Муҳофизи адабиёту фарҳанги миллӣ ва муаллифи раддияҳои дандоншикан. Таҷлили 90-солагии Валӣ Самад дар Душанбе

Date:

Муҳаққиқи заҳматкаш, муҳофизи адабиёту фарҳанги миллӣ, мухолифи таҳрифи таърих ва туркгароӣ, муаллифи раддияҳои дандоншикан ва тоҷикпараст – нуктаҳое, ки дар маҳфили ёдбуди Валӣ Самад иброз шуд.

Рӯзи 20-уми январ дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 90-солагии ин адабиётшинос ва пажӯҳишгари номдори тоҷик маҳфили адабӣ баргузор шуд. Дар ин маҳфил адибону адабиётшиносони шинохта, муҳаққиқону мунаққидон ва рӯзноманигорон ширкат карда, аз корнома ва пажӯҳишҳои мондагори ӯ ёд оварданд.

 

Ёди посухҳои дандоншикани Валӣ Самад

Толиби Луқмон, муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагон маҳфилро оғоз карда, аз ҳасби ҳол ва корномаи Валӣ Самад ёд овард. Ӯ ба вижа аз “посухҳои дандоншикан ва пурҷӯшу хурӯш”-и мавсуф ба нависандагоне, ки воқеиятро таҳриф мекарданд ёдоварӣ карда, аз ҷумла гуфт, Валӣ Самад посухи бисёр қотеъона ва дандоншикан ба романи нависандаи рус Людмила Салдатзе дода буданд.

Ӯ афзуд, вақте ки Салдатзе ба Душанбе омада буд, романе дар бораи Ибни Сино навишт, ки дар он Ибни Синоро фарзанди тоҷик муаррифӣ мекард. Вале вақте ба Тошканд рафт, ин фикраш тағйир ёфт ва Ибни Синоро ба ӯзбекон нисбат дод. Устод Валӣ Самад, ки шӯхтабъ буданд, он вақт гуфтанд: “Аҷаб, дар Тошканд хуб меҳмондорӣ карданд…”.

“Дар он посух устод фактҳоро думболагирӣ карда, таҳлил карда, ҳамчун нури тасдиқ истифода кардаву посухи дандоншикану қотеъона доданд, ки албатта, ҳунар аст. Ва устод Валӣ Самад дар навиштани ҳамин гуна посухҳо ва ҳамин гуна мақолаҳо дасти тамом доштанд”, – иброз дошт Луқмон.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Аз чап ба рост: Абдунабӣ Сатторзода, Толиби Луқмон, Муҳаммадуллоҳ Табарӣ

Муборизи таърихи тоҷикон​​​​​​​

Субҳон Аъзамзод, адабиётшинос ва муҳаққиқи рӯзгори Валӣ Самад дар идомаи маҳфил аз тоҷикпарастӣ ва ормонҳои миллии ӯ ҳарф зада, таъкид кард, ки “мақолаҳои тезу тунду обдоре дар ҳамин заминаҳо менавиштанд”.

“Мақолаи “Биё то зи бедод гӯем дод” аз ёдмонтарин навиштаҳои Валӣ Самад аст. Мақолаи дигари тезу тунде дар бораи достони пайкараи Фирдавсӣ навишта буданд. Устод пайваста дар баробари таҳқиқоту кашфиётҳои илмиашон ба масъалаҳои умда ва масъалаҳои дардангези халқи тоҷик диққат медоданд”, – гуфт Аъзамзод.

Ба қавли ин муҳаққиқ, Валӣ Самад мухолифи ашадии истифода бурдани калимоти туркиву арабӣ буд, ҳатто ном ё пайвандномҳои туркиву арабии инсонҳоро тоҷикӣ мекард: аз ҷумла, Тӯрақул Зеҳниро Тӯраҷон Зеҳнӣ ва Субҳон Аъзамзодро Субҳон Яздонӣ мегуфту менавишт.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Субҳон Аъзамзод

Сатторзода аз хушгӯиҳои дӯсташ ёд кард​​​​​​​

Профессор Абдунабӣ Сатторзода, адабиётшиноси маъруф дар мавриди корҳои илмии Валӣ Самад мухтасар ёд карда, гуфт, “донишманди хеле заҳматкаш ва ҷӯянда буданд”.

Ӯ афзуд, “дар масъалаҳои ҳифзи забони тоҷикӣ, таърихи миллати тоҷик ва арзишҳои миллӣ ҳамеша садои баланди худро доштанд. Дар вокуниш ба мақолаҳое, ки таъриху фарҳанги тоҷиконро нодуруст инъикос мекарданд, хеле ҷиддӣ ва бо далелҳои қотеъ ҷавоб мегардонданд. Он кас дар ҳақиқат як ватандӯст ва фидоии илм буданд”.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

“Агар ягон кас дар кадом гӯшаи дунё Низомӣ ё Синоро турк мегуфт, Валиҷон тамоми Сомонгирд (манзур Душанбе)-ро ба пой мехезонданд, ҳам худашон посухи дандоншикан медоданд ва ҳам моро ба навиштани ҷавобия водор мекарданд”, – иброз дошт профессор Сатторзода.

Ӯ аз изҳори муфассал худдорӣ карда, бештар дар мавриди услуби навишт ва хушгӯҳои дӯсти фақидаш ҳарф зад ва аз мактубҳои навиштааш хотиррасон кард.

Ба қавли Сатторзода, Валӣ Самад мухолифи ҷойноми “Душанбе” буд ва ҳамеша дар мақолаву мактубҳояш пойтахтро “Сомонгирд” мегуфт. Ҳар гоҳ занг мезад, чун одат чунин мегуфт: “як хабари хуш ва як хабари бад дорам: аз кадомаш сар кунам?”. Ва агар шабе ба табъи дил ба таҳқиқ мепардохт – он шабро “Шаби шакуриёна” меномид – яъне, мисли Муҳаммадҷон Шакурӣ таҳқиқ кардааст.

Абдунабӣ Сатторзода таъкид кард, ки Валӣ Самад яке аз чеҳраҳои намоёни илму адаб дар нимаи дуюми асри ХХ ва аввали асри ХХI ба шумор мерафт.

 

“Маҳсули эҷодаш болотар аз унвони илмист”​​​​​​​

Академик Муҳаммадюсуф Имомзода, олими шинохтаи тоҷик гуфт, агарчи унвони Валӣ Самад номзадӣ асту бас, вале маҳсули эҷодаш аз кори докторӣ ҳам болотар меистад.

Имомзода гуфт, “устод Валӣ Самад худ мисли ҳамон мусофири қиссааш буд, ки то охирин нафас бо заррабини хирад ва сабри таҳаммулпазир дар ҷустуҷӯи нуктаҳои иштибоҳ ва ваҳдати маънавӣ мегашт”.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Муҳаммадюсуф Имомзода (аз рост)

“Таъсиси Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз, ин орзуву ормонҳои Валӣ Самад буд, ки даҳсолаҳо ва шояд қарнҳо орзу мекард”, – илова кард Имомзода.

Ба таъкиди ӯ, “меросу ёдгориҳои Валӣ Самад на танҳо як манбаи илмӣ, балки дарсест аз эҳтиром ба фарҳанги хеш ва арҷгузорӣ ба дастовардҳои башарият, ки дар он ҳеҷ миллате бегона нест ва ҳеҷ садое бе акси садо намемонад”.

 

Аз заҳматкашӣ то талаби бойгонӣ​​​​​​​

Абдулҳамид Самад, Нависандаи халқии Тоҷикистон ба як паҳлуи муҳими фаъолияти Валӣ Самад таваҷҷӯҳ карда, аз заҳматкашии марҳум ёд овард.

“Валӣ Самад барои як мақола ё барои як саҳифа навиштан бисёр заҳмат мекашид. Баъзан мешуд, ки барои як далел ё барои як маълумоти таърихӣ моҳҳо дар китобхонаҳо менишаст. Ҳатто ба шаҳрҳои дигар, ба Тошканд, ба Маскав, ба Ленинград сафар мекард, то ҳамон як нуктаро аниқ кунад. Ҳеҷ вақт бе далел ва бе ҳуҷҷат гап намезад”, – гуфт ӯ.

Анзурат Маликзод, адабиётшинос ва ҳамкори солҳои мадади Валӣ Самад аз хислатҳои хоси марҳум ёд оварда, гуфт, ки “устод ҳар навъе эътирози худро баён медоштанд ва чизеро дар дил намегирифтанд”.

Маликзод низ хушгӯиҳои “рӯйхати сиёҳ”-и Валӣ Самадро ёдовар шуда, гуфт, “як шахсияти воқеан ғайримаъмулӣ буданд, як сумкаи калон доштанд, дар даруни вай ҳама чӣ буд. Як вақт аз устод пурсидам, ки “дар сумкатон чӣ ҳаст?”. Гуфтанд: “Ин бойгонии миллат аст. Дигар савол надеҳ, ба рӯйхати душманонам ворид мешавӣ”.

Ӯ бо ин ишора, ки дар бойгонии Валӣ Самад факту санадҳои ҷолиб ҳаст, аз пайвандонаш хост, ки онро ба Институти забон ва адабиёт таҳвил диҳанд, то барои пажӯҳишҳои таърихӣ ва корномаи худи марҳум истифода шавад.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Анзурат Маликзод (аз рост)

Ёри қарини Лоиқу Сорбон​​​​​​​

Бузургмеҳри Баҳодур, шоир ва рӯзноманигори тоҷик, ки солҳои охири умри Валӣ Самад бо ӯ қарин будааст, аз “корҳои аҷибу ғариб”-и марҳум ёд овард. Ба қавли ӯ, Лоиқ, Сорбон, Кӯҳзод, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Абдунабӣ Сатторзода ва чеҳраҳои дигари миллати тоҷик бо Валӣ Самад ошноии наздик доштанд ва ба қавле “нозбардори ҳам” буданд.

“Рӯзе устод китобе тӯҳфа карда, гуфтанд, ки хона бурда боз кун. Чунин кардам, он романи “Бозгашт ба Панҷрӯд”-и Андрей Германович Волос буд, ки дар поварақаш навишта буданд: “ин китоб аз хонаи Сорбон дуздида шуд”. Баҳиммат буданд ва мардонавор эътироф мекарданд. Он китоб баъдан кори хатми зинаи бакалавр ва магистратураи ман шуд ва заминаҳои муҳими зиндагиамро гузошт”, – гуфт рӯзноманигор.

Инчунин, Бузургмеҳри Баҳодур аз хотироти тоҷикпарастии Валӣ Самад ёд оварда, шеъри дар васфи ӯ навиштаро қироат кард:

Замоне зоғҳо сармаст мегаштанд,

Табардастони бефарҳанг

Табар дар даст мегаштанд,

Зи дастони наҷиби ту чанори кӯҳнаи таърихро шодоб медидам,

Парасту хоб медидам

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Валӣ Самад ва Бузургмеҳри Баҳодур

Дар охири маҳфил Сайёра Самадова, духтари Валӣ Самад изҳори сипос кард.

 

Ҳасби мухтасари ҳоли Валӣ Самад​​​​​​​

Валӣ Самад адабиётшинос, забоншинос, шоҳномапажӯҳ ва нависандаи маъруфи тоҷик буд, ки умрашро ба таҳқиқи таърихи адабиёти тоҷик ва равобити адабии тоҷикону халқҳои дигар бахшид.

Аз ҳамон давра самти асосии таҳқиқоти ӯ ба омӯзиши робитаҳои адабӣ миёни халқҳои форсизабон ва марказҳои адабию фарҳангии Қафқоз равона шуд. Дар ду даҳаи охир таваҷҷуҳи илмии Валӣ Самад бештар ба баррасии пайвандҳои адабиёти классикии форсу тоҷик бо андешаи бадеии Аврупо, бахусус Русия, нигаронда шуд.

Самараи ин ҷустуҷӯҳои илмӣ китобе бо номи “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ва Чернишевский” буд, ки ду маротиба ба табъ расидааст. Пештар аз ин ӯ асари “Фирдавсӣ ва “Шоҳнома” дар Қафқоз”-ро нашр карда буд, ки баъдан дар Эрон низ мунташир шуд. 

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Валӣ Самад

Дар муҳити илмӣ, адабӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ӯро ҳамчун ташаббускор ва таҳрикдиҳандаи равандҳои фарҳангӣ мешиносанд, ки борҳо дар масъалаҳои беэътиноӣ ба забон ва фарҳанги миллӣ, фишор ба аҳли илм, беадолатӣ нисбат ба мероси таърихӣ ва дигар мавзӯъҳои ҳассос бо мақомоти сиёсӣ вориди баҳс ва ҳақталошӣ шудааст.

Валӣ Самад узви раёсати Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ, Анҷумани ховаршиносони Арманистон, раёсати Анҷумани дӯстии Эрону Тоҷикистон ва ҳамчунин узви ҳайати таҳририяи маҷаллаҳои “Рӯдакӣ” (Эрон) ва “Адаб” (Тоҷикистон) буд.

Ӯ дар давоми фаъолияти илмӣ ва эҷодии худ беш аз 15 китоб ва даҳҳо мақола навиштааст. Валӣ Самад 24-уми октябри соли 2019 даргузашт.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...