“Тоҷик Эйр” ба фазо бармегардад. Ду ҳавопаймои SkyRoad Leasing ба моликияти ин ширкат гузашт

Ду ҳавопаймои ширкати Skyroad Leasing-и Литва, ки зери ҳабс қарор доштанд, ба моликияти ширкати миллии ҳавойпаймоии Тоҷикистон – “ТоҷикЭйр” гузаштанд. Баъди анҷоми баҳси чандинсолаи молиявӣ ва ҳуқуқӣ байни ҳарду ҷониб. Дар ин бора зимни нишасти матбуотии рӯзи 23 июл мудири кулли ширкати “Тоҷик Эйр” Парвиз Шодмонзода хабар дод. Шодмонзода зикр кард, ки ҳарду ҳавопаймои тамғаи […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Ду ҳавопаймои ширкати Skyroad Leasing-и Литва, ки зери ҳабс қарор доштанд, ба моликияти ширкати миллии ҳавойпаймоии Тоҷикистон – “ТоҷикЭйр” гузаштанд. Баъди анҷоми баҳси чандинсолаи молиявӣ ва ҳуқуқӣ байни ҳарду ҷониб. Дар ин бора зимни нишасти матбуотии рӯзи 23 июл мудири кулли ширкати “Тоҷик Эйр” Парвиз Шодмонзода хабар дод.

Шодмонзода зикр кард, ки ҳарду ҳавопаймои тамғаи Boeing, ки ба ихтиёри Тоҷикистон супурда шуданд, барои истифода коршоям буда, лекин ба таъмир ниёз доранд.

Ӯ илова намуд, ки ҳаллу фасли баҳс бо ширкати Skyroad Leasing дастоварди асосии ширкат тайи 15 соли ахир мебошад.

“Агар ин мушкил ҳал намешуд, ширкат наметавонист ба парвозҳои худ идома диҳад. Ҳалли масъалаи қарзи бузург ба ширкати хориҷӣ аввалин рӯйдод дар таърихи Тоҷикистон буда, барои рушди ҳавонавардӣ (авиатсия)-и кишвар аҳаммитяи таърихӣ дорад”, – иброз дошт Шодмонзода.

Дар натиҷаи имзои Созишномаи мусолиҳа аз 8 январи соли 2025, ки 21 майи соли 2025 аз ҷониби Додгоҳи ҳакамии шаҳри Маскав тасдиқ шуд, ҷонибҳо ба як қатор гузаштаҳо розӣ шуданд.

Яке аз бандҳои муҳими созишнома аз зери ҳабс хориҷ шудани ҳавопаймои Boeing 737-300 мебошад, ки соли 2019 зери ҳабс гирифта шуда, дар истгоҳи Фурудгоҳи байнулмилалии Внуково қарор дошт. Акнун он аз зери ҳабс озод шуда, ба Душанбе баргардонида мешавад.

Ба гуфтаи Шодмонзода, то аввали соли 2018 қарзи ҶСК “Тоҷик Эйр” ба ширкати UAB Skyroad Leasing 23 млн долларро ташкил медод, лекин бар асари фоизу пеняҳо, маблағи қарз дар соли 2024 то 36,6 млн доллар зиёд шуда буд. Дар натиҷа мушкили қарз ҳал шуда, ширкати Skyroad Leasing аз ҳамаи даъвоҳояш даст кашид ва инчунин ду ҳавопаймоеро, ки аз соли 2013 истифода намешуданд, ба ихтиёри ”ҶСК “Тоҷик Эйр” супурд.

“Пас аз анҷоми баҳси додгоҳӣ ҶСК “Тоҷик Эйр” дигар ба ширкати UAB Skyroad Leasing қарздор нест, – таъкид дошт ӯ. – Ин ба мо имкон медиҳад, ки ба парвозҳои байнулмилалӣ бидуни маҳдудият идома диҳем. Ҳамчунин барои ширкат, ки фаъолияти худро дар арсаи байнулмилалӣ барқарор мекунад, ин имкониятҳои нав фароҳам меорад”.

Тавре ки роҳбари ширкат зикр кард, акнун ҶСК “Тоҷик Эйр” фаъолона робитаҳои байнулмилалиро густариш дода, бо ширкати AIR DYNAMICS SOLUTION (ADS) аз Амороти Муттаҳидаи Араб ҷиҳати лизинги ҳавопаймоҳо ва таъсиси Маркази хидматрасонии техникӣ дар Тоҷикистон гуфтушунид дорад.

Дар ҷараёни гуфтушунид ҳамчунин масоили такмили ихтисоси ҳайати кормандони соҳаи ҳавонавардӣ баррасӣ шуд. Шодмонзода дар Париж инчунин бо ноиби президенти Airbus Шарбел Юзкатли (Charbel Yozkatli) дидору гуфтушунид кард, то ки масъалаи харидории чор ҳавопайморо тариқи лизини молиявӣ бааррасӣ кунад.

90 парвоз дар 6 моҳ

Дар ширкати “Тоҷик Эйр” ҳамчунин илова намуданд, ки дар 6 моҳи аввали соли 2025 аз ҷониби ҶСК “Тоҷик Эйр” тариқи ҳавопаймои Ан-28 дар хатсайрҳои маҳаллӣ 90 парвоз анҷом дода шуда, 2763 мусофир интиқол дода шуданд.

Дар зарфи 6 моҳи соли 2025 хатсайрҳои зерин ифтитоҳ ёфтанд:    

– Душанбе – Кӯлоб – Душанбе;

– Душанбе – Панҷакент – Душанбе;

– Душанбе – Рашт – Душанбе;

– Душанбе – Ховалинг – Душанбе;

– Душанбе – Ванҷ – Душанбе.

Бо мақсади таъмиру навсозии парки ҳавопаймоҳо барои анҷоми парвозҳои дохилӣ (маҳаллӣ) ва тадриҷан иваз намудани ҳавопаймои Ан-28 ба ҳавопаймои тамғаи L-410, раҳбарияти “Тоҷик Эйр” бо ноиби президенти консерни Omnipol-и Чехия Артём Мовсесян дар мавриди харидории ду ҳавопаймои навъи L-410 гуфтушунид мекунад.

Ин навъи ҳавопаймо 19 ҷойи нишаст дошта, ҳам барои хатсайрҳои маҳаллӣ ва ҳам минтақавӣ ба шаҳрҳои кишварҳои ҳамсоя (Самарқанд, Бухоро, Ош, Чимкент) мувофиқ буда, то 2 тонна борро интиқол дода метавонад. Инчунин барои интиқоли беморони хобида мувофиқи мақсад мебошад. Ҳавопаймоҳои L-410 худро боэътимод нишон дода, аллакай дар кишварҳои ҳамсояи Қазоқистон ва Ӯзбекистон мавриди истифода қарор дорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Фаротар аз имкон ва шикасти қолабҳо. Чӣ гуна як зани тоҷик беҳтарин варзишкор дар самти дастхобонӣ шуд?

На маъюбият ва на одатҳои суннатӣ натавонистанд монеи муваффақияту пирӯзиҳои ӯ бошанд.

Пайвандсозии узви инсон. Оё вақти иҷозаи истифода аз “донор”-и бегона фаро расидааст?

Имрӯз пайвандсозии узви инсон дар кишвар танҳо аз хешовандони наздик иҷоза аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.