Соли мудҳише барои кӯдакони тоҷик. Аз фоҷеаи Хусрав то куштори Қобилҷон

Date:

Пурсарусадотарин ҷиноятҳои солро ба хотир меорем, ки ба ҷомеаро ба ҳайрат оварда, чандин мушкилоти то ин замон кам таваҷҷуҳшударо ба маъраз гузоштанд. Пеш аз ҳама масоили ҳалталаб дар самти ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ва риояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон доғтар шуд.

Шиканҷа ва куштори кӯдак аз ҷониби падар

Хусрав Одинаеви 15-соларо падараш Парвиз Одинаев аввал дар хона лату кӯб карда, сипас ба дашт мебарад ва ӯро ба қисми қафои автомашина баста, ҳудуди 100 метр кашола мекунад. Дар натиҷа наврас ҷароҳатҳои вазнин бардошта, то расидани ёрии тиббӣ дар хона ба ҳалокат расид.

Аз ин ҷиноят дар саросари кишвар изҳори нигаронӣ шуд ва он ҷой доштани мушкили хушунати хонаводагиро ошкор кард.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Наврас Хусрав Одинаев, ки аз ҷониби падараш Парвиз Одинаев кушта шуд

Рӯзи 11 ноябр Додгоҳи олии Тоҷикистон падари наврас Парвиз Одинаевро ба 25 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” яке аз пайвандони ӯ хабар дод.

Қатли бераҳмонаи модару 3 фарзандаш дар ноҳияи Рӯдакӣ

Ҷиноят дар деҳаи Дарёободи ноҳияи Рӯдакӣ содир шуд. Шаби 5 ба 6-уми сентябр Шаҳло Назароваи 44-сола ва се фарзанди ӯ – Ҳабибаи 17-сола, Ҳамидаи 15-сола ва ва Шарафи 12-сола кушта шуданд. Ягона касе, ки аз ин оила зинда монд, падари хонавода Ҳалим Иброҳимов аст, ки замони рух додани фоҷеа дар Русия қарор дошт.

Таҳқиқоти ин куштор душвор сурат гирифта, ба паҳншавии овозаҳо миёни сокинони маҳаллӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ боис шуд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки ҳадафи ҷиноят ба даст овардани пул будааст. Ба иттилои ин ниҳод, ҷинояткор Сайфулло Азимов ҳамсояи оила буда, борҳо дар хонаи онҳо меҳмон шуда буд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Сайфулло Азимов, ки барои куштани зан ва се фарзандаш дар ноҳияи Рӯдакӣ гунаҳкор шуд

Ӯ Нуъмон Саидови 16-сола, яке аз хешовандони худро ба ин ҷиноят ҷалб кард.

Ба иттилои ВКД, Азимов ҳамроҳи Саидови ноболиғ амал карда, аҳли оиларо ба қатл расониданд. Маълум шуд, ки зан аз зарбаҳои сершумори корд ва фарзандони ӯ – аз зарбаҳои болға ба ҳалокат расидаанд.

Ҳалим Иброҳимов, роҳбари хонавода қаблан изҳор дошта буд, ки ба фарзияи дар ҷиноят даст доштани танҳо 2 нафар шубҳа дорад ва аз эҳтимоли иштироки дигарон низ ҳарф зада буд, лекин мақомоти тафтишот ин маълумотро тасдиқ накарданд.

Сайфулло Азимов дар содир намудани ин ҷиноят гунаҳкор дониста шуда, ба ҳабси абад маҳкум шуд. Мурофиаи додгоҳӣ нисбати Нуъмон Саидови ноболиғ ҷудогона гузашта, аммо аз ҷузъиёти ҳукми ӯ ба расонаҳо маълумот дода нашуд.

Фоҷеа дар кӯдакистони хусусӣ

Парвандаи ҷиноятӣ ва пурсарусадои дигар дар соли 2026 ҳалокати кӯдаки 2-сола дар кӯдакистони хусусии “Саволу ҷавоб”-и пойтахт буд.

Ин ҳодисаи фоҷеабор рӯзи 19 май рух дод. Тибқи фарзияи тафтишот, кӯдак ҳангоми хоби рӯзона дар панҷараи кати дуқабата овезон шуда, нафасгир шуд. Дар ин вақт мураббӣ дар хонаи хоб ҳузур надошт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Яке аз кӯдакистонҳо дар Тоҷикистон

Дар робита ба ин ҳодиса мақомоти додситонӣ нисбат ба 5 нафар – мудир, мураббӣ, 2 корманди масъул ба додани иҷозатномаи фаъолият ба муассисаҳои томактабӣ, инчунин табиби санитарӣ парвандаи ҷиноятӣ боз кард.

Рӯзи 5 декабр додгоҳ ҳукм содир кард: мудири кӯдакистон Рухшона Исматуллоева ба 6 соли зиндон ва мураббӣ Боғигул Раҳимова – ба 5 соли зиндон маҳкум шуданд. Дар ҳамин ҳол, бинобар сабаби кӯдакони хурдсол доштани ҳарду маҳкумшуда, иҷрои ҳукм мавқуф гузошта шуд.

Мувофиқи маводи тафтишот, кӯдакистон ғайриқонунӣ фаъолият мекард, зеро муҳлати иҷозатномаи он аввали сол ба охир расида буд. Пас аз ин ҳодиса муассиса баста шуд.

Қатли кӯдакон ва қасди худкушӣ

Шаби 29 ба 30 июни соли 2025 дар ноҳияи Фархор ҳодисаи фоҷеабор рух дод: Мадина Ҳалимова бо 4 фарзандаш худро ба дарё партофт. Ба худи зан муяссар шуд, ки ба соҳил баромада, зинда монад, лекин ҳамаи кӯдакон ҳалок шуданд. Ҷасади як кӯдак – писарчаи 5-сола то ҳол ёфт нашудааст.

Дар ҷараёни тафтишот маълум шуд, ки зан ба ин ҳодиса бо сабаби рашки беҳад зиёд даст задааст. Ҳалимова ҳавҳарашро ба зани дуюм доштан гумонбар медонист, лекин ин нигарониҳо тасдиқи худро наёфтанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ягона акси Мадина Ҳалимова дар ВАО

Хулосаи тиббӣ ҷой доштани бемории рӯҳиро, ки дар вақти асабонӣ шудан шиддат мегирад, тасдиқ кард, лекин бемориҳои ирсии рӯҳӣ дар зан пайдо нашуд.

Рӯзи 10-уми октябри соли 2025 Додгоҳи вилояти Хатлон Мадина Ҳалимоваро дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 104 КҶ ҶТ (Одамкушӣ) гунаҳкор эътироф намуда, ӯро ба 20 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум кард.

Мақомоти тафтишот эҳтимоли даст доштани шавҳари занро дар ин амал низ санҷида, аммо далелҳои гунаҳкории ӯ дарёфт нашуданд.

Муноқишаи омӯзгор ва талаба дар Левакант

Ҳодисаи дар яке аз мактабҳои шаҳри Левакант аз ҷониби омӯзгор Фарҳод Назаров лату кӯб шудани хонандаи синфи 11-ум Меҳмед Бозоров ба оғози парвандаи ҷиноятӣ боис гардида, дар ҷомеа сарусадои зиёд ба бор овард.

Рӯзи 6-уми октябр миёни омӯзгор ва хонандаи синфи болоӣ муноқиша сар зад. Тибқи маълумоти шуъбаи маориф, хонанда рафтори нодуруст карда, бо омӯзгор ба баҳс мепардозад. Пас аз ин ӯ хонандаро “бо шаппотӣ мезанад”. Баъдан талаба амакашро ба мактаб даъват карда, аз ҳуш меравад. Навори ин лаҳза дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуда, мавриди таваҷҷуҳи зиёди ҷомеа ба ин ҳодиса гардид.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Фарҳод Назаров ва Меҳмед Бозоров

Фарзияи ҷонибҳо фарқ мекарданд. Талаба мегуфт, ки аз сараш зарба гирифта, бо ҷароҳати мағзи сар дар бемористон бистарӣ шудааст, лекин дар шуъбаи маориф изҳор доштанд, ки осеби ҷиддӣ ошкор нашуда, дубора дар бемористон бистарӣ шудани хонанда бо ташаббуси худи ҳамин оила сурат гирифтааст.

Волидони хонанда ба додситонӣ муроҷиат карда, нисбати омӯзгор мутобиқи моддаи 174 КҶ ҶТ “Иҷро накардани уҳдадорӣ оид ба таълиму тарбияи ноболиғ” парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид. Ин модда аз 52 ҳазору 500 то 75 ҳазор сомонӣ (аз 700 то 1000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо) ҷарима ё аз 1 то 2 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Фарҳод Назаров далели зарба заданро эътироф намуда, онро чораи тарбиявӣ гуфт ва изҳор дошт, ки маблағи таботати хонандаро оилааш пардохт кард. Дар Вазорати маориф таъкид доштанд, ки ба амали ҷисмонӣ нисбати хонандагон иҷоза дода намешавад, дар ҳамин ҳол, зикр шуд, ки дар ин ҳодиса “ҳарду ҷониб масъулият доранд”.

Парвандаи ҷиноятӣ баъдан ба додгоҳ ирсол гардида, ба баҳсҳои тезутунд дар ҷомеа оварда расонид. Аксарият оғози парвандаро чораи беҳад зиёд арзёбӣ карданд. Коршиносон ва шореҳон ҳодисаро ба ҷой доштани мушкилоти доимӣ дар соҳаи маориф – маоши паст, сарбории кори омӯзгорон ва паст рафтани нуфузи касб марбут донистанд.

Парвандаи кӯшиши табаддулоти давлатӣ дар Тоҷикистон

Парванда дар бораи табаддулоти давлатӣ бешубҳа ба пурсарусадотарин мурофиаи додгоҳӣ тайи солҳои ахир табдил ёфт. Он тобистони соли 2024 оғоз гардида, лекин соли 2025 ба анҷом расид, аз ин рӯ, ба ин мавод шомил шуд.  

Ҳабси сиёсатмадорону намояндагони ҳокимият, ки миёни онҳо собиқ мансабдорони баландпоя, аз ҷумла раиси Ҳизби демократ Саидҷаъфар Усмонзода, собиқ вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ ҳузур доштанд, на танҳо дар дохил, балки берун аз ҳудуди кишвар вокунишҳои пурсарусадо ба бор оварданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Маҳкумшудагон дар парвандаи табаддулоти давлатӣ

Каме баъдтар инчунин раиси пешини Шӯрои олӣ Акбаршоҳ Искандаров, рӯзноманигор Аҳмадшоҳ Комилзода, ҳуқуқшинос ва муовини раиси Ҳизби сотсиал-деморатии Тоҷикистон Шокирҷон Ҳакимов низ ба ҳабс гирифта шуданд.

Мурофиаҳои додгоҳӣ, ки пӯшида баргузор мешуданд, 14 ноябри соли 2024 оғоз шуданд. Иштирок дар кӯшиши табаддулоти давлатӣ ба сифати айби асосӣ барои ҳамаи онҳо пешниҳод шуд.

Рӯзи 5-уми феврали соли 2025 Додгоҳи олӣ Усмонзода ва Зарифӣ – ҳар кадомеро ба 27 сол ва Комилзода ва Ҳакимов – ҳар кадомеро ба 18 соли зиндон маҳкум кард. Ба дигар шахсоне, ки дар ин амал даст доштанд, аз 17 то 23 соли маҳрумият аз озодӣ ҷазо таъин шуд.

Дар ин парванда ба рӯзноманигор ва ягона зан миёни иштирокчиён Рухшона Ҳакимова таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд. Ҳакимова фаъолияти таҳқиқоти рӯзноманигорӣ машғул буда, дар бораи ришвахорӣ ва ҳолатҳои суиистифода дар сохторҳои давлатӣ матлабҳо таҳия мекард.

Додгоҳ ӯро мутобиқи моддаи “хиёнат ба давлат” муттаҳам дониста, ба 8 соли зиндон маҳкум кард. То эълони ҳукм ӯ дар озодӣ қарор дошт, зеро ду кӯдаки хурдсолашро тарбия мекард, лекин пас аз эълони ҳукм мустақиман дар толори додгоҳ ба ҳабс гирифта шуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Рухшона Ҳакимова

Аҳли ҷомеа ва ҳомиёни ҳуқуқ аз тақдири зани рӯзноманигор ва тарбияи минбаъдаи кӯдакони хурдсоли ӯ изҳори нигаронӣ карданд.

Рӯзи 1-уми апрели соли 2025 ҳамаи маҳкумшудагон, аз ҷумла Ҳакимова шикояти таҷдиди назар бурданд. Моҳи майи ҳамин сол бошад, ҳамаи онҳо ба муассисаҳои ислоҳӣ фиристода шуданд.

Ҳукм нисбати силсилакушторҳо дар Конибодом

Ба ин матлаби мо парванда дар бораи тафтишоти як силсила кушторҳо дар Конибодом, ки баҳори соли 2024 оғоз шуда буданд, низ дохил шуд.

Ҷинояти аввал шаби 28 ба 29-уми марти соли 2024 содир шуд: дар яке аз хонаҳо ҷасади 5 узви як оила дарёфт шуд. Дар моҳҳои минбаъда тибқи маълумоти расмӣ, дар шаҳр боз ҷасадҳои нав дарёфт гардида, то замони анҷоми тафтишот теъдоди кушташудагон аз 7 оила ба 23 нафар расид.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ин силсилакушторҳо ба нигаронии шадид дар ҷомеа боис гардид. Сокинони маҳаллӣ наворҳои шахсони ниқобпӯшро сабт карда, шабона дар назди манзилҳои худ навбатдорӣ ва дар шабакаҳи иҷтимоӣ баҳс мекарданд.

Моҳи декабри соли 2024 Додситонии кул аз боздошти 4 гумонбар хабар дод, лекин амалҳои тафтишот дар соли 2025 ҳам идома ёфтанд. Баъдан дар шарҳу тавзеҳоти расмӣ тасдиқ шуд, ки ҷиноятҳо бо мақсади ғоратгарӣ ва азхудкунии амводи ҷабрдидагон содир шудаанд.

Қарорҳо дар робита ба ин ҳодисаҳо низ соли равон қабул шуданд. Моҳи июн хабар дода шуд, ки гунаҳкор ба куштори зану шавҳар Умроновҳо ба 20 соли зиндон маҳкум шуд. Моҳи июли соли 2025 нисбати 4 гумонбари асосӣ ҳукми ҳабси абад содир шуд.

Дастдарозӣ ба номус аз ҷониби омӯзгор  

Ба матолиби пурсарусадои сол ҳодисаи дастдарозии омӯзгори забони англисӣ дар Душанбеӣ ба номуси толибаҳояш буд.

Улуғбек Алимурзаеви 50-сола чандин сол дар хонаи худ машғулиятҳои инфиродӣ мегузаронид. Рӯзи 8-уми июл чанде аз духтарон дар Facebook дар маърази ом ӯро ба рафтори ношоиста айбдор карданд. Яке аз духтарон изҳор дошт, ки омӯзгор аз лабҳои ӯ бӯсидааст.

Нашри он вокуниши густардаи ҷомеаро ба бор овард. Ба баррасии масъала ҷамъияти Tell Me Sister, ки ба занони ба хушунат ва дастадрозӣ дучоргардида кумак мекунад, ҳамроҳ шуд. Дар зернавиштҳо далелҳои нав аз дигар ҷабрдидагон пайдо шуданд.

Пас аз шикоятҳо мақомоти милитсияи пойтахт Алимурзаевро боздошт кард. Нисбати муаллим мутобиқи қисми 2 моддаи 142 (Ҳаракати бадахлоқона)-и КҶ ҶТ, ки дар он аз 2 то 5 сол ҷазои маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ шудааст, парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуд.

Айни замон омӯзгор дар ҳабс қарор дошта, тафтишот идома дорад.

Латукӯби бераҳмона

Як силсила ҳодисаҳои муноқишаҳои оилавӣ, ки лату кӯби бераҳмонаро дар пай доштанд, низ аз ҷумлаи ҷиноятҳои пурсарусадо маҳсуб меёбанд.

Дар Кӯлоб модару духтараш як зан ва кӯдаки 3-солаи ӯро бераҳмона латукӯб карданд. Ин ҳодиса дар видео сабт шуда, базудӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд ва мавҷи норозигиву нигарониҳоро ба бор овард.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Лату кӯби зан дар пеши чашмони писари хурдсолаш

Дар ҷараёни тафтишот маълум шуд, ба Савсанбибии 29-сола ва модари 55-солаи ӯ аз рашк ба Кибриёи 32-сола дарафтодаанд. Занро аз муйҳояш кашола карда, бо дастонашон ба зан ва бо тасма ба кӯдак зарба мезаданд. Аз рӯйи ин далел мутобиқи моддаи “Азобу шиканҷа” парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, гумонбарон ба ҳабс гирифта шуданд.

Дар Исфара низ боз як ҳодисаи ба ин монанд рух дод. Ҳомид Мадаминови 51-сола набераҳои худ – писарбачаҳои 5 ва 7-соларо бо қубури резинӣ лату кӯб кард. Мард эътироф кард, ки дар ҳолати мастӣ аз машрубот қарор дошта, амалҳои худро идора карда наметавонист.

Нисбат ба амали мард парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, ӯ дар ҳабс қарор дорад.

Ҳалокати наврас дар кордкашӣ миёни мактабхонҳо

Имсол мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар бораи бисёр ҳодисаҳои кордкашӣ миёни наврасон хабар доданд. Бар асари яке аз чунин ҳодисаҳо хонандаи мактаб ҳалок шуд.

Бино ба маълумоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, муноқишаи лафзӣ миёни хонандагони яке мактабҳои пойтахт ба ҷанҷол бо истифода аз корд расид. Тибқи маълумоти пешакӣ, дар ҷанҷолу занозанӣ то 15 ноболиғ иштирок карда, яке аз онҳо ҷароҳати вазнин гирифта, ба ҳалокат расид. Боз як нафари дигар бо ҷароҳатҳои вазнин дар беморхона бистарӣ шуд.

Аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, маводи он ба додгоҳ ирсол шудааст. Барои содир намудани чунин ҷиноят дар шакли аз 8 то 15 сол ҷазои зиндон пешбинӣ шудааст.

Куштори Қобилҷон Алиев

Ин ҷиноят берун аз Тоҷикистон содир шуд, лекин бинобар сабаби дар заминаи миллатгароӣ рух додани он ва вокунишҳои зиёди ҷомеаи ҷаҳон онро ба ин мавод ворид кардем.

Рӯзи 16 декабр дар яке аз мактабҳои вилояти Маскав Қобилҷон Алиеви 10-сола кушта шуд. Ба ин кӯдак мактабхони 15-сола ва шаҳрванди Русия дар заминаи "нафрати миллӣ" ва миллатгароӣ ҳамла кард. Ӯ дар ҷойи ҳодиса боздошт шуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Қобилҷон Алиев

Нисбат ба навраси 15-сола аз рӯйи далелҳои куштор ва суиқасд ба он парвандаи ҷиноятӣ боз шуд. Аммо ҳуқуқшиносон таъкид мекунанд, ки дар рафтори гумонбар ба ҷиноят нишонаҳои баръалои террористӣ ва экстремистӣ мушоҳида мешавад. Гумонбар дар ҳабс қарор дошта, тафтиш идома дорад.

Куштори Қобилҷон мавриди вокуниши дипломатӣ қарор гирифт. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз ин ҳодиса изҳори нигаронӣ карда, онро ҳамчун ҷиноят дар заминаи "нафрати миллӣ" арзёбӣ кард. Ба сафири Русия бо талаби таҳқиқи воқеии ҳодиса нота супурда шуд. Сафорати Тоҷикистон ҳодисаро зери назорат гирифт.

Рӯзи 22 декабр президенти Русия Владимир Путин зимни вохӯрӣ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба оилаи навраси фавтидаи тоҷик ҳамдадӣ баён намуда, ин ҳодисаро ҷинояти мудҳиш ва амали террористӣ арзёбӣ кард. Путин ваъда кард, ки гунаҳкорон муҷозот хоҳанд шуд.

Ҷасади Қобилҷон ба Тоҷикистон интиқол ёфта, дар зодгоҳаш ба хок супурда шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...