Зиёратгаҳи риндони ҷаҳон. Чашмандоз ба рӯзгору осори дилангези Ҳофизи Шерозӣ ва оромгоҳаш дар Эрон

Оромгоҳи Ҳофизи Шерозӣ, шоири ринди адабиёти форсу тоҷик, имрӯз зиёратгаҳи ҳазорон дӯстдорони адабиёту фарҳангу ирфон гаштааст. Рӯзноманигори “Азия-Плюс” дар Шероз ба зиёрати Хоҷа рафт ва аз рӯзгори шигифтовар, марги шоир ва оромгоҳи мавсуф гузориш таҳия кард. Шамсуддин Муҳаммад, ки барои азбар кардани кулли Қуръон тахаллуси Ҳофизро гирифт, дар асри 14 дар Шероз чашм ба ҷаҳон […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Оромгоҳи Ҳофизи Шерозӣ, шоири ринди адабиёти форсу тоҷик, имрӯз зиёратгаҳи ҳазорон дӯстдорони адабиёту фарҳангу ирфон гаштааст. Рӯзноманигори “Азия-Плюс” дар Шероз ба зиёрати Хоҷа рафт ва аз рӯзгори шигифтовар, марги шоир ва оромгоҳи мавсуф гузориш таҳия кард.

Шамсуддин Муҳаммад, ки барои азбар кардани кулли Қуръон тахаллуси Ҳофизро гирифт, дар асри 14 дар Шероз чашм ба ҷаҳон кушод. Ӯ дар хурдӣ ятим монда, дар нонвойхона кор мекард, вале ҳамзамон илми замонашро меомӯхт.

 

Зиндагиномаи дақиқи шоир дар ҷое сабт нашудааст ва аксари маълумот дар бораи хонаводаву рӯзгори ӯ аз миёни ашъораш истихроҷ шудаанд. Маълум аст, ки ӯ соҳиби зану фарзанд буда, вале азизонашро дар тӯли зиндагӣ аз даст дода, танҳо мондааст.

Ғазалҳои шӯрангези Ҳофиз ҳанӯз дар замони ҳаёташ аз Туркистон то Ҳиндустону Ироқ шӯҳратёр шуд ва имрӯз низ ҷозибаи сухани ӯ ҳазорон дилбохтагонашро аз гӯшаву канори дунё ба Шероз меорад.

Риштаи умри Ҳофиз дар ҳудуди 65-солагиаш канда шуд ва дар гулгашти зодгоҳаш мадфун гашт. Ҳоло ин маконро Ҳофизия ё оромгоҳи “Хоки мусалло” меноманд ва он яке аз муҳимтарин ҷозибаҳои гардишгарии Эрон маҳсуб мешавад. Ба гуфтаи худи шоир, зиёратгаҳи риндони ҷаҳон гаштааст:

Ба сари турбати мо чун гузарӣ ҳиммат хоҳ,

Ки зиёратгаҳи риндони ҷаҳон хоҳад буд.

Зиндагӣ миёни майхонаву мадраса ва ринду ирфон Ҳофизро ҷовидонӣ сохтааст. Ҳоло Ҳофизро яке аз беҳтарин ғазалсароёни забони форсӣ медонанд ва аз раҳовардаш ҳазорон шоири дигар илҳом гирифтаанд.

Биё, то гул барафшонему май дар соғар андозем,

Фалакро сақф бишкофему тарҳи нав дарандозем.

Агар ғам лашкар ангезад, ки хуни ошиқон резад,

Ману соқӣ ба ҳам созему бунёдаш барандозем!

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.