Нерӯҳои дохилии Тоҷикистон ба фармондеҳи кулли интизомии Эрон паҳподҳои худро нишон додаанд

Родон Аҳмадризо, фармондеҳи кулли интизомии Эрон, дар доираи сафараш ба Тоҷикистон, рӯзи 25-уми декабр аз ягонҳои Фамондеҳии нерӯҳо (ҷузъу томҳои Раёсати қӯшунҳо)-и дохилии ВКД боздид кардааст. Дар ҷараёни ин боздид, ӯ ба шуъбаи махсуси зудамали воҳиди низомии 3502-и Маркази навоварии Нерӯҳои дохилӣ рафта, “бо дастовардҳои муосири соҳа” шинос шудааст. Тибқи иттилои расмӣ, ба ӯ техникаву […]

Asia-Plus

Родон Аҳмадризо, фармондеҳи кулли интизомии Эрон, дар доираи сафараш ба Тоҷикистон, рӯзи 25-уми декабр аз ягонҳои Фамондеҳии нерӯҳо (ҷузъу томҳои Раёсати қӯшунҳо)-и дохилии ВКД боздид кардааст. Дар ҷараёни ин боздид, ӯ ба шуъбаи махсуси зудамали воҳиди низомии 3502-и Маркази навоварии Нерӯҳои дохилӣ рафта, “бо дастовардҳои муосири соҳа” шинос шудааст.

Тибқи иттилои расмӣ, ба ӯ техникаву таҷҳизоти махсуси низомӣ, паҳподҳои хурд (дронҳо) ва сомонаи паҳподии шиносоии ҳавоиро, ки дар фаъолияти  Нерӯҳои дохилӣ истифода мешудаанд, нишон додаанд.

 

Ҳамчунин, Родон Аҳмадризо аз тамринҳои шуъбаи зудамал, ки дар он низомиёни тоҷик “истифода аз силоҳҳои муосир, усулҳои ҷанги тан ба тан ва ҳамоҳангии ягонҳо дар амалиётҳои махсус”-ро ба намоиш гузоштаанд, боздид кардааст.

Пештар аз ин Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон бо Родон Аҳмадризо дидор карда, “ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, тартиботи ҳуқуқӣ ва амниятиро мавриди  баррасӣ қарор додаанд”.

 

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, дар ин мулоқот, ки ҷонибҳо барои муқовимати муассир бо терроризму ифротгароӣ, инчунин, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва сайберҷиноятҳо андешидани иқдомҳои муштаракро зарур донистаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.