Қазияи муноқиша дар “Парламент”. Ба ҷойи додситони барканоршудаи Бӯстон то ҳол касе таъин нашудааст

Ба ҷои Абдуқаҳҳор Азизов, додситони барканоршудаи шаҳри Бӯстон дар пайи муноқиша дар тарабхонаи “Парламент” то ҳоле касе ба ин вазифа таъин нашудааст. Дар ин бора Далер Маҳмадализода, муовини додситонии ин шаҳр ба “Азия-Плюс” хабар дод. Ӯ дар робита ба барканории Абдуқаҳҳор Азизов ҷузъиёти дигар надод ва ҳам нагуфт, ки то куҷо барканории ин додситон ба муноқиша […]

Asia-Plus

Ба ҷои Абдуқаҳҳор Азизов, додситони барканоршудаи шаҳри Бӯстон дар пайи муноқиша дар тарабхонаи “Парламент” то ҳоле касе ба ин вазифа таъин нашудааст. Дар ин бора Далер Маҳмадализода, муовини додситонии ин шаҳр ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Ӯ дар робита ба барканории Абдуқаҳҳор Азизов ҷузъиёти дигар надод ва ҳам нагуфт, ки то куҷо барканории ин додситон ба муноқиша дар “Парламент” рабт дорад.

Дирӯз, 19-уми январ, Радиои Озодӣ хабар дода буд, ки “пас аз нашри гузориш дар бораи занозании додситони шаҳри Бӯстон бо молики як тарабхона дар шаҳри Хуҷанд, бо фармони додситони кулл, Абдуқаҳҳор Азизов, додситони ин шаҳр аз вазифа сабукдӯш ва ҳамин тариқ, аз ҳаққи кор дар идораҳои додситонӣ маҳрум шудааст”.

Мақомот ва ҳарду ҷониби қазия ҳам ҳодисаро то ҳол шарҳ надодаанд. Ҳамин тариқ, Додситонии кул ҳам расман барканории Азизовро тадсиқ ё рад накардааст.

Ин расона навишт, ки дар пайванд ба ин қазия, “ҳоло як ҷияни ноболиғи Парвиз Ашӯров дар боздошт аст”.

Роҳбарияти тарабхонаи “Парламент”, ки дар дохили меҳмонхонаи ҳамноми он ҷойгир аст, ҳозир нашуданд, қазияро ба “Азия-Плюс” шарҳ диҳанд. Субҳи имрӯз, 20-уми январ, хабарнигори мо ба ҷойи ҳодиса рафт, вале нигаҳбон гуфт, "роҳбарият пас аз Соли нав ба кор ҳозир нашудаанд ва бо ВАО ҳам сӯҳбат намекунанд”.

Ба навиштаи Радиои Озодӣ, кашокаш миёни Абдуқаҳҳор Азизов ва Парвиз Ашӯров молики “Парламент” охири моҳи декабр сар задааст. Муноқиша аз он шурӯъ шудааст, ки додситон, ки бо дӯстонаш дар тарабхона ҳузур доштааст, гӯё бо Парвиз Ашӯров ҷанҷол карда, ба сари ӯ даст бардоштааст. Дар ҷавоб гӯё Парвиз Ашӯров ва дигар пайвандонаш додситонро задаанд.

“Барои ҷудо кардани ду тараф як корманди милиса, ки дар тарабхона будааст, ба ҳаво тир андохтааст. Гуфта мешавад, барои баррасии ҳодиса кормандони милиса низ ба онҷо рафтаанд”, – навиштааст ин расона.

Ба навиштаи манбаъ, Абдуқаҳҳор Азизов, писари Абдуҷаббор Азизов ёвари собиқи президенти Тоҷикистон дар масъалаи кадрҳо, муовини аввали раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) ва Парвиз Ашӯров домоди собиқи Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон аст.

Занозанӣ бо иштироки фарзандон ва ё наздикони мансабдорон дар Тоҷикистон дар гузашта ҳам сабт шудааст. Аз ҷумла, занозанӣ бо ширкати писарони Гул Шералӣ, вазири пешини энергетика чанд маротиба расонаӣ шуда буд. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.