақлиётӣ аҳаммияти хоса медиҳад.

Ҳамчунин, гуфта шуд, ки такмили зерсохтори роҳҳои мошингард ва оҳан, густариши робитаҳои ҳавоӣ ва ҷорӣ намудани лоиҳаҳои рақамии логистикӣ – ин ҳама барои рушди тиҷорат, сармоягузорӣ ва иқтисодиёт дар минтақа фурсатҳои нав фароҳам меоварад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Раисҷумҳури Тоҷикистон барои густариши ҳамкории босамар чанд пешниҳод кардааст: баланд бардоштани сатҳи касбии мутахассисон, таълиму тарбияи кадрҳои техникӣ дар бахшҳои саноат ва ҷорӣ намудани технологияҳои “сабз”, таъсиси озмоишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ оид ба гидроэнергетика, кишоварзии устувор ва идораи таҳдидҳои табиӣ.

 

Имзои қариб 20 санади нави ҳамкорӣ

Ҳамчунин, дар ҳошияи ин ҳамоиш, Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 20-уми декабр дар Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон ширкат кард.

Хадамоти матбуотии роҳбари давлат менависад, ки ҳадафи баргузории ин ҳамоиш таҳкими минбаъдаи муносиботи иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷопон, хусусан бо таваҷҷуҳ ба самтҳои рушди сабз ва устуворӣ, рақамикунонӣ, молия, зарфияти инсонӣ ва рушди низоми иҷтимоӣ барои тиҷорат мебошад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Манбаъ мегӯяд, дар доираи сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷопон, дар маҷмуъ наздики 20 санади нав ба имзо расидааст:

Изҳороти муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон дар бораи рушди минбаъдаи муносибатҳо ҷиҳати эҷоди ҳамкории мутақобилан судманд;

Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷопон дар бораи ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ;

Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати иқтисод, савдо ва саноати Ҷопон дар соҳаи саноат;

Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷопон барои солҳои 2026-2028;

Ёддоштҳои табодулӣ ва Созишномаи грантӣ оид ба “Лоиҳаи таҷдиди таҷҳизоти сканкунии борҳо дар гузаргоҳи гумрукии ноҳияи Спитамен дар масири нақлиёти байналмилалии Транскаспий”;

Созишномаи грантӣ дар бораи лоиҳаи «Бунёди зеристгоҳи барқии 220 кВ барои шаҳри Душанбе»;

Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати замин, инфрасохтор, нақлиёт ва сайёҳии Ҷопон оид ба ҳамкорӣ;

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва моҳидории Ҷопон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ;

Ёддоштҳо оид ба “Лоиҳаи таҳкими низоми коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон ”.

Ҳамчунин, дар ҳошияи Бизнес-форуми минтақавии Осиёи Марказӣ + Ҷопон ва форуми тиҷоратии Тоҷикистону Ҷопон аз ҷумла чунин санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шудаанд:

Ёддошти тафоҳум миёни Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Masui Co., Ltd”;

Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати ҷопонии “Curtis Creek Co., Ltd. дар самти пешбурди содироти маҳсулоти нассоҷии  Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази муҳандисии метеорологии Ҷопон;

Ёддошти тафоҳум миёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ва ширкати ҷопонии “Splice-Lab Co., Ltd. дар самти омода намудани муҳандисони маҳаллӣ дар соҳаи сохтмони пулҳо;

Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи ҷопонии “Sansei Corporation” барои қабули мошинҳои мобилии тиббӣ.

ГАЛЛЕРЕЯ (5)





 

Даъвати ширкатҳои ҷопонӣ барои аз худкунии конҳо ва таъсиси корхонаҳои муштарак

Ҳамзамон, дар ҳошияи ин ҳамоиш Эмомалӣ Раҳмон бо Санаэ Такаичи, сарвазири Ҷопон мулоқот карда, доираи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Ҷопонро баррасӣ кардааст.

Дар ин мулоқот, ба фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ, рушди муколамаи байнипарлумонӣ ва фаъолияти муассири Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардидааст.

Хадамоти матбуотии президент менависад, ки рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод ва сармоягузорӣ, татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва инфрасохторӣ дар Тоҷикистон аз мавзуъоти муҳими мулоқот буданд. 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

“Оид ба ҷалби сармояву технологияҳо ва қарзҳои имтиёзноки Ҷопон, иштироки ширкатҳои пешрафтаи ҷопонӣ барои ташкили корхонаҳои муштараки саноатӣ дар соҳаҳои электроника, нақлиёти автомобилӣ, дорӯсозӣ, коркарди маъдан ва кишоварзӣ табодули андеша сурат гирифт”, – навиштааст манбаъ.

Пешниҳод гардидааст, ки Барномаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ барои се соли оянда (2026-2028) қабул карда шавад.

Ҳамчунин, ҷалби ширкатҳои ҷопонӣ барои азхудкунии конҳо, таъсиси  корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои коркарди пахта, пилла, сабзавоту меваҷот ва растаниҳои шифобахш зарур шумурда шудааст. 

ГАЛЛЕРЕЯ (5)





Зиёд кардани ҳиссаи бурсияҳо оид ба омода намудани мутахассисон дар соҳаҳои тиб, техникаи авиатсионӣ, амнияти иттилоотӣ ва ҳифзи муҳити зист аз мавзуҳои дигари мулоқот будааст.

Дар охир, Эмомалӣ Раҳмон аз Санаэ Такаичи даъват намуданд, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон биёяд.

Ёдовар мешавем,ки Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 18-уми декабр барои ширкат дар нахустин ҳамоиши муколамаи “Осиёи Марказӣ + Ҷопон” ба Токио рафт ва дар ҳошияи ин ҳамоиш бо мансабдорони баландпоя, аз ҷумла императори Ҷопон ва ҳамчунин бо роҳбарони ширкатҳои бонуфузи ин кишвар мулоқот кард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...