Лоиқ Раҷабов, размикори шинохтаи тоҷик аз “UFC” берун карда шуд

Ташкилоти маъруфи “UFC” шартномаи ҳамкориро бо Лоиқ Раҷабов, размикори шинохтаи 35-солаи тоҷик дар намуди муҳорибаҳои омехта (ММА) бекор кардааст. Дар ин бора “UFC Roster Tracker” хабар дода, навиштааст, ки шартнома бо чанд размикор, аз ҷумла Лоиқ Раҷабов тамдид карда нашуд. Сабаби бекор шудани шартномаи ҳамкорӣ миёни размикори тоҷик ва ташкилоти маъруфи “UFC” маълум нест. Вале […]

Asia-Plus

Ташкилоти маъруфи “UFC” шартномаи ҳамкориро бо Лоиқ Раҷабов, размикори шинохтаи 35-солаи тоҷик дар намуди муҳорибаҳои омехта (ММА) бекор кардааст. Дар ин бора “UFC Roster Tracker” хабар дода, навиштааст, ки шартнома бо чанд размикор, аз ҷумла Лоиқ Раҷабов тамдид карда нашуд.

Сабаби бекор шудани шартномаи ҳамкорӣ миёни размикори тоҷик ва ташкилоти маъруфи “UFC” маълум нест. Вале аксаран, сабаби ин тасмимро ба беш аз як сол ширкат накардани ӯ дар мусобиқаҳо маънидод мекунанд.

Вале худаш чанд рӯз пеш, бо нашри як паём дар саҳифаи "Инстаграм"-аш шарҳ дод, ки чанд моҳи охир барои ӯ хеле душвор буд: ӯ се маротиба пай дар пай ҷароҳат бардошт ва қарор кард, ки вазнро иваз кунад ва ба дивизиони 77 кг гузарад. Ба таъкиди ӯ, ҳамаи ин дар маҷмӯъ имкон надод, ки "ритм"-и рақобатии худро нигоҳ дорад.

Лоиқ Раҷабов, ки ҳамчунин бо “Танки тоҷик” машҳур аст аз соли 2012 инҷониб дар мусобиқаҳои касбии муҳорибаҳои омехта (ММА) ширкат мекунад. Дар умум, ин размикори тоҷик дар ММА  25 рақобат баргузор карда, 18 пирӯзӣ, 6 бохт ва 1 мусовӣ дорад.

Лоиқ Раҷабов соли 2023 бо ин ташкилот шартнома баста буд. Ӯ дар доираи “UFC” 4 муҳориба баргузор карда, дар дутояш пирӯз ва дар дутои дигар мағлуб шуда буд. Дар охирин муборизаи худ, дар моҳи июли соли 2024, Раҷабов дар “UFC on ESPN 60” аз Трей Огдени амрикоӣ мағлуб шуда буд.

Ҳамакнун, баъди берун гардидани Лоиқ Раҷабов аз ташкилоти “UFC”, дар он се размикори дигари тоҷик Нурулло Алиев, Муҳаммад Наимов ва Муин Ғафуров боқӣ монданд, ки ҳеҷ кадомашон ба феҳристи 15-гонаи беҳтаринҳои вазни худ ворид  нашудаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио