“Ин ташвишовар аст”. Давоми як сол дар обҳои Тоҷикистон 180 нафар ғарқ шудаанд

Зарари офатҳои табиӣ ба иқтисоди Тоҷикистон, ғарқшавӣ ва мушили набудани нуқтаҳои шиноварӣ, бунёди манзилҳои зист ба сокинони аз ҳодисаҳои табиӣ зарардида ва муҳоҷирони экологӣ аз мавзуҳои муҳиме буданд, ки дар нишасти матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандӣ баррасӣ шуданд. Соли 2025 дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон 180 нафар ғарқ шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи […]

Идибеки Саид, Asia-Plus

Зарари офатҳои табиӣ ба иқтисоди Тоҷикистон, ғарқшавӣ ва мушили набудани нуқтаҳои шиноварӣ, бунёди манзилҳои зист ба сокинони аз ҳодисаҳои табиӣ зарардида ва муҳоҷирони экологӣ аз мавзуҳои муҳиме буданд, ки дар нишасти матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандӣ баррасӣ шуданд.

Соли 2025 дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон 180 нафар ғарқ шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 як нафар зиёд будааст.

Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандӣ дирӯз, 6-уми феврал, зимни нишасти хабарӣ ин оморро “ташвишовар” хонда, гуфт, “нуқтаҳое, ки барои шиноварӣ иҷозат бошад, дар кишвар бисёр кам аст”.

“Мо соли 2025 пешниҳод кардем, ки дар ҷамоатҳо, ноҳияҳо ҳавзҳои шиновариро зиёд кунанд. Дар ҳақиқат фасли тобистон дар мо гарм аст. Хоҳ нохоҳ кӯдакон оббозӣ мекунанд. Барои ҳамин, нуқтаҳо барои шиновариро бояд зиёд кунем”, – гуфт Раҳмоналӣ Раҷабалӣ ва таъкид кард, ки барои кӯмак дар ин самт ба “шарикони рушд” низ муроҷиат кардаанд.

 

Ҳотамшо Латифзода, муовини аввали раиси Кумита рӯшанӣ андохт, ки “180 нафаре, ки ғарқ шудаанд, на ҳамаашон ҳангоми шиноварӣ буд”.

“Танҳо 40 нафар дар пайи риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ ғарқ шудаанд. Аз тарафи кормандони мо навиштаҷоти “Дар инҷо оббозӣ манъ аст. Ҳаёти худро зери хатар нагузоред” насб шудааст. Вале аз тарафи шаҳрвандон канда мешавад”, – гуфт Латифзода.

Аз теъдоди ғарқшудагон:

12 нафар то 4-сола;

26 нафар аз 5 то 10-сола;

33 нафар аз 11 то 16-сола;

66 нафар аз 17 то 35-сола;

43 нафар аз 35-сола боло.

Аз теъдоди умумии ғарқшудагон 32 зан ва 148 мард будаанд.

Ҳамчунин, давоми соли гузашта 40 нафари дигар наҷот дода шудааст.

Масъулини ин ниҳод сабабҳои асосии ғарқшавии шаҳрвандонро риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ, беназоратии волидон, беэҳтиётӣ, дарёфти ҷасадҳо, садамаҳои нақлиётӣ, худкушӣ, мастӣ ва касалии рӯҳӣ гуфтанд.

 

“Офатҳои табиӣ беш аз 20 млн сомонӣ зарар расонид”

Соли 2025 дар Тоҷикистон 287 ҳодисаи фавқулода ва офати табиӣ сабт шудааст. Раҷабалӣ Раҳмонзода гуфт, дар пайи он 6 нафар ҷон бохта, ба иқтисоди кишвар 20 миллиону 758 ҳазор сомонӣ зарар расидааст.

Ӯ зикр кард, ки соли 2024 дар кишвар 639 ҳолати фавқулода сабт шуда, зарари расида аз онҳо беш аз 161 миллион сомониро ташкил дода буд.

“Бар асари офатҳои табиӣ дар соли 2025 ҳамагӣ 676 хона, аз ҷумла 67 хона пурра, 283 хона қисман, 326 хона сабук, 161 иншооти ёрирасон, 4 иншооти хоҷагии халқ, 12 мактаб ва муассисаҳои томактабӣ, 3 дармонгоҳ ва ташхисгоҳ, 7 иншооти маданиву маишӣ, 23,1 км роҳи нақлиёт, 1 пули мошингузар, 358 метр иншооти соҳилмустаҳкамкунӣ, 5,2 км хатҳои интиқоли барқ, 22,8 км хатҳои обёрӣ ва каналҳо, 71,8 гектар зироатҳои хоҷагии қишлоқ зарар дидаанд”, – гуфт Раҷабалӣ Раҳмоналӣ.

Дар ин давра, барои оилаҳои зарардида 347 хонаи истиқоматӣ сохта шудааст.

Зикр шуд, ки аз ҳисоби бунёди раисҷумҳур ва ҳукумати кишвар 78 млн сомонӣ ба зарардидагон кӯмакҳои якдафъаинаи моддӣ, маводи хӯрока, ҷиҳози рӯзгор ва масолеҳи сохтмонӣ кӯмак расонида шудааст.

Раҷабалӣ Раҳмонзода ғарқ шудани ду сарбози Вазорати мудофиаро дар рӯдхонаи Вахш тасдиқ карда, гуфт, дар ҳамкорӣ бо ин вазорат чанд маротиба корҳои ҷустуҷӯӣ анҷом додаанд, вале ба гуфта ӯ, ягон натиҷа надодааст. Ин ду сарбоз моҳи июл дар ноҳияи Кушониён дар наздикии размоишгоҳи “Ҳарбмайдон” ғарқ шуда буданд.

 

Минтақҳои хавфнок 60 адад кам шудааст

Зимни нишаст ҳамчунин зикр шуд, ки шумораи минтақаҳои хавфнок дар кишвар кам шудааст. Ҷамшед Камолзода, сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди ин Кумита гуфт, соли 2022 дар кишвар 1 ҳазору 209 минтақаи хавфнок муайян шуда буд.

“Ҳоло 1 ҳазору 149 минтақаи хавфнок муайян шудааст ва 60 минтақаи дигар аз сабаби анҷом додани корҳои пешгирикунанда, соҳилбандӣ ва кӯчонидани аҳолӣ аз ин минтақаҳо ба ҷойи бехавф кам шуданд”, – гуфт Камолзода.

Ӯ ҳамзамон тавзеҳ дод, ки соли 2025 кӯчонидани 175 оила ба ҷойҳои бехавф ба нақша гирифта шуда буд ва кӯчонидани 174 оила тасдиқ шуд.

“161 оила бо қитъаи замин ва кӯмаки якдафъаинаи моддӣ ва қарзи имтиёзнок таъмин шуданд”, – зикр кард ӯ ва таъкид кард, ки ба 13 оилаи аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ қитъа замин ҷудо карда нашуд.

Ҳукумати Тоҷикистон инчунин нақша дорад, соли 2026 низ 175 оиларо аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои амнтар кӯчонад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.