Дар назди мактабҳои ноҳияи Рӯдакӣ зерсохтори бехатарӣ дар роҳ пайдо шуд

Дар ноҳияи Рӯдакӣ лоиҳаи “Минтақаҳои бехатари мактабӣ” ба анҷом расид, ки барои беҳбуди сатҳи огаҳӣ ва таҷриба дар соҳаи бехатарии ҳаракат дар роҳ миёни хонандагон ва ҷавонон равона шудааст. Лоиҳа дар се мактаби санҷишии ноҳияи Рӯдакӣ – №1, №15 ва №85 татбиқ шуд. Он аз ҷониби созмони ҷамъиятии “Насли навраси Тоҷикистон” бо мусоидати бевоситаи ҳукумати […]

Варақаи иттилоотии созмони ҷамъиятии “Насли навраси Тоҷикистон”

Дар ноҳияи Рӯдакӣ лоиҳаи “Минтақаҳои бехатари мактабӣ” ба анҷом расид, ки барои беҳбуди сатҳи огаҳӣ ва таҷриба дар соҳаи бехатарии ҳаракат дар роҳ миёни хонандагон ва ҷавонон равона шудааст.

Лоиҳа дар се мактаби санҷишии ноҳияи Рӯдакӣ – №1, №15 ва №85 татбиқ шуд. Он аз ҷониби созмони ҷамъиятии “Насли навраси Тоҷикистон” бо мусоидати бевоситаи ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ, раёсати маорифи ноҳия, роҳбарони мактабҳо ва шуъбаи БДА дар ин ноҳия амалӣ шуд. Дар татбиқи лоиҳа FIA Foundation (Федератсияи байнулмилалии автомобилӣ) ва EASST (Эътилофи шарқ ба хотири нақлиёти бехатар ва устувор) кумак кардаву саҳм гузоштанд.

Ҳамагӣ дар доираи лоиҳа зиёда аз 700 хонандаи синфҳои 5-7-ум аз давраи омӯзишӣ гузаштанд. Дар ҳар кадоме аз мактабҳои зикршуда гурӯҳҳои Нозири навраси роҳҳо (ННР) таъсис дода шуданд. Хонандагоне, ки аз давраи омӯзишӣ гузаштанд, акнун худашон дар мактаб риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва рафтори бехатар дар кӯчаву роҳҳоро тарғиб намуда, инчнуин дарсҳои кушод мегузаронанд. Барои баргузор намудани чунин дарсҳо ба нозирон дастурамалҳои махсуси таълимӣ ва аёнӣ оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳҳо, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми ҶТ тасдиқ карда шудааст, тақдим карда шуд. Ба ин маҷмӯа дастурамалҳо барои кӯдакони синни то 6-сола, 6-11-сола ва 12-14 сола дохил мешаванд. Ғайр аз ин, нозирони наврас бо либосҳои махсуси инъикосгари рангҳо, чӯбдасти танзимгарони ҳаракат ва сарпӯшҳо таъмин шуданд.

 

Ҳамчунин дар доираи лоиҳа дар назди мактабҳо қитъаҳои пиёдагард, аломатҳои “эҳтиёт кӯдакон” ва маҳдудкунандаи суръати ҳаракати автомобилҳо то 40 км/соат гузошта шуданд. Дар қад-қади роҳ бошад, панҷараҳои оҳанин гузошта шуда, болои ҷуйборҳоро пӯшониданд.

Тавре ки мудири лоиҳаҳои ТҶ “Насли навраси Тоҷикистон” Дилшод Холматов зикр кард, дар ин ташаббус бунёди асосу замина ҷиҳати пешбурди устувори бехатарии ҳаракат дар роҳ барои кӯдакон пешбинӣ шудааст. Ин тадбирҳо аз бевосита таъмин кардани мактабҳо бо захираҳои зарурӣ, ҷалби хонандагон, беҳбуди сатҳи огаҳӣ тариқи чорабиниҳои иттилоотӣ ва корзори гуногун иборат аст.

 

“Дар доираи лоиҳаи “Минтақаҳои бехатар назди мактабҳо” зерсохтори марбута барои бехатарии ҳаракат дар роҳ таъмин карда шуд. Барои пешгирии ҳодисаҳои нохуш бо иштироки кӯдакон минтақаҳои пиёдагард, инчунин аломатҳои “Кӯдакон” ва маҳдудияти суръати ҳаракат насб шуданд. Акнун ба туфайли кумаки ТҶ “Насли навраси Тоҷикистон” ва омӯзиши нозирони навраси роҳ, мо аз бехатарии кӯдакони худ ташвишу нигаронӣ надорем ва барои ин аз онҳо хеле миннатдорем”, – мегӯяд мудири мактаби №85-и ноҳияи Рӯдакӣ Мунавварова М.

Мудири мактаби №1 Абдураҳмонова М. ба ҷуз миннатдорӣ ба дастандаркорони лоиҳа барои кумак ва таълими хонандагон, инчунин ба ҳамкории пурсамари минбаъда изҳори умедворӣ кард. Ӯ миннатдории худро бахусус барои дастурамалу китобҳо, ки дар кори минбаъда оид ба таъмини бехатарӣ ва баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон дар ин самт хеле заруранд, изҳор намуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.