НАВШУДА: Трамп оғози “амалиёти размӣ”-и Амрико алайҳи Эронро тасдиқ кард

Asia-Plus

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико тасдиқ кард, ки кишвараш "амалиёти размии густурда алайҳи Эронро" оғоз кардааст. Ӯ ҳамагӣ чанд лаҳза баъд аз ҳамлаи Исроил ба чанд шаҳри Эрон аз оғози "амалиёти размӣ" хабар дод. Доналд Трамп дар як муроҷиати видеоии худ, ки бештар аз 8 дақиқа идома мекунад, гуфт, ки "ҳадафи мо дифоъ аз мардуми Амрико аз […]

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико тасдиқ кард, ки кишвараш "амалиёти размии густурда алайҳи Эронро" оғоз кардааст. Ӯ ҳамагӣ чанд лаҳза баъд аз ҳамлаи Исроил ба чанд шаҳри Эрон аз оғози "амалиёти размӣ" хабар дод.

Доналд Трамп дар як муроҷиати видеоии худ, ки бештар аз 8 дақиқа идома мекунад, гуфт, ки "ҳадафи мо дифоъ аз мардуми Амрико аз тариқи аз байн бурдани таҳдидҳои қарибулвуқуъ аст”.

“Ҳадафи мо – маҳви таҳдидҳо аз сӯйи Эрон ва ҳимояи мардуми Амрико аст. Онҳо ба Иёлоти Муттаҳида, ҳамсоягони мо, пойгоҳҳои мо дар хориҷ ва муттаҳидони мо дар тамоми ҷаҳон таҳдид мекунанд”, – гуфт Трамп.

Дар ҳамин ҳол, “Ню-ЙоркТаймс” гузориш додааст, ки дар ҳамла ба Эрон ҳавопаймоҳои Амрико иштирок доранд. Ин расона навиштааст, ки ҳавопаймоҳои амрикоӣ, ки дар пойгоҳҳои Ховари Миёна ва новбарҳо ҷойгир шудаанд, ба Эрон зарба мезананд.

Ин паёми Трамп чанд лаҳза баъд аз хабари расонаҳо дар бораи ҳамлаи Исроил ба Эрон нашр шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Ройтерз”, Вазорати дифои Исроил гуфтааст, ки ин кишвар чанд лаҳза пеш ҳамлаи пешгиронаи мушакие ба Эрон анҷом додааст.

Артиши Исроил эълон кардааст, ки дар саросари кишвар бонги хатарро ба садо даровардаст, то "мардумро барои эҳтимоли партоби мушакҳо ба Исроил омода созад".

Дар ҳамин ҳол, расонаҳои Эрон аз чанд таркиш дар Теҳрон гузориш додаанд. Хабаргузории “Форс” аз дасти кам се инфиҷор дар маркази Теҳрон хабар дода, навиштааст, ки гузоришҳои аввалия нишон медиҳанд, ки якчанд мушак ба хиёбони Донишгоҳва маҳудудаи Ҷумҳурӣ партофт шудааст.

Мақомоти Эрон то ҳол расман вокунише накардаанд. Ҳамин тар ҳоло паёмади ин таркишҳо маълум нест. Танҳо баъзе расонаҳои русӣ бо такя ба манобеи худ менависанд, ки "Эрон дар соатҳои наздик ба ин ҳамлаҳо посух мегӯяд".

Ҳоло Исроил фазояшро баста, ба посухи Эрон омода мешавад. Ироқ ҳам эълон кард, ки фазояшро бастааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Як сокини Кӯлоб барои содир кардани чанд ҷиноят 23 сол равонаи зиндон шудааст

Аз ҷумла ӯ, ба муомилоти беш аз 100 кг маводи мухаддир гунаҳкор дониста шуд.

Раиси Созмони истихбороти Сипоҳи посдорони Эрон ҳам дар пайи ҳамлаи Исроилу Амрико кушта шудааст

Ӯ соли гузашта пас аз кушта шудани Муҳаммад Козимӣ, раиси пешини Созмони иттилооти Сипоҳ ба ин мансаб таъин гардида буд.

Мақомот бори аввал ҷузъиёти куштори ду зану як кӯдак дар Кӯлобро шарҳ доданд

Додситонии Кӯлоб бар зидди Валӣ Сафаралӣ, шавҳари яке аз занони кушташуда барои одамкушӣ парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.

“Дар сарҳад мушкили ҷиддии амниятӣ вуҷуд надорад”. Сафири Тоҷикистон дар Афғонистон дар ҳамоише дар Кобул суханронӣ кардааст

Дар муколамаи машваратии “Афғонистон ва Осиёи Марказӣ”, ки дирӯз дар Афғонистон гузашт, кӣ чӣ гуфт ва кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Вазорати тандурустӣ мегӯяд, барои сокинон “ташхису муоина ва машварати ройгон” ба роҳ мемонад

Ин ниҳод мегӯяд, сокинони кишвар имкон доранд, 3 рӯз аз ташхису муоинаи ройгон истифода кунанд.

Посухи Муҳаммадбоқир Қолибоф ба зарбулаҷали навбатии Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба нерӯгоҳ ва пулҳои Эрон

Трамп барои музокира бо Эрон то рӯзи чоршанбе, соати 3:30 ба вақти Теҳрон ва 5-и субҳ ба вақти Душанбе муҳлат додааст.