БАТР барои хариди автобусҳои барқӣ ба Тоҷикистон 10 млн евро медиҳад

Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) барои хариди автобусҳои барқӣ ва бунёди таваққуфгоҳҳо дар вилояти Хатлон 10 млн евро қарзу грант медиҳад. Дар ин бора, дирӯз 20-уми январ Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон ва Холгер Вифел, намояндаи бонки мазкур дар Душанбе созишнома ба имзо расониданд. Ба иттилои манбаъ, 6,4 млн еврои ин маблағ қарз ва […]

Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) барои хариди автобусҳои барқӣ ва бунёди таваққуфгоҳҳо дар вилояти Хатлон 10 млн евро қарзу грант медиҳад. Дар ин бора, дирӯз 20-уми январ Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон ва Холгер Вифел, намояндаи бонки мазкур дар Душанбе созишнома ба имзо расониданд.

Ба иттилои манбаъ, 6,4 млн еврои ин маблағ қарз ва 3,6 млн евро грант аст. Мақомот нагуфтанд, ки аз ин бонк қарзро бо кадом шарту шароит гирифтаанд.

Тибқи иттилои расмӣ, ҳадафи асосии лоиҳа харидории автобусҳои барқӣ ва таҷҳизот, сохтмони майдони таваққуфгоҳ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ дар вилояти Хатлон мебошад.

Ҳоло маълум нест, ки кай ин автобусҳо харида ва ба роҳҳои Бохтар ба ҳаракат оғоз мекунанд. 

Вале эҳтимол сухан дар бораи харидории 47 автобуси барқӣ меравад, ки соли гузашта Абдулмаҷид Муминзод, раиси шаҳри Бохтар дар нишасти матбуотӣ гуфта буд. Ӯ он замон иттилоъ дода буд, ки автобусҳои мусофиркашии муқаррариро бо автобусҳои хурди барқӣ ё электроавтобусҳо иваз мекунанд.

Ба таъкиди Муминзод, автобусҳои ҳозира дар оянда ба хатсайрҳои берун аз шаҳр сафарбар мешаванд.

Абдулмаҷид Муминзод илова карда буд, ки ин нақлиёт дар доираи марҳилаи дуюми лоиҳаи “Рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон”, ки аз тарафи Бонки рушди аврупо ва таҷдид амалӣ карда мешавад, сурат мегирад.

Ба гуфтаи вай, дар марҳалаи якуми ин лоиҳа, бинои КВД “Бохтарнақлиётхизматрасон” сохта шуда, ҳамчунин, 41  автобус харидорӣ шуд. Арзиши марҳалаи аввали лоиҳа 9,2 млн доллари амрикоиро ташкил медод.

Бояд гуфт, дар шаҳри Душанбе низ марҳила ба марҳила автобусҳои мусофиркаши барқӣ ба истифода дода мешаванд.

Ахиран моҳи августи имсол шаҳрдории Душанбе 30 автобуси барқии нав харид. Ҳоло дар чанд хатсайри мусофиркаши пойтахт, аз ҷумла 8, 3А, 18 автобусҳои барқӣ ҳаракат мекунанд. Шаҳрдории Душанбе нақша дорад, то соли 2028 пурра ба нақлиёти мусофиркаши барқӣ гузарад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.