Ширкати “Сомон Эйр” ният дорад аз ширкати Boeing то 14 ҳавопаймои нав харидорӣ кунад

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр”-и Тоҷикистон барои хариди то 14 ҳавопаймои каммасрафи “787 Dreamliner” ва “737 MAX” бо ширкати амрикоии “Боинг” созишнома имзо кардааст. Ин санад рӯзи 6-уми ноябр дар мизи мудаввари соҳибкорӣ байни Тоҷикистон ва Амрико, ки дар шаҳри Вашингтон баргузор гардид, имзо шудааст. Сомонаи ширкати “Сомон Эйр” навиштааст, ки дар марҳилаи аввал ин ширкат […]

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр”-и Тоҷикистон барои хариди то 14 ҳавопаймои каммасрафи “787 Dreamliner” ва “737 MAX” бо ширкати амрикоии “Боинг” созишнома имзо кардааст. Ин санад рӯзи 6-уми ноябр дар мизи мудаввари соҳибкорӣ байни Тоҷикистон ва Амрико, ки дар шаҳри Вашингтон баргузор гардид, имзо шудааст.

Сомонаи ширкати “Сомон Эйр” навиштааст, ки дар марҳилаи аввал ин ширкат аз “Боинг” 4 ҳавопаймои ғунҷоишашон васеи “787-9” дастрас мекунад. Ширкати тоҷикистонӣ эълом кардааст, ки баъдан ният дорад, то 10 ҳавопаймои дигари “737-8” аз ширкати амрикоӣ харидорӣ кунад.

Ба иттилои “Сомон Эйр”, “ин бузургтарин фармоиши ширкат дар таърихи фаъолияташ” буда, ҳавопаймоҳои нав барои роҳандозии хатсайрҳои нави байниқитъавӣ аз шаҳри Душанбе истифода хоҳанд шуд.

Манбаъ менависад, ин ҳавопаймоҳо истифодаи сӯзишвориро 20–25 фоиз коҳиш медиҳанд, ки боиси паст шудани арзиши сафар барои мусофирон ва хароҷоти нигоҳдорӣ мегардад.

Абдулқосим Валиев, роҳбари ширкати “Сомон Эйр” дар нишаст гуфтааст, ин созиш ба ширкат имкон медиҳад, ки вобаста ба талаботи бозор шумора ва навъи ҳавопаймоҳои худро танзим намояд.

 

Пол Риги, муовини президенти Boeing оид ба фурӯш ва маркетинг дар минтақаи Авруосиё ва Ҳиндустон гуфтааст, “ҳавопаймоҳои 787-9 ва 737-8 бо имконоти фаровон, убури масофаи дароз ва сарфакорӣ дар истифодаи сӯзишворӣ, барои рушди самараноки фаъолияти “Сомон Эйр” имкониятҳои нав фароҳам меоранд”.

Бояд гуфт, созишнома дар мизи мудаввари соҳибкорӣ байни Тоҷикистон ва Амрико дар доираи нишасти байналмилалии “C5+1” ба имзо расидааст.

Ҳамчунин, рӯзи 5-уми ноябр Ҳабибулло Назарзода, раҳбари Оҷонсии ҳавонавардии Тоҷикистон дар шаҳри Вашингтони Амрико бо Кристен Гатлин, директори Идораи федералии ҳавонавардии ин кишвар дидору гуфтугӯ карда, масъалаи роҳандозии парвозҳои мустақим миёни Тоҷикистон ва Амикоро баррасӣ кардаанд.

Бояд гуфт, ҳоло “Сомон Эйр” бо истифода аз шаш ҳавопаймои Boeing 737 Next-Generation аз Тоҷикистон ба 25 самт дар Аврупо, Осиё ва Шарқи Наздик парвоз анҷом медиҳад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио