Хуршед Файзуллозода, директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ имрӯз, 6-уми феврал, зимни нишасти хабарӣ гуфт, истифода ва истихроҷи рамзарз (криптовалюта) дар Тоҷикистон иҷозат аст ва биржаи расмӣ низ фаъолият мекунад.
Дар посух ба саволи рӯзноманигорон дар бораи маҳдудияти истифодаи рамзарз, Файзуллозода иброз дошт, ки дар Тоҷикистон “ягон қонуне нест, ки ин фаъолиятро манъ карда бошад”.
Ба гуфтаи ӯ, яке аз резидентҳои IT Park, дар доираи лоиҳаи санҷишие биржаи рамзарз таҳия кардааст.
“Бонкҳо метавонанд бо он ҳамгироӣ карда, дар реҷаи мустақим маблағро бо криптоасъор иваз кунанд ва онро аллакай қонунӣ истифода баранд. Онҳое, ки аз платформаҳои хориҷӣ истифода мекунанд, ғайриқонунӣ фаъолият доранд. Мумкин аст, аз ҳамин платформае, ки дар IT Park таҳия шудааст, аз қайд гузашта, истифода бурд”, – гуфт директори Агентӣ.
Ҳамчунин, Файзуллозода зикр кард, ки дар қонунгузорӣ истихроҷи рамзарз (майнинг) танзим нашудааст, аммо ҳоло “бо назардошти маҳдудияти барқ” дар кишвар, ба роҳ мондани истихроҷ ғайриимкон аст ва ҳоло мо расман чунин марказҳо надорем.
“Майнинг энергияи зиёдро талаб мекунад. Ҳоло дар афзалиятҳои ҳукумат таъмини барқ барои аҳолӣ ва дигар соҳаҳои саноат меистад. Дар оянда, ки барқи мо зиёд шуд, имкон дорад, ки аз он ҷумла, майнинг ва махзанҳои калон барои зеҳни сунъӣ [бунёд кунем]”, – гуфт ӯ.
Дар ҳамин ҳол, як манбаъ аз Агентӣ ба “Азия-Плюс” бо шарти ифшо нашудани номаш гуфт, ки бунёди марказҳои истихроҷи рамзарз то соли 2027, то бартараф шудани мушкилоти таъмини аҳолӣ бо барқ, баррасӣ нахоҳад шуд.
“Ҳамин ки аҳолӣ пурра бо барқ таъмин шавад, масъаларо аз нав мебинем. Ҳоло аз баъзе ширкатҳо пешниҳодҳо ҳастанд, аммо мо омода нестем”, – гуфт ҳамсуҳбати мо.
Бояд гуфт, ки рамзарз як навъи маблағи онлайнӣ аст, ки барои истеҳсоли он компютерҳои пуриқтидор ва интернетӣ босуръат лозим аст. Ҳамчунин, барои истеҳсоли он барқи зиёд масраф мешавад.
Моҳи декабри соли гузашта дар Тоҷикистон пешниҳод шуд барои истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ ҷиҳати истеҳсол (майнинг)-и дороиҳои маҷозӣ ё рамзарз ҷазо таъин шавад. Тибқи тарҳи тағйиру илова ба Кодекси ҷиноятӣ, барои ин амал аз 15 то 75 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё то 2-8 соли зиндон пешбинӣ мешавад.
Дар ҳамин ҳол, соли гузашта додситонии кишвар аз ошкор шудани ҳолатҳои васли ғайриқонунии таҳҷизоти истихроҷи рамзарз хабар дода, гуфт, он ба буҷети кишвар миллионҳо сомонӣ зарар овардааст.
Аз ҷумла, Варқаи Зайниддин, ёрдамчии калони додситони вилояти Хатлон ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки насби ғайриқонунии таҷҳизоти истихроҷи рамзарз дар шаҳри Левакант, минтақаи озоди иқтисодии Данғара ва ноҳияи Темурмалик ошкор шудааст.
Дар умум, зарар аз истихроҷи рамзарз ҳисобшуда 14 миллиону 600 ҳазор сомониро ташкил додааст.
Аммо маълум нест, ки нисбати ин кирдор бо кадом банди Кодекси ҷиноӣ парванда боз шудааст. Зеро то ҳол дар қонунгузории Тоҷикистон мушаххасан мафҳуми рамзарз истифода нашудааст ва истихроҷи он ҳам расман танзим нашудааст.
Маъмулан, дар чунин ҳолат, кирдори зикршуда ҳамчун истифодаи ғайриқонунии барқ бандубаст карда мешавад.


