Бо гузашти беш аз як моҳ аз марги Искандар Шафеиён (Маликӣ) ва ҳамсару духтари 4-солааш “дар пайи заҳролудшавӣ” асрори фавти онҳо кушода нашудааст. Мақомот мегӯянд, ҳоло натиҷаи ташхиси марги онҳо ниҳоӣ нашудааст, вале наздикони ин оила аз ҳолатҳои шубҳаноки ин ҳодиса суҳбат мекунанд.
Искандар Шафеиён, сардори пешини шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои ҳукумати Исфара бо ҳамсару духтараш шаби 7-уми декабри соли 2025 ба ҳалокат расиданд.
Он замон як манбаъи аз ҳодиса огоҳ гуфта буд, “баъди хӯроки шом вазъи ҳамаи аъзои оила бад шуд ва то омадани табибон падару модар ва як духтарчаи онҳо фавтида, модар ва фарзанди дигари Шафеиён ба беморхонаи Исфара бурда шуданд”.
Он замон аз Раёсати тандурустии Суғд гуфтанд, ки “тафтишот маълум мекунад, ки онҳо аз чӣ фавтидаанд”. Аммо то ҳол тафтишот аз натиҷаҳои ташхис хабар надодааст ва маълум нест, ки се узви ин оила аз чӣ фавтидаанд.
Муҳаммад Шафиев, бародари Искандар Шафеиён дирӯз, 12-уми январ, дар як суҳбати телефонӣ ба “Азия-Плюс” гуфт, “то ҳол аз Додситонии шаҳри Исфара, ки дар робита ба ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз кардааст, ягон ҷавоби расмӣ нагирифтаанд”.
Вале Радиои Озодӣ бо такя ба манбаъҳои худ аз додситонии шаҳр менависад, ки “ҳоло парванда боз нашудааст ва танҳо санҷиш идома дорад. Кимиёшиносон ҳанӯз ҷавоби ташхисро ба мо надодаанд”.
“Аксари нишондодҳоро барои ташхисии ниҳоии тиббӣ ба Ӯзбекистон фиристодаанд ва интизори ҷавоби он ҳастанд. Пас аз маълум шудани сабаби фавти онҳо ин маълумот расонаӣ карда мешавад”, -гуфтааст як манбаъи ин расона, ки аз рафтаи тафтишот огоҳ аст.
“Марги ин хонавода асрорангез менамояд”
“Азия-Плюс” бо яке аз наздикони Муаттарахони 29-сола, ҳамсари Шафеиён суҳбат кард ва ӯ баъзе ҷузъиёти шаби ҳодисаро ошкор кард.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, ки нахост номаш ошкор шавад, пайвандони Муаттарахон 7-уми декабр, тамоми рӯз ба духтарашон занг мезананд, аммо касе ҷавоб намедиҳад.
Ба қавли манбаъ, дертар, баъди соати 19:00 “модари Шафеиён гӯширо бардошта, аз номи Муаттарахон ҳарф мезанад”. Аммо каме дертар дубора тариқи “Ватсап” занг зада, мегӯяд, ки вазъи саломатии писараш хуб нест.
“Гуфтем, ки “Ёрии таъҷилӣ”-ро даъват кунанд, вале ӯ гуфт, дар Исфара касеро намешиносад ва намедонад ба куҷо муроҷиат кунад. Ба пурсиши мо аз Муаттарахон гуфт, дар хонаи дигар аст ва гӯширо гузошт”,-гуфт ҳамсуҳбати мо.
Ба гуфтаи ӯ, дигар ба зангҳои пайдарпайи онҳо касе ҷавоб надодааст, аммо чанде пас духтари калонии Шафеиён – Рухшонаи 7-сола тариқи занги видеоӣ дар “Ватсап” тамос гирифта, модарашро нишон дода, гуфтааст, ки “ӯ беҳуш аст”
Дертар, тақрибан соати 23:00 модари Шафеиён ба модари келинаш занг зада, аз марги писараш – Шафеиён хабар додааст.
“Мо дарҳол ба Исфара роҳ гирифтем ва вақте расидем, соат аз 1-и шаб гузашта буд. Вақте ба хона даромадем, ҷисми беҷони Искандар дар як хона ва Муаттарахону духтари 4-солаи онҳо дар хонаи дигар мехобид”, – афзуд манбаи мо.
Баъдан модари Муаттарахон ҳамсояҳоро фарёд ва Ёрии таъҷилӣ даъват мекунад. Тақрибан соати 2-и шаб ду фарзанди дигари онҳо – Сумаяхони 6-сола ва Муҳаммадҷони 4-моҳаро “дар ҳолати вазнин” ба беморхонаи шаҳри Исфара мебаранд.
Фарзанди калонии оила – Рухшонахони 7-сола ва модари Шафеиён заҳролуд нашудаанд.
Пайвандони ҳамсари Шафеиён шубҳа доранд, ки “марги ин хонавода заҳролудшавии табиӣ набуда, асроромез менамояд”. Онҳо барои таҳқиқи ҳодиса ба Додситонии вилояти Суғд низ муроҷиат кардаанд, аммо то ҳанӯз посух нагирифтаанд.
Ба гуфтаи онҳо, ҳоло дари манзили зисти Шафеиён дар Исфара мӯҳр зада шудааст.
Ҳамчунин, ба гуфтаи наздикони онҳо, мақомот боре ҳам аз ҳоли кӯдакони ятиммондаи Шафеиён суроғ накардааст.
Тасдиқи ин гуфтаҳо тавассути манобеи дигар ғайриимкон аст. Ҳамчунин, кӯшишҳои мо барои суҳбат бо модари Искандар Шафеиён, ки шоҳиди ҳодиса дониста мешавад, то ин дам натиҷа надод.
Ҳоло се фарзанди зиндамондаи ин оила дар хонаи бибии модариашон дар Хуҷанд буда, модари Шафеиён дар Панҷакент бо бародараш будааст.
Ёдрас мешавем, ки ҷасади Искандар Шафеиён, ҳамсар ва фарзандаш рӯзи 8-уми декабр дар деҳаи Вешисти шаҳри Панҷакент ба хок супорида шудааст.
Номи Искандар Шафеиён замоне расонаӣ шуд, ки дар задухӯрдҳои марзӣ бо Қирғизистон ҷароҳат бардошт. Баъдан алайҳи ӯ бо иттиҳоми қаллобӣ парванда боз ва ӯро ҷаримаву аз вазифа озод карданд. Вақтҳои охир ба соҳибкорӣ машғул буд.


