“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Date:

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади ӯро рӯзи 5-уми феврал, баъди ду рӯзи бедаракшавӣ, аз дарё пайдо кардаанд, таҳқиқ мекунанд. Мудири мактабе, ки наврас дар онҷо таҳсил мекард, мегӯяд, Ёсинҷон бегоҳирӯзӣ бо мақсади ба варзишгоҳ рафтан, аз хона баромада, бедарак шуд. Писарбачаро бегоҳии 5-уми феврал ба хок супурдаанд.

Нахуст хабари гум шудани Ёсинҷон Бобоҷонов, хонандаи синфи 8-и мактаби рақами 67 дар шаҳри Исфара дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашру паҳн шуд. Корбарон навиштаанд, ки ӯ аз бегоҳии рӯзи 3-юми феврал бедарак шудааст. Ду рӯз баъд, 5-уми феврал, корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабари пайдо шудани ҷасади Ёсинҷонро нашр карданд.

Талоши мо барои суҳбат бо хонаводаи Ёсинҷон Бобоҷонов бесамар буд, аммо мудири мактаби рақами 67-и шаҳри Исфара 6-уми феврал, ба “Азия-Плюс” ҳодисаро тасдиқ кард ва баъзе ҷузъиёти онро гуфт. Ӯ гуфт, Ёсинҷон дар синфи 8 “а” дар басти дуюм таҳсил мекард ва рӯзи ҳодиса баъди итмоми дарс, ҳудуди соати 16:30 аз мактаб баромада, ба хонаашон рафтааст.

“Аз мактаб ба хонаашон рафта, хӯроки шомро хӯрда, барои рафтан ба зали варзишӣ иҷозати падару модарашро гирифта, бо дучархааш аз хона баромадааст. Вақти ба варзишгоҳ рафтан, хонаи дӯсташ рафтааст то якҷоя раванд, аммо рафиқаш гуфтааст, меҳмон доранд ва нарафтааст. Ӯ ҳам баъди ин ба самти варзишгоҳ нарафта, дар як кӯчаи “колхозчӣ”, ки аз маркази шаҳр дур аст, бедарак шудааст. Мутаасифона, дар он кӯча камера набудааст ва ягон шоҳид ҳам нест”,- гуфт мудири мактаб.

Ба гуфтаи манбаъ, хонаи Ёсинҷон аз маркази шаҳр дуртар буда, варзишгоҳе, ки мехостааст равад дар наздикии марказ қарор доштааст. Мудири мактаб мегӯяд, падари писарбача ҳамроҳи як омӯзгор дар бораи гум шудани фарзандаш ба мақомоти пулис муроҷиат кардааст.

“Рӯзи 4-уми феврал мақомот кофтанд, боз вақте, ки аз гум шудани Ёсинҷон 24-соат гузашт, дигар мақомоти дахлдорро ба ин кор вобаста карданд. Муассиса омаданд, ҳамроҳи ҳамсабақонаш сӯҳбат карданд, муфатишон саволу ҷавоб карданд. Кофтукоб шуд, мутаасифона рӯзи 5-уми феврал, соати 9:14 тариқи телефон хабар доданд, ки писарбачаро ёфтанд, аз  дарёчаи Исфара ва ӯ мурдааст”,- нақл кард номбурда.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Марги мармузи ду тан дар Душанбеву Рӯдакӣ ва худкушии як наврас дар Айнӣ дар як рӯз

Мудири ин мактаб мегӯяд, ҷасади Ёсинҷонро тақрибан 200-300 метр поёнтар аз ҷойе, ки нопадид шудааст, аз дарёчаи Исфара пайдо кардаанд. Ӯ мегӯяд, чун дар фасли зимистон маҷрои дарё кам шудааст, ҷасадро об набурдааст. Дучархаашро дар кӯчае, ки нопадид шудааст, аз назди мошини боркаш пайдо кардаанд.

“Ҳамроҳи омӯзгорон сардхона рафтем, ҷасадро дидем, бо сабаби дар об будан рӯю почаҳояш варам карда буданд. Аллакай табибон бадани ӯро аз ташхис гузаронида буданд. Падару модараш дар онҷо буданд. Дирӯз, соати 18:30-и бегоҳӣ ҷанозааш хонда шуд, одамони зиёд дар ҷанозааш иштирок карданд ва Ёсинҷонро ба хок супориданд”, – гуфт ҳамсуҳбати мо.

Ба гуфтаи мудири мактаб, Ёсинҷон бачаи боадаб, камгап ва оромтабиат будааст. Дар мактабе, ки писарбача таҳсил мекард, дирӯз мотам эълон шудааст ва сурати ӯро дар долони муассиса овехтаанд.

“Мақомот ҳодисаро тафтиш доранд, имрӯз (6-уми феврал) низ ба мактаб омаданд, сабти камераҳоро низ ба онҳо дастрас кардем. Ҳоло ягон хел хабар нест, мо ҳам интизор. Кӣ ин корро кард ва чаро кард? Ин саволе, ки ҳама ба якдигар дода истодааст, аммо мутаасифона ягон маълумоти аниқ нест”, – таъкид кард мудири мактаб.

Ба нақли мудири мактаб Ёсинҷон фарзанди дуюми хонавода буда, бародари бузурги ӯ дар хидмати ҳарбӣ будааст.

 

“Ҳодисаро додситонии шаҳр ва дигар мақомоти дахлдор таҳқиқ доранд”

Суруриддин Зиёваддинзода, муовини аввали раиси шаҳри Исфара низ ба “Азия-Плюс” ҳодисаи марги Ёсинҷонро тасдиқ карда, гуфт, ки ҳоло мақомоти дахлдор ҳодисаро таҳқиқ доранд.

“Ҳоло ин қазия барои ҳама муаммо аст. Мақомоти дахлдор ҳодисаро таҳқиқ карда истодаанд. Раиси шаҳр ва ҳамаи муовинон ба хонаашон рафтем ва ба волидайни писарбача таслият баён кардем”,- кӯтоҳ гуфт  Зиёваддинзода.

Аз Шуъбаи ВКД -1 дар шаҳри Исфара ба “Азия-Плюс” кӯтоҳ гуфтанд, ки ҳоло додситонии шаҳр ва дигар шуъбаҳои дахлдори корҳои дохилӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунанд. 

Ҳарчанд, тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, соли 2025 дар Тоҷикистон ҷинояти одамкушӣ ва сӯйиқасд ба куштор кам шудааст, аммо  ҳодисаҳои марги мармузи сокинони кишвар дар ду соли охир сару садои зиёд барпо карданд. Мақомот мегӯянд, дар 6 моҳи соли гузашта 28 ҳолати одамкушӣ ва сӯйиқасд ба ҷони одамон сабт шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли 2024, 13 ҳолат камтар будааст.

Дар ҳамин ҳол, охири моҳи августи соли гузашта роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон аз содиршавии ҷинояти одамкушӣ ва сари вақт ошкор нашудани онҳо дар кишвар нигаронӣ карда, аз зердастони худ талаб карда буданд, ки “қатлҳои солҳои гузашта, ки ҳануз кушода нашудаанд, таҳқиқ ва ошкор карда шавад”. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Ин ташвишовар аст”. Давоми як сол дар обҳои Тоҷикистон 180 нафар ғарқ шудаанд

Зарари офатҳои табиӣ ба иқтисоди Тоҷикистон, ғарқшавӣ ва мушили...