Вазорати меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон эълон кард, ки қабули аризаҳо барои иштирок дар имтиҳони "EPS-TOPIK", ки марҳилаи ҳатмӣ барои бо кор таъмин шудан дар Корея мебошад, оғоз мешавад.
Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа, як ниҳоди тобеи вазорат мегӯяд, ҳуҷҷатҳо аз 2 то 5-уми март дар бинои ин ниҳод қабул гардида, барои пешниҳоди ариза бояд 330 сомонӣ маблағ супоранд.
Кӣ метавонад иштирок кунад?
Ба иттилои ин ниҳод, ба имтиҳон шаҳрвандони синни аз 18 то 38-сола, ки доғи судӣ надоранд ва пештар аз Кореяи Ҷанубӣ ихроҷ нашудаанд, роҳ дода мешаванд. Онҳо бояд вазъи солиими хуб ва бемориҳои сироятӣ надошта бошанд, инчунин мутобиқи талаботи низоми "EPS-TOPIK" забони кореягиро донанд.
Барои бақайдгирӣ ба аризадиҳандагон пешниҳоди рақами телефон, нусхаи шакли электронии шиносномаи хориҷӣ ва акси рангаи андозаи 3,5×4,5 лозим аст.
Дар Агентӣ таъкид мекунанд, ки ҳамаи маълумот бояд қатъиян бо забони лотинӣ ворид шуда, пурра ба шиносномаи хориҷӣ мувофиқ бошанд. Хатогиҳо зимни пур кардан метавонанд ба роҳ надодан ба имтиҳон ва рад кардани додани раводид сабаб шаванд.
Ҳуҷҷатҳо дар кӯчаи Лоҳутӣ, 80 -и Душанбе қабул карда мешаванд.
Маълумот барои иттилои бештар бо телефонҳои зерин дастрас аст: 221-39-83, 221-39-67, 930 934 994 (WhatsApp, Telegram).
Дар Агентӣ аз шаҳрвандон дархост кардаанд, ки бо шартҳои иштирок бодиққат шинос шуда, барои ба қайд гирифтан бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ ҳозир шаванд.
Кор дар Корея
Моҳи январи соли 2026 Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа дар бораи оғози бақайдгирии шаҳрвандон барои кор дар Кореяи Ҷанубӣ тибқи низоми давлатии "Employment Permit System" хабар дода буд.
Низоми EPS барои расман таъмин шудан бо кор дар Кореяи Ҷанубӣ бидуни миёнаравон имкон медиҳад. Муваффақона супурдани имтиҳони EPS-TOPIK аз забони кореягӣ шарти ҳатмӣ мебошад.
Пас аз имтиҳон номзадҳо аз интихоб гузашта, корфармоҳо дар Кореяи Ҷанубӣ кормандонро тариқи платформаи давлатӣ интихоб мекунанд. Бо номзадҳое, ки маъқул дониста мешаванд, шартномаи меҳнатӣ баста шуда, баъдан ба муҳлати то 5 сол раводиди кории категорияи Е-9 дода мешавад.
Соли 2025 Тоҷикистон ба барномаи EPS ҳамроҳ шуда, аллакай дар соли аввал даҳҳо шаҳрвандони кишвар муваффақона аз имтиҳон гузаштанд ва ба барои кор ба Кореяи Ҷанубӣ рафтанд.
Моҳи декабри соли 2025 барои довталабон дар Душанбе маркази омӯзиши забони кореягии "Titan Training Center" боз шуд. Дар ин ҷо номзадҳоро ба имтиҳони "EPS-TOPIK" бо истифода аз методикаҳои муосир бо шумули технологияҳои рақамӣ омода мекунанд.
Кореяи Ҷанубӣ тайи солҳои ахир фаъолона қувваи кориро ба бахши истеҳсолӣ ҷалб мекунад ва иштироки Тоҷикистон дар барномаи EPS ҷиҳати муҳоҷирати кории қонунӣ барои шаҳрвандони кишвар имкониятҳои нав фароҳам меорад.



