“Тафтиш мекунем”. Вокуниши Толибон ба даргирӣ дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон

Asia-Plus

Даргирии ду рӯз пеш дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон миёни марзбонҳои тоҷик ва кушта шудани сарҳадшиканҳо, ки мақомоти тоҷик онҳоро “террорист” гуфтанд, аз сӯйи мақомоти Толибон* тафтиш мешавад.

Дар ин бора Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон изҳори назар карда, вале аз сарҳадшиканҳои кушташуда чун “як гурӯҳ қочоқбарони маводи мухаддир” зикр кардааст.

Ӯ гуфтааст, талоши ин гурӯҳ барои интиқоли маводи мухаддир ба Тоҷикистон аз сӯйи марзбонони тоҷик хунсо шудааст.

Дар мавриди ин даргирӣ ва “амалиёти маҳви террористон” Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ду рӯз пеш, 18-уми январ хабар дода, гуфта буд, ки он дар минтақаи марзии воқеъ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, ҳамсарҳад бо ноҳияи Хоҳони вилояти Бадахшони Афғонистон рух дода, “баъди ба амри сарҳадбонон оид ба таслим шудан итоат накардан ва муқовимати мусаллаҳона нишон додан, “чор террорист нобуд карда шуд”.

Ин ниҳод хабар дод, ки аз ҷои ҳодиса 3 автомати Калашников, 1 таппончаи навъи “Круз”, 6 тирдон, 183 тирҳои АК ва таппонча, 3 телефони мобилӣ, 1 ратсия, 1 қаиқ мусодира кард.

Ба гуфтаи манбаъ, дар робита ба ин ҳодиса тибқи моддаҳои 179 (терроризм), 335 (ғайриқонунӣ гузаштан аз сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон), 195 (ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан, нигоҳ доштан, интиқол додан, гирифта гаштани силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш) Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

Қушӯнҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон зикр кард, ки ҳоло вазъият дар сарҳади давлатӣ таҳти назорат буда, “барои  таъмини амнияти сарҳади давлатӣ минбаъд низ аз тамоми қувваю восита истифода намуда, ба  сарҳадшиканон ҷавоби сазовори қонунӣ хоҳад дод”.

Забеҳулло Муҷоҳид таъкид кардааст, ки “Афғонистон ба ноором шудани минтақаи марзӣ иҷозат намедиҳад”.

“Иморати исломӣ (Толибон ҳукумати худро чунин ном мебаранд) ба Тоҷикистон итминон медиҳад, ки онҳое, ки кӯшиши сӯиистифода аз марзро мекунанд, иҷозати дар он ҷо монданро надоранд. Нерӯҳои амниятии мо вазъиятро назорат мекунанд ва аз ҳар касе, ки ниятҳои ғайриқонунӣ дорад, пешгирӣ хоҳанд кард”, – гуфтааст Муҷоҳид.

Дар ҳамин ҳол, Радиои Озодӣ бо такя ба манобеи худ, баъзе ҷузъиёти ин ҳодисаро ошкор кардааст. Ин расона навиштааст, ки “чаҳор марзшиканро сарбозони навбатдор дар марз мушоҳида карда, мустақилона ва бе занги бонги хатар амал кардаанд”.

“…сарбозон ба ин афрод ҳушдор додаанд, ки силоҳҳои худро гузошта таслим шаванд, вале ҳангоми талоши муқовимати мусаллаҳонаи марзшиканон онҳоро нобуд кардаанд, – навиштааст ин расона.

Ҳамчунин, манобеи он таъкид кардаанд, ки “фармондеҳонашон сарбозонро бозпурсӣ мекунанд, ки чаро бе риояти қоидаҳои марзбонӣ амал кардаанд”.

Мусоҳибони ин расона гуфтаанд, ҷасади кушташудагонро пас аз маълум кардани ҳуввияташон ба Афғонистон супурдаанд, аммо маълум нест, ки дар чӣ шароит.

Бояд зикр кард, ки ин аввалин даргирӣ дар сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон аст, ки дар соли 2026 расонаӣ мешавад.

Соли гузашта дар сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон чанд даргирӣ рух дод, ки боиси кушта шудани чанд сокини осоишта ҳам шуд. Аз ҷумла, шаби 23-юми декабри соли 2025, дар минтақаи муҳофизатии дидбонгоҳи сарҳадии №5-и "Боғ", Отряди сарҳадии 0341 "Сарчашма”-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин "се аъзои гурӯҳи террористӣ", ки сарҳадро убур карда, ба Тоҷикистон гузаштанд, аз сӯйи мақомоти Тоҷикистон нобуд карда шуданд.

Пештар аз ин, дар пайи ду ҳамлаи дигар дар рӯзҳои 26 ва 30-юми ноябр аз Афғонистон ба ноҳияҳои наздимарзии Тоҷикистон 5 шаҳрвандони Чин кушта ва панҷ нафари дигар захмӣ шуданд. Ин ҳамлаҳо аввал ба бошишгоҳи як ширкати маъдантозакунӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва баъдан ба як ширктаи роҳсозӣ дар ноҳияи Дарвоз сурат гирифтанд.

Тоҷикистон ин ҳамлаҳоро шадидан маҳкум карда аз “Толибон” хоста буд, ки омилони онро дастгир кунанд. ВКХ-и ҳукумати Толибон гуфт, ки ҳамла тавассути гурӯҳҳое анҷом шудааст, ки ҳадафашон “эҷоди бесуботӣ ва беэътимодӣ миёни кишварҳои минтақа аст”.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ин ҳамлаҳоро шадидан маҳкум карда, ба роҳбарони мақомоти қудратии кишвар дастур дод, ки "доир ба ҳалли масъала ва пешгирӣ аз такрори чунин ҳодисаҳои нохуш аз чораю тадбирҳои муассир кор бигиранд”.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...