Соли гузашта Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни мулоқоту суханрониҳояш аз кори баъзе ниҳодҳо интиқод кард ва баъзеи дигарро таъриф кард. “Азия-Плюс” дар матлаби зерин интиқоду таърифҳои Эмомалӣ Раҳмонро, ки давоми соли 2025 дар вохӯрӣ бо намояндагони ниҳодҳои гуногун садо дод, гирдоварӣ кард.
Аз фаъолият то забондонии додрасҳо
Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 4-уми марти соли 2025 дар мулоқот бо кадрҳои тозатаъин дар мақомоти додгоҳӣ ва додситонӣ, ислоҳи камбудиҳо, аз ҷумла риояи мӯҳлати баррасии парвандаҳо, таъмини адолати додгоҳӣ ва волоияти қонунро гуфт ва дар назди роҳбарони таъиншуда вазифаҳои мушаххас гузошт.
Раисҷумҳур ба роҳбарони масъули соҳаҳо таъкид кард, ки ба масъалаҳои ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, баланд бардоштани сатҳи тахассусӣ ва омодагии касбии онҳо, инчунин, андешидани чораҳои қатъӣ барои пешгирӣ ва бартараф кардани омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда эътибори аввалиндараҷа диҳанд.
Роҳбари кишвар ба додрасҳо барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ва англисӣ ду сол муҳлат дод.
Бояд гуфт, Эмомалӣ Раҳмон қаблан низ аз кори додрасҳо интиқод ва аз фасодкорӣ дар ин соҳа нигаронӣ карда буд. Охири соли гузашта дар мулоқот бо додрасҳои тоҷик аз фаъолияти онҳо сахт интиқод карда гуфт, ки аз ҳама бештар аз кори онҳо шикоят дастрас мекунанд.
Нигаронӣ аз бахши саноату кишоварзӣ
Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 17-уми майи соли 2025 зимни ҷаласаи машваратӣ бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар ноҳияи Данғара вазъи саноату кишоварзӣ ва бахшҳои иқтисоди миллиро таҳлил ва аз кори онҳо нигаронӣ кард.
Ӯ гуфт, ки “имсол дар аксари шаҳру ноҳияҳои кишвар либоси мактабӣ истеҳсол нашудааст, ки хеле нигаронкунанда мебошад”.
“Камбудиҳои зикршуда сабаби сари вақт ва сифатнок иҷро нашудани барномаҳои рушди соҳаи саноат, бахусус, дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар гардида истодаанд”, -таъкид карда буд раисҷумҳур.
Инчунин, роҳбари кишвар дар ин ҷаласа аз иҷро нашудани нақшаи кишти пахта ва картошка интиқод кард.
Ҳамчунин аз иҷро нашудани нақшаи воридоти андозҳо ва пардохтҳо дар 5 шаҳру ноҳияи кишвар – Сангвор, Левакант, Ёвон, Панҷакент ва Ишкошим интиқод ва ҳолатро нигаронкунанда арзёбӣ кард.
Раисҷумҳур ба Вазорати молия, Кумитаи андоз ва роҳбарони шаҳру ноҳияҳои кишвар гуфт, ки ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва ҷамъоварии пурраи андозҳо, кам кардани бақияпулии онҳо, дарёфти манбаъҳои иловагии даромади буҷети давлатӣ ва таъмини самаранокии хароҷоти захираҳои молиявӣ тадбир андешанд.
Интиқод аз соҳаи маориф
Эмомалӣ Раҳмон дар “Дарси сулҳ” аз камбудиҳои соҳаи маориф интиқод кард ва дигарбора аз норасоии омӯзгорон, мактабу кӯдакистонҳо, китобҳои дарсӣ ва кам будани омӯзгорони дараҷа ва унвони илмидошта эрод гирифт.
Раисҷумҳур аз кам будани кӯдакистонҳо ва пурра фаро нагирифтани кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ нигаронӣ кард ва ба Вазорати маориф, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дод, ки то соли 2030 дастрасии тифлонро ба кӯдакистонҳо ба 50% расонанд.
Бояд гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон соли 2024 дар “Рӯзи дониш” мушкилоти соҳаи маорифро ба таври васеъ баррасӣ карда барои ҳалли он ба масъулини вазорати маориф ду сол мӯҳлат дода буд. Нигаронӣ ва эродҳои гирифтаи раисҷумҳурро дар матлаби “Президент 2 сол муҳлат дод. “Ёддошт” ба вазири маориф ва илм барои ҳалли мушкили умдаи соҳа” мутолиа кунед.
Дар ин рӯз, роҳбари кишвар аз ворид шудани тибби кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон ва таблиғи он дар телевизионҳои кишвар интиқод кард.
Таъриф аз саҳми соҳибкорон
Эмомалӣ Раҳмон дар паёми имсолаи худ ба парлумони кишвар аз хурофотзадагиву сару либоси бегонаи занон изҳори нигаронӣ карда ба саҳми соҳибкорон дар бунёди иншооти иҷтимоӣ, истеҳсолӣ ва инфрасохторӣ таъкид карда, ба онҳо миннатдорӣ баён кард.
“Соҳибкорон ҳамин қадар мактабу роҳу муассисаҳои иҷтимоӣ месозанд, худашонро реклама намекунанд. Чуноне созмонҳои байналмилалӣ, ки як халта орд медиҳаду реклама мекунад, ки ман рафтам, тоҷиконро кӯмак кардаму дигар”, – гуфт раисҷумҳур.
Ӯ ҳамчунин дар ишора ба вазирон гуфт, “куҷое президент меравад, вазирон баъд аз пас қатор мешаванд, ки ана мо ҳам ҳастем. Ягон ҷо дидед, ки худашонро реклама карда бошанд (соҳибкорон дар назар аст, аз идора)”.
Ин бори аввал нест, ки роҳбари кишвар аз кори соҳибкорон таъриф мекунад. Ӯ борҳо дар баромадҳои худ ва маросими ифтитоҳи иншооти гуногун саҳми назарраси соҳибкоронро дар ободонии кишвар зикр карда, супориши пешниҳоди имтиёз ва дастгирии онҳоро низ дода буд.
Қадрдонӣ аз заҳмати бунёдгарони НБО “Роғун”
Роҳбари кишвар 27-уми август дар вохӯрӣ бо бунёдгарони нерӯгоҳи “Роғун” ба саҳми коргарон ва кормандони муҳандисиву техникӣ дар сохтмони ин нерӯгоҳ таъкид кард ва гуфт хидмати онҳо чун намунаи заҳмати содиқона ба давлат эътироф ва қадрдонӣ мешавад.
“Бори дигар иброз медорам, ки шумо дар раванди бунёди неругоҳ воқеан матонату шуҷоати бесобиқа нишон дода, сохтмони бузурги асрро, ки ифодагари ормонҳои мардуми шарифи Тоҷикистон аст, ба майдони нангу номуси миллӣ, арсаи ватандориву ватанпарастӣ мубаддал кардед”,-иброз дошт ӯ.
Ба гуфтаи раисҷумҳур ҳоло дар иншооти нерӯгоҳ 18 ҳазору 300 коргар ва кормандони муҳандисиву техникӣ фаъолият мекунанд.
Тавсифи зани тоҷик
“Занону бонувони муосири тоҷик аз насли занони қаҳрамону ватандӯсти ориёӣ мебошанд ва озодиву иззату иффати аҷдодии худро дар шароит ва рӯзгори нав ҳифз кардаанд”.
Ин нуктае аз суханронии раисҷумҳури Тоҷикистон аст, ки рӯзи 7-уми март дар чорабинии идона бахшида ба Рӯзи Модар садо дод.
Эмомалӣ Раҳмон иштироки занонро дар бунёди нерӯгоҳи барқӣ-обии “Роғун” таъкид карда гуфта буд, ки “ҳоло беш аз ҳазор нафар занон баробари мардон дар “Роғун” заҳмат кашида истодаанд”.
Ҳамчунин таъкид намуд, ки ҳазорон занону бонувони тоҷик дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хидмат мекунанд.
“Ҳиссаи занону бонувони соҳибкор дар бунёд кардану ба роҳ мондани фаъолияти марказҳои хизматрасониву тиҷоратӣ, иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ ва дар ин замина таъсис додани ҷойҳои нави корӣ торафт назаррас гардида истодааст”, – гуфта буд раисҷумҳур.
Таърифи ҷавонони Тоҷикистон
Қишри ҷавонони кишвар низ борҳо аз тарафи роҳбари кишвар таърифу тавсиф шудааст. Аз ҷумла, раисҷумҳур дар паёми табрикотиаш ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон аз ҳиссаи ҷавонон дар ҳифзи амнияти давлату ҷомеа, иқтидори мудофиавии кишвар ва ҳимояи зиндагии осудаи мардум ёдрас шуда, изҳори қаноатмандӣ намуд.
Ӯ инчунин, ба саҳми назарраси ҷавонон дар рушди варзиш таъкид карда, гуфт, дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ кардани Тоҷикистон аз ҷониби варзишгарон “қобили таҳсин мебошад”.
“Ман ба ақлу заковат, худогоҳиву худшиносӣ, далериву шуҷоат, ғайрату матонат ва нерӯи зеҳниву ҷисмонии шумо – фарзандони даврони истиқлоли Тоҷикистон эътимоди комил дорам”,-таъкид карда буд раисҷумҳур.
Бояд гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола зимни вохӯрӣ бо масъулини ниҳодҳои гуногуни кишвар, олимону аҳли зиё ва дигар намояндагони ҷомеаи кишвар вазъи соҳа ва фаъолияти онҳоро баррасӣ карда, аз норасоиву камбуди соҳа интиқод мекунад ва барои бартараф кардани он дастур медиҳад.
Ҳамчунин, зимни ироаи паёми солонаи худ ба парлумон низ ӯ ҳар як соҳаро муфассал мавриди таҳлил қарор дода, барои рушди он супориш медиҳад. Аммо, на ҳамеша дастуру супоришҳои раисҷумҳур аз ҷониби ниҳоду идораҳои дахлдор ва масъулин ба таври бояд иҷро мешавад.
“Азия-Плюс” чун анъана имсол низ иҷрои муҳимтарин дастуру супоришҳои раисҷумҳурро аз ҷониби идораҳои дахлдор пайгирӣ намуд, ки дар матлаби “Кадом дастуру супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёми соли 2024 дода буд, иҷро нашуд ва чаро?” мутолиа кунед.
Ҳамчунин, айни ин маводро барои соли 2024 дар матлаби “Аз кори мақомоти қудратӣ то ришвахории додрасҳо. Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2024 кадом ниҳодҳоро танқид кард?” метавонед мутолиа кунед.


