“Мехостаанд муноқиша кунанд”. Пулиси Душанбе аз боздошти гурӯҳи ноболиғони кордбадаст хабар дод

Пулиси шаҳри Душанбе аз ҳодисае пешгирӣ кардааст, ки дар он як гурӯҳ ноболиғони корбадаст мехостаанд бо ҳам муноқиша кунанд. Ба гуфтаи ин ниҳод, 6 ноболиғ, ки “бо ашёи буррандаву халанда мусаллаҳ будаанд”, шаби 19-уми январ дар кӯчаи С.Айнӣ дастгир шудаанд. Ба навиштаи манбаъ, аз онҳо ду корди гуногунтамға дарёфт ва мусодира шудааст. Мақомот алайҳи волидайни […]

Пулиси шаҳри Душанбе аз ҳодисае пешгирӣ кардааст, ки дар он як гурӯҳ ноболиғони корбадаст мехостаанд бо ҳам муноқиша кунанд. Ба гуфтаи ин ниҳод, 6 ноболиғ, ки “бо ашёи буррандаву халанда мусаллаҳ будаанд”, шаби 19-уми январ дар кӯчаи С.Айнӣ дастгир шудаанд.

Ба навиштаи манбаъ, аз онҳо ду корди гуногунтамға дарёфт ва мусодира шудааст.

Мақомот алайҳи волидайни ин 6 наврас бо гумони “иҷро накардани уҳдадорӣ оид ба таълиму тарбияи кӯдак” (моддаи 90 КҲМ) парвандаи маъмурӣ боз кардааст. Ин банди қонунгузорӣ аз 780 сомонӣ ҷарима то 10 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ пешбинӣ мекунад.

Назари волидони ноболиғони боздоштшуда дар робита ба ин қазия маълум нест.

"Вобаста ба ин, мақомоти милитсия аз кулли шаҳрвандон, махсусан падарону модарон даъват менамояд, ки фарзандони худро бе назорат нагузоранд", – навиштааст Раёсати ВД дар шаҳри Душанбе.

Бояд гуфт, муноқишаи ноболиғон бо истифода аз корд солҳои охир зиёд мушоҳида мешавад, ки баъзе аз онҳо бо фоҷиа анҷомидаанд.

Ахиран дар пайи муноқишаи гурӯҳе аз наврасон дар Кӯлоб Муҳаммадалӣ Саъдуллоев, размикори тоҷик кушта ва ду иштирокчии дигари ин муноқиша захмӣ шуданд. Гуфта мешуд, ки муноқиша дар пайи нофаҳмиҳои лафзӣ сар зада, яке аз наврасон ба дили Муҳаммадалӣ корд мезанад ва ӯ дар ҷойи ҳодиса ҷон медиҳад.

Моҳи ноябри соли гузашта  ҳам дар пайи ҷанҷоли як гурӯҳ ноболиғон дар  Душанбе ду наврас куштаву захмӣ шуданд. Мақомот дар шаҳри ин ҳодиса гуфтанд, ки муноқиша дар пайи нофаҳмиҳои лафзӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ сар задааст.

Сокинони пойтахт дар як назарсанҷии “Азия-Плюс” сабаби чунин муноқишаҳоро дар байни наврасон, беназоратии волидон, дур мондан аз тарбияи онҳо, ҳамчунин муҳоҷират унвон дода буданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.