Дар Душанбе барои кор дар Кореяи Ҷанубӣ маркази омӯзиши забони кореягӣ боз шуд

Дар Душанбе як маркази таълимии нав бо номи "Titan Training Center"боз шуд, ки дар он сокинон метавонанд забони кореягӣ омӯзанд ва ба кор дар Кореяи Ҷанубӣ омодагӣ гиранд. Марказ дар доираи лоиҳаи "Titan: Tajikistan" дар ҳамдастӣ бо ширкати байнулмилалии таълимии "NSDevil" таъсис дода шудааст. Ҳадаф аз ифтитоҳи марказ, кумак ба шаҳрвандони Тоҷикистон ҷиҳати азхудкунии донишҳои нав, пеш […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар Душанбе як маркази таълимии нав бо номи "Titan Training Center"боз шуд, ки дар он сокинон метавонанд забони кореягӣ омӯзанд ва ба кор дар Кореяи Ҷанубӣ омодагӣ гиранд. Марказ дар доираи лоиҳаи "Titan: Tajikistan" дар ҳамдастӣ бо ширкати байнулмилалии таълимии "NSDevil" таъсис дода шудааст.

Ҳадаф аз ифтитоҳи марказ, кумак ба шаҳрвандони Тоҷикистон ҷиҳати азхудкунии донишҳои нав, пеш аз ҳама забони кореягӣ ва дарёфти имконот барои бо кор таъмин шудан дар берун кишвар унвон мешавад.

 

Чаро ин муҳим аст?

Кореяи Ҷанубӣ яке аз кишварҳоест, ки ба қувваи кории хориҷӣ ниёз дорад. Барои кор дар он ҷо донистани забони кореягӣ ва супурдани имтиҳонҳои махсуси забондонӣ лозим аст. Масъулини "Titan Training Center" мегӯянд, ин марказ "ҷиҳати омодагӣ гардидан ба ин талабот кумак карда, имкони корҷӯёнро барои шуғл дар ин кишвар зиёд мекунад".

Омӯзиши забони кореягӣ имрӯз на танҳо имкони дарёфти кор, ҳамчунин, имкони дарёфти малакаҳои нав ва баланд бардоштани сатҳи тахассус аст.

 

Омӯзиш чӣ гуна ҷараён мегирад?

Дар марказ платформаи муосири "Titan Center" истифода мешавад, ки аз давраҳои омӯзишӣи забони кореягӣ, маводи рақамии таълимӣ, технология бо таркибҳои ҳуши маснӯӣ, абзору воситаҳо барои омодагӣ ба имтиҳони "EPS TOPIK" иборат аст.

Шин Син Ён, мудири стратегияи глобалӣ ва таҳқиқоти ширкати "NSDevil" мегӯяд, лоиҳа барои шаҳрвандони Тоҷикистон имконоти нав фароҳам меорад:

“Мо хостори онем, ки сокинони Тоҷикистон тавонанд дар бозори байнулмилалии кор рақобат кунанд. Технологияи муосир ва таълими рақамӣ ба баланд бардоштани сифати таълим мусоидат намуда, ба сӯи касбҳои нав роҳ мекушоянд”.

Меҳрангез Тошматова, намояндаи "Titan Training Center" дар Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳадафи мо на танҳо дар омӯзиши забон, балки кумак ба одамон барои муваффақона супурдани имткиҳонҳо ва омода гардидан ба кор дар Кореяи Ҷанубӣ имфода меёбад.

Дар Тоҷикистон норасоии омӯзгорони забони кореягӣ эҳсос мешавад. Барои ҳалли ин мушкил, дар "Titan Training Center" платформаи махсуи дорои таркибҳои ҳуши маснӯӣ истифода мешавад. Он ба омӯзгорон ҷиҳати роҳандозии пурсамари машғулиятҳо, инчунин ба донишҷӯён барои бештар азхудкунии мавод ва пайгирии пешрафти худ кумак мекунад.

 

Робита бо барномаи давлатии EPS

Кори марказ бо барномаи давлатии "Employment Permit System" (EPS) робитаи зич дорад. Ин барнома ба шаҳрвандони Тоҷикистон имкон медиҳад, ки расман дар Кореяи Ҷанубӣ ба кор машғул бошанд.

Барои шомил гардидан ба барнома, довталабон бояд ин амалҳоро анҷом диҳанд:

– имтиҳонҳои забони кореягӣ (EPS TOPIK)-ро супоранд;

– аз санҷиши малакаҳои касбӣ муваффақона гузаранд.

Пас аз ин маълумоти номзадҳо ба низоми махсус ворид мешаванд, ки дар он корфармоёни кореягӣ кормандонро интихоб мекунанд. Зимни имзои шартномаи меҳнатӣ ба корманд раводид (виза)-и кории Е-9 ба муҳлаи то 5 сол дода мешавад.

Соли 2025 даҳҳо шаҳрвандони Тоҷикистон аз имтиҳонҳо тибқи барномаи EPS гузаштанд. Мутахассисон зикр мекунанд, ки чунин натиҷаҳо дар фурсати хеле кӯтоҳ – камтар аз як сол ба даст оварда шудааст, ки миёни кишварҳои иштирокчии барномаи EPS аҳёнан рух медиҳад.  

 

Ба куҷо метавон муроҷиат кард?

Шаҳрвандони хостори дарёфти кори расмӣ дар Кореяи Ҷанубӣ ва омода ба омӯзиши забони кореягӣ, метавонанд ба Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа муроҷиат кунанд:

шаҳри Душанбе, кӯч. Лоҳутӣ, 80.

Тел. 221-39-67, 221-39-83

WhatsApp / Telegram: +992 930934994

Суроғаи маркази таълимӣ:

ш. Душанбе, кӯчаи Аҳрорӣ, 140/1, маҷмааи хидматрасонии «Пойтахт-80»

Тел. +992 552192222.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.