Эмомалӣ Раҳмон бо императори Ҷопон дидор кард

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки бо сафари расмӣ дар Ҷопон қарор дорад, имрӯз, 19-уми декабр, дар шаҳри Токио бо Наруҳито, императори Ҷопон дидор ва муносибатҳои ду кишварро баррасӣ кардааст. “Дастгирии Ҷопон дар татбиқи лоиҳаҳои хурду миёнаи бахшҳои инфрасохтор, нақлиёт, энергетика, кишоварзию экологӣ, инчунин, омодасозии захираҳои инсонӣ, тандурустиву беҳдошт, таъкид гардид”, – навиштааст хадамоти матбуоти раисҷумҳури […]

Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки бо сафари расмӣ дар Ҷопон қарор дорад, имрӯз, 19-уми декабр, дар шаҳри Токио бо Наруҳито, императори Ҷопон дидор ва муносибатҳои ду кишварро баррасӣ кардааст.

“Дастгирии Ҷопон дар татбиқи лоиҳаҳои хурду миёнаи бахшҳои инфрасохтор, нақлиёт, энергетика, кишоварзию экологӣ, инчунин, омодасозии захираҳои инсонӣ, тандурустиву беҳдошт, таъкид гардид”, – навиштааст хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.

Ҳамчунин, Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Токио бо Кейҷи Фуруя, раиси Гурӯҳи байнипарлумонии дӯстиву ҳамкории “Тоҷикистон-Ҷопон”, Акиҳико Танака, президенти Оҷонсии ҳамкории байналмилалии Ҷопон,  Масами Ииҷима, президенти Анҷумани савдои Ҷопон бо Русия ва давлатҳои нави соҳибистиқлол ва Ичиро Такаҳара, мудири иҷроии Созмони амнияти металлуҷӣ ва энерҷии Ҷопон дидору гуфтугӯ кардааст.

Дар ин вохӯриҳо имрӯз масоилӣ ҳамкорӣ дар соҳаҳои энерҷӣ, тандурустӣ, илм, маориф, нақлиёт, кишоварзӣ, саноат, обтаъминкунӣ, бонкдорӣ, ҳуши маснуӣ, дорусозӣ ва истихроҷи маъдан баррасӣ шудаанд.

Бояд гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷопон барои иштирок дар аввалин Ҳамоиши муколамаи “Осиёи Марказӣ – Ҷопон” сафар кардааст. Ин ҳамоиш рӯзҳои 19-20 декабр баргузор мешавад. Дар ҷараёни кори нишаст сарони кишварҳо атрофи масоили мусоидат ба рушди мустақил ва устувори минтақа табодули назар намуда, рушди минбаъда ва таҳкими ҳамкориро баррасӣ хоҳанд кард. Дар доираи нишаст ҳамчунин форуми тиҷоратӣ баргузор мегардад.

Дар кори нишаст иштироки сарони давлатҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон дар назар аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.