Беш аз $3 млрд қарзи хориҷии Тоҷикистон. Душанбе аз кӣ ва чӣ қадар қарздор аст ва барои пардохти он чӣ бояд кунад?

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Қарзи умумии хориҷии Тоҷикистон то 1-уми октябри соли 2025 ба беш аз $3,037 млрд расидааст. Дар муқоиса бо оғози соли ҷорӣ, вақте ки қарз ба $3,188 млрд баробар буд, ин рақам $151 млн ё 4,7 фоиз кам шудааст. Дар ҳамин ҳол, қарзи хориҷии Тоҷикистон ба 17,2 дарсади ММД баробар аст. Мо аз Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисодшиноси шинохтаи тоҷик пурсидем, ки ин нишондиҳанда ҷои нигаронӣ дорад ё на.

 

$3 млрд Тоҷикистон қарздор аст

Қарзи хориҷии Тоҷикистон аз се манбаи асосӣ иборат аст, ки ҳар яки онҳо хусусиятҳои худро доранд. Қарзҳои бисёрҷониба қарзҳое ҳастанд, ки аз ташкилоти байналмилалӣ гирифта шудаанд. Қарзҳои дуҷониба мустақиман аз давлатҳои алоҳида гирифта шудаанд. Қарзи кафолатдор қарзҳои гирифтани ниҳоду ширкатҳо аст, вале барои он давлат кафолат додааст. Аз ин рӯ, дар сурати пардохт накардани ширкатҳо давлат уҳдадор мешавад, ки онро пардозад.

 

Чин – қарздиҳандаи асосӣ

Дар байни қарздиҳандагони Тоҷикистон Ҷумҳурии Халқии Хитой (Чин) мавқеи пешбари худро нигоҳ доштааст. Мувофиқи маълумоти расмӣ, Душанбе ба Пекин зиёда аз $700 млн қарздор аст, ки ин беш аз як чоруми қарзи умумии хориҷиро ташкил медиҳад. Қарзи Тоҷикистон ба Чин асосан тавассути Эксимбонки ин кишвар пешниҳод карда шудааст ва барои амалисозии лоиҳаҳои инфрасохторӣ, аз ҷумла роҳсозӣ ва объектҳои энергетикӣ истифода шудааст.

Вале тибқи маълумоти расмии Вазорати молияи Тоҷикистон, кишвари мо аз Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд, Бонки Исломии Рушд ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд низ маблағҳои нисбатан зиёд қарздор аст.

 

Анвои қарзи хориҷии Тоҷикистон дар баргаҳои “Азия-Плюс”​​​​​​​

Дар доираи қарзи бевоситаи давлатӣ якчанд зернамуд вуҷуд доранд. Қарзҳои бисёрҷониба аз ҷониби созмонҳои байналмилалии молиявӣ пешниҳод карда мешаванд, ки аъзои зиёде доранд. Чунин қарзҳо одатан шартҳои муфидтар – суди поинтар ва мӯҳлатҳои дарозмуддаттар доранд.

 

Қарзҳои дуҷониба байни ду ҳукумат ё бонкҳои миллии онҳо баста мешаванд. Дар ин категория қарзи Чин тавассути "Эксимбонк" ($744,81 млн) ва қарзи Олмон тавассути бонки "KfW" ($16,20 млн) низ ҷойгиранд.

 

Қарзҳои кафолатнок навъи алоҳида мебошанд – дар ин ҳолат давлат барои қарзҳои субъектҳои хоҷагидорӣ кафолат медиҳад. Агар ин ташкилот наметавонанд қарзро бипардозанд, масъулият ба зиммаи буҷети давлатӣ меафтад.

Қарзи бевоситаи давлатӣ калонтарин қисми воми берунаро ташкил медиҳад – қариб 95,5% ё наздик ба $2,9 млрд. Ин қарзҳоеанд, ки бевосита Ҳукумати Тоҷикистон қабул кардааст ва худи ҳукумат барои пардохти онҳо масъулият дорад. Чунин қарзҳо одатан барои лоиҳаҳои давлатӣ, такмили инфрасохтор ва буҷети умумӣ истифода мешаванд.

Вомбаргҳо (евробонд) – қоғазҳои қиматноке, ки дар бозорҳои байналмилалии молиявӣ фурӯхта мешаванд. Тоҷикистон дар соли 2017 нахустин маротиба Евробонд дар ҳаҷми $500 млн барои 10 сол бо даромаднокии солонаи 7,125% баровард.

 

Хидматрасонии қарз дар соли 2025​​​​​​​

Дар давоми 9 моҳи соли 2025 Тоҷикистон барои хидматрасонии қарзи хориҷӣ маблағи қобили таваҷҷуҳе сарф кардааст. Ба иттилои Вазорати молияи Тоҷикистон, танҳо барои пардохти қарзи асосӣ $312,58 млн ҷудо карда шуд, боз $64,67 млн барои пардохти фоизҳо истифода гардид. Дар маҷмӯъ, хидматрасонии қарз $377,25 млн-ро ташкил дод.

Ҷолиби диққат аст, ки дар ҳамин давра Тоҷикистон қарзҳои нав ба маблағи $109,89 млн қабул кардааст. Яъне, пардохтҳо аз қарзгирии нав зиёд будаанд.

 

Нақшаҳои соли 2026​​​​​​​

Буҷети пешниҳодшудаи соли 2026 нишон медиҳад, ки ҳукумат ба сиёсати идомаи хидматрасонии қарз ва якҷоя аз он қарзгирии нав пойбанд мондааст. Барои хидматрасонии қарзи асосии хориҷӣ 5,1 млрд сомонӣ ($548 млн) пешбинӣ шудааст – ин зиёда аз он аст, ки дар 9 моҳи соли 2025 сарф шуд.

Дар хидматрасонии қарз на танҳо буҷети марказӣ, балки корхонаҳои давлатӣ низ иштирок хоҳанд кард. Ширкати “Барқи тоҷик” бояд 1,553 млрд сомонӣ барои пардохти қарз ҷудо кунад – ин зиёдтарин рақам дар байни ширкатҳост.

Ширкати алюминии тоҷик 84 млн сомонӣ, Роҳи оҳани Тоҷикистон 80,2 млн сомонӣ пардохт хоҳанд кард. Корхонаҳои дигар – “Обу корези Душанбе”, “Тоҷиктрансгаз”, “Помир энержӣ” ва “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” низ саҳми худро хоҳанд гузошт.

 

Ҳамзамон, соли 2026 ҳукумат мехоҳад барои лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ беш аз 6,3 млрд сомонӣ ($678 млн) қарзҳои нав ҷалб намояд. Ин маъно дорад, ки гардиши қарзӣ идома хоҳад ёфт – қарзҳои кӯҳна пардохт, ҳамзамон қарзҳои нав қабул карда мешаванд.

Барои пардохти қарзи дохилӣ низ 473 млн сомонӣ дар нақша аст, ки қисми онро аз буҷети ҷумҳуриявӣ ($152,6 млн) ва қисми дигарро аз даромадҳои амонати Вазорати молия дар Бонки миллӣ ва аз фурӯши амволи бонкҳои барҳамхӯрда – “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” – пӯшонидан пешбинӣ шудааст.

 

“Ҷойи нигаронӣ нест, аммо…”​​​​​​​

Қарзи хориҷии Тоҷикистон, ки имрӯз бештар аз $3 миллиардро дар бар мегирад, 17,2 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и кишварро ташкил медиҳад. Як соли пеш ин нишондаҳанда ба 22 дарсади ММД баробар буд. Мо аз коршинос пурсидем, ки ин нишондиҳанда ҷои нигаронӣ дорад ё на.

Ба қавли профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисодшиноси шинохтаи тоҷик, ин миқдори қарз барои давлати рӯ ба тараққие чун Тоҷикистон дар доираи меъёр аст ва ҷои ташвишу нигаронӣ надорад.

“Агар қарзи хориҷии Тоҷикистон 17,2 дарсади ММД-ро ташкил диҳад, метавонем онро меъёр ё ҳатто аз меъёр кам ҳам гӯем. Агар ба кишварҳои ҳамсоя ҳам ба муқоиса гузорем, ин нишондиҳанда хеле ночиз аст. Зеро барои давлатҳое, ки ба муносибатҳои бозорӣ мегузаранд, нишондиҳандаи қарзи хориҷӣ атрофи 35 дарсад аст”, – гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Ӯ гуфт, кам шудани қарзи хориҷии Тоҷикистон, аз як сӯ ба кам қарз додани давлатҳои хориҷиву созмонҳои байналмилалӣ марбут бошад, аз сӯйи дигар пайдо шудани имкониятҳои зиёди молиявӣ омили таъсиррасон шудааст.

Профессор Умаров афзуд, “дар баробари коҳиши қарзи хориҷӣ, моро зарур аст, ки қарзҳои минбаъд мегирифтаро бо хусусияти гуногунсамтӣ гирем, яъне қарзро на аз як давлат ё як созмони байналмилалӣ, балки аз чанд давлату созмонҳои байналмилалӣ гирем. Агар фақат аз як давлат ё созмон қарз гирем, вобастагиамон ба он зиёд мешавад ва қарздиҳанда метавонад бо ҳар навъе ба сиёсати Тоҷикистон таъсир расонад”.

 

“Ҳамзамон, кишвари моро зарур аст, ки байни сармоягузории мустақими хориҷӣ ва қарзҳои берунӣ таносубро риоят кунад. Кӯшиш кардан даркор аст, ки қарзҳои берунӣ аз сармоягузории мустақими хориҷӣ якчанд маротиба камтар бошад. Ҳоло сармоягузории мустақими хориҷӣ зиёдтар шудааст, вале ҳамоно чашмрас ва ба иқтисоди кишвар таъсиррасон нест”, – гуфт иқтисоддони тоҷик.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров таъкид кард, ки бояд ба стратегияи қарзи хориҷии Тоҷикистон тағйирот ворид шавад. Аз ҷумла, бояд саҳм ва суди давлат аз қарзҳои хориҷӣ кам ва даромади ширкату корхонаву ниҳодҳо аз он зиёд шавад. Ҳоло бозори пул бештар ба фоидаи давлат аст.

Инчунин, ӯ иброз дошт, ки Вазорати молияи Тоҷикистон, ки масъули баргардонидани қарзҳои хориҷӣ аст, бояд мониторинги дақиқ гузаронад ва нақшаи истифодаи самаранок ва баргардонидани қарзро дошта бошад, то вақти баргардонидани вом ба мушкил мувоҷеҳ нашаванд.

“Ҳоло Вазорати молия мониторинг мегузаронад, вале қонеъкунанда нест. Баъзан муҳлати баргардонидани қарз мегузарад. Ҳангоми мониторинг бояд таҷрибаи давлатҳои пешрафтаро истифода барем”, – гуфт Ҳоҷимуҳаммад Умаров.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...