Дар Тоҷикистон ширкати ҳавопаймоии нав – “Шоҳин Эйр” сабти ном шудааст

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон як ширкати нави ҳавопаймоӣ бо номи “Шохин Эйр” сабти ном шуда, дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дафтари корь ва ангар дорад ва он ҷо фаъолият мекунад. Дар ин бора Ҳабибулло Назарзода, роҳбари Оҷонсии ҳавонавардии кишвар имрӯз, 28-ум январ зимни нишасти хабарӣ иттилдоъ дод. Ӯ гуфт, “Шоҳин Эйр” ширкати ҳавопаймоии хусусӣ мебошад, вале дар бораи ба кӣ таалуқ […]

Дар Тоҷикистон як ширкати нави ҳавопаймоӣ бо номи “Шохин Эйр” сабти ном шуда, дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дафтари корь ва ангар дорад ва он ҷо фаъолият мекунад. Дар ин бора Ҳабибулло Назарзода, роҳбари Оҷонсии ҳавонавардии кишвар имрӯз, 28-ум январ зимни нишасти хабарӣ иттилдоъ дод.

Ӯ гуфт, “Шоҳин Эйр” ширкати ҳавопаймоии хусусӣ мебошад, вале дар бораи ба кӣ таалуқ доштани ширкат маълумот надод.

Назарзода гуфт, ки ин ширкати ҳавопаймоӣ чор моҳ пеш ба қайд гирифта шуда, дар ҳоли ҳозир бо мақсади харидории ҳавопаймоҳо бо ширкатҳои истеҳсолкунанда музокирот мебарад.

“Ин ширкат ҳоло дорои чархболҳо мебошад, ки дар фурудгоҳи Душанбе қарор доранд. Ҳамчунин, моҳи август ба ангари “Шоҳин Эйр” як ҳавопаймои L-410 ворид мешавад. Айни замон “Шоҳин Эйр” ва Оҷонсии ҳавонавардӣ бо ширкати ҳавопаймосози “Airbus” музокирот мекунанд”, – гуфт Назарзода.

Як намояндаи ширкат ба "Азия-Плюс" гуфт, ки номи расмии ширкат "Шоҳин Эйрлайн" аст.

Бояд гуфт дар Тоҷикистон ду ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ва “Тоҷик Эйр” фаъолият мекунанд, ки дар фурудгоҳ ангари ҳавопаймоии худро доранд. Ҳоло танҳо ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” тавассути шаш ҳавопаймои “Boeing 737 Next-Generation” аз Тоҷикистон ба 25 самти Аврупо, Осиё ва Ховари Миёна парвоз мекунанд.

Моҳи ноябри соли гузашти ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” барои хариди то 14 ҳавопаймои каммасрафи “787 Dreamliner” ва “737 MAX” бо ширкати амрикоии “Боинг” созишнома имзо карда буд.  

Ширкати миллии “Тоҷик Эйр” бошад аз соли 2019 инҷониб бо сабаби мушкилоти молӣ дар сатҳи байналмилалӣ парвоз анҷом намедиҳад. Тобистони соли гузашта ин ширкат эълон кард, ки ду ҳавопаймои ширкати “Skyroad Leasing”-и Литва, ки зери ҳабс қарор доштанд, ба моликияти ширкати “ТоҷикЭйр” гузаштаанд.

Парвиз Шодмонзода, мудири кулли ширкати “Тоҷик Эйр” гуфта буд, бо гузаштани ду ҳавопаймо ба ихтиёри Тоҷикистон ба ин ширкат “имкон медиҳад, ки ба парвозҳои байнулмилалӣ бидуни маҳдудият идома диҳад”. Аммо бо гузашти беш аз шаш моҳ ҳанӯз ин ширкат парвозҳои байналмилалии худро оғоз накардааст. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду волидайн барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон

Додгоҳи шаҳри Исфара ду сокини ин шаҳрро барои аз...

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.