Додрасеро, ки аз ошёнаи 9-уми бино афтода ҷон бохт, дар зодгоҳаш ноҳияи Роштқалъа ба хок месупоранд

Ҷамшед Ҷамшедзода, додраси Додгоҳи конститутсионӣ, ки дирӯз  аз ошёнаи 9-уми бинои истиқоматӣ афтода, ҷон бохт, имрӯз, 14-уми январ дар зодгоҳаш деҳаи Шоди ноҳияи Роштқалъа ба хок месупоранд. Дар ин бора ёрдамчии Ҷамшед Ҷамшедзода дар Додгоҳи конститутсионӣ ба “Азия-Плюс” хабар дод. Манбаъ гуфт, ки дирӯз, 13-уми январ тахминан соати 18-и бегоҳӣ ҷасади додрасро пас аз гузаштан […]

Asia-Plus

Ҷамшед Ҷамшедзода, додраси Додгоҳи конститутсионӣ, ки дирӯз  аз ошёнаи 9-уми бинои истиқоматӣ афтода, ҷон бохт, имрӯз, 14-уми январ дар зодгоҳаш деҳаи Шоди ноҳияи Роштқалъа ба хок месупоранд.

Дар ин бора ёрдамчии Ҷамшед Ҷамшедзода дар Додгоҳи конститутсионӣ ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Манбаъ гуфт, ки дирӯз, 13-уми январ тахминан соати 18-и бегоҳӣ ҷасади додрасро пас аз гузаштан аз ташхис (экспертиза) ба зодгоҳаш деҳаи Шоди ноҳияи Роштқалъа бурдаанд.

“Гуфтанд то соати 10:00 ба зодгоҳашон мерасанд. Вақти хондани ҷаноза маълум нест. Дар робита ба маргашон низ чизе намедонем, танҳо гуфтанд афтодааст”,-гуфтанд аз додгоҳ.

Дар бораи марги Ҷамшед Ҷамшедзода, нахуст Радиои Озодӣ хабар дода, навишт, ки ҳодиса дирӯз,13-уми январ дар маҳаллаи Гулистон (наздик ба “Сирк”-и давлатӣ) рух додааст. То ҳол маълум нест, ки Ҷамшедзода аз бино афтодааст ва ё худро ба поён партофтааст.

Аммо бархе корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ худро ҳамсояи додрас муаррифӣ карда навиштаанд, ки Ҷамшедзода мехостааст ноқили телевизионро пайваст кунад, ки “дар натиҷа сараш тоб хурда ба замин афтодааст”.

Назари пайвандони марҳум дар пайванд ба ин ҳодиса маълум нест. Мақомот низ то кунун расман дар ин бора хабаре надодаанд.

Танҳо Додгоҳи конститутсионии Тоҷикистон рӯзи 13-уми январ дар як баёнияи расмӣ, марги Ҷамшедзодаро  “талафоти бузург” хонда, гуфтаанд, ки “хизматҳои содиқонаи марҳум барои ҳокимияти додгоҳӣ ва илми ҳуқуқшиносӣ мондагор мебошад”.

Ҷамшед Ҷамшедзода, бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон моҳи июли соли 2019 додраси Додгоҳи конститутсионӣ интихоб гардида буд.

Марҳум солҳои зиёд дар Институти фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Тоҷикистон фаъолият кардааст. Солҳои 2017 – 2019 дар вазифаи  муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва  робитаҳои байналмилалии  Донишкадаи идоракунии давлатии назди президенти Тоҷикистон кор кардааст.

 Ӯ 52-сол дошт ва соҳиби ҳамсару се фарзанд будааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Сафи соҳибкорон дар Тоҷикистон 4,3% зиёд шудааст

Аз ҳама зиёдтар теъдоди соҳибкороне афзудааст, ки бо патент кор мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.